Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
24 май 10:55АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МАЪМУРИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ «ФАРХОР»
Дар партави тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз ҷараёни сохтмони бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Фархор» боздид ба амал овард.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, сохтмони иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, дар масоҳати 0,20 гектар замин идома дорад.

Маблағи умумии лоиҳа беш аз 18 миллион сомониро ташкил дода, то 1 майи соли равон 59 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. Танҳо дар чор моҳи аввали соли 2025, беш аз 900 ҳазор сомонӣ барои анҷоми марҳилаҳои навбатии сохтмонӣ равона гардида, иҷроиш пурра таъмин шудааст.
Иншоот бо тарҳи муосири ҶСК “Корезлоиҳа” дар панҷ ошёна бунёд гардида, дар баробари фароҳам овардани муҳити кории замонавӣ барои кормандони мақомоти маҳаллӣ, ҳамчун маркази хизматрасонӣ барои аҳолӣ низ фаъолият хоҳад кард. Дар ошёнаҳои аввал утоқҳои корӣ ва толори маҷлис, дар сатҳҳои боло ошхона, дорухона, сартарошхона, мағоза, утоқҳои хоб ва шароити муносиб барои қабули меҳмонон пешбинӣ шудааст.
Айни ҳол корҳои калидии сохтмонӣ ба монанди насби тирезаҳо, рангубори дохилию берунии бино ва пушонидани бом анҷом ёфтаанд. Корҳо таҳти назорати фармоишгари лоиҳа Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва бо пудратчигии ҶДММ “Имрон иншоот” ҷараён доранд.

Гуфта мешавад, бино тибқи нақша дар семоҳаи чоруми соли 2025 ба истифода дода мешавад.
Иҷрои пурраи ин лоиҳа на танҳо сатҳи хизматрасонии мақомоти маҳаллиро боло мебарад, балки ба беҳтар гардидани зиндагии аҳолӣ ва рушду тавсеаи инфрасохтори деҳот такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



