Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
23 май 10:01АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ
Фестивали тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол дар варзишгоҳи “Вахш”
Бо ибтикори Клуби футболи “Вахш” ва ҳамоҳангӣ бо шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар, ба ифтихори Рӯзи байналмилалии футбол дар варзишгоҳи марказии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ин ҷашнвора роҳбари Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бозингарони дастаи “Вахш”, кӯдакон, мураббиён, ҳаводорони футбол ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Фестивал бо намоишҳои варзишӣ, машқҳои оммавӣ, мусобиқаҳои шавқовар ва баромадҳои варзишии кӯдакон рангу таровати бештар пайдо кард. Ҳамчунин, ба кӯдакони ширкаткунанда туҳфаҳои ёдгорӣ супорида шуданд, ки лаҳзаҳои шодиву фараҳро барои онҳо фароҳам овард.
Дар доираи чорабинӣ Ҳикматулло Шамсуддинов, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастаи “Вахш”-и шаҳри Бохтар, иброз дошт:
«Рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол бо пешниҳоди Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ як падидаи муҳим ва сарнавиштсоз барои олами футбол маҳсуб меёбад.

Ин сана ба ҳайати дастаи “Вахш” рӯҳия ва неруи тоза мебахшад, то дар роҳи пешрафти футбол, таълиму тарбияи насли ҷавон ва баланд бардоштани маҳорати бозингарон талоши бештар намоем.
Мо, ҳамчун яке аз дастаҳои боэътимод ва пуршарафи кишвар, ҷонибдории самимии худро аз ин иқдоми дурбинона баён менамоем ва итминон дорем, ки Рӯзи ҷаҳонии футбол ба василаи рушди ҳамкориҳо, ҷалби наврасону ҷавонон ба футбол ва таҳкими мақоми Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонии варзиш табдил меёбад».
Чунин тадбирҳои варзишӣ бешубҳа ба густариши футбол дар сатҳи маҳаллӣ ва тарғиби ҳаёти солим миёни ҷавонон мусоидат менамоянд.
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо



