Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 апр 13:43АСОСӢ / Ахбор / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот
ПАДИДАИ БЕНАЗИР ДАР ХАТЛОН
Дар маркази вилояти Хатлон маросими “Рӯзи даъватшаванда” бо шукӯҳ ва тантанаи хос баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршаванда аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, волидайни онҳо, роҳбарияти вилоят ва дигарон иштирок доштанд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ барои ҳар як ҷавонмард мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат мебошад. Бо дарки масъулияти бузурги ватандорӣ ҷавонони вилояти Хатлон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинии “Рӯзи давъватшаванда” фаъолона иштирок намуданд.
Ба хотири ин рӯйдоди муҳими сиёсиву иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар роҳпаймоии ботантана ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Ҷавонони сафарбаршаванда аз назди комиссариати ҳарбии вилоят бо парчамҳо ва шиорҳои тараннумгари ватандӯстӣ ҷониби варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Хусрав роҳпаймоӣ намуданд, ки дар чеҳраи ҳар нафар болидарӯҳӣ, ҳисси ифтихор ва ғурури миллӣ бараъло эҳсос мешуд.
Дар ин лаҳзаҳо хурду бузурги шаҳри Бохтар ба кӯчаи марказии шаҳр баромада, бо қарсакҳои пурмавҷ сафарбаршавандагонро офарин гуфта, иқдомашонро ҷонибдорӣ ва боиси ифтихор донистанд.
Дар варзишгоҳ маросими бошукӯҳи гусели сарбозон доир гардид.
Комисари ҳарбии вилояти Хатлон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат намудани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбиро қироат намуд.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин чорабинӣ иштирок намуда, ба ин муносибат ҷавонони сафарбаршаванда ва волидони онҳоро табрик намуда, ба онҳо барои чунин фаъолмандӣ аҳсан гуфт. Ӯ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳро яке аз марҳилаҳои муҳими ҳаёти ҳар як ҷавон дониста, таъкид кард, ки ин як мактаби ҷасорат, мардонагӣ ва садоқат ба Ватан мебошад.

Раиси вилоят гуфт, ки артиш ҳамеша сипари боэтимоди давлат ва гарави сулҳу субот аст. Хизмат натанҳо масъулият, балки шарафи ҳар як ҷавони огоҳ ва ватандӯст мебошад. Раиси вилоят ба падару модарон муроҷиат карда гуфт, ки Шумо бо тарбияи фарзандони ҷасуру шуҷо ва ватандӯст рисолати муқаддаси худро баҷо оварда, барои ояндаи давлату миллат хизмати бузургеро анҷом додед.
Ҳамзамон, раиси вилоят иброз дошт, ки ҷаҳони имрӯза бо таҳдидҳо ва хатарҳои нав рӯбарӯ аст. Бесуботии сиёсӣ, муборизаҳои геополитикӣ афзоиши гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ амнияти ҳар кишварро зери хатар қарор додааст. Дар чунин шароит Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлат ва миллат бояд ҳамеша омода бошад.
Пас аз суханронии раиси вилоят машқи ҳарбии сарбозон намоиш дода шуд. Ҳамзамон маросими анъанавии нонгазон баргузор гардид. Модарону падарон бо ифтихор фарзандони худро барои адои хизмати ҳарбӣ гусел намуда, ба онҳо дуои нек доданд.
Барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони вилоят идома ёфт. Баромади овозхонҳо, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳнаҳои махсуси театрӣ ба чорабинӣ шукӯҳи хоса бахшиданд.
Тибқи иттилои масъулон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар рӯзи аввал – 1-уми апрел ба пуррагӣ иҷро гардида, ҷавонон бо ҳисси баланди масъулияти ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд.
Бори дуюм аст, ки дар вилояти Хатлон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар рӯзи аввал комилан иҷро мешавад, ки ин нишондиҳанда аз омодагии сатҳи баланди ҷавонон ва тақвияти корҳои тарбиявию ватандӯстӣ миёни онҳо шаҳодат медиҳад.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
ФАРЗАНДИ ШУҶОЪ 12:51ТАЛОШИ САБЗ, ҲОСИЛИ ЗАРД Ё ҚИССАИ ЯК БАНАНПАРАВАР 12:43БИЁ, МО НАРАВЕМ 13:06ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ "ЛИБОСИ МИЛЛӢ - ОСОРИ ТАМАДДУНИ ҶАҲОН" ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13:01БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ 10:59ХАТЛОН. РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБАИ ТОҶИКИСТОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 14:02ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР ОБТАЪМИНКУНӢ 14:07ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО 13:59
Серхонандаҳо
БАРОИ “БЕҲТАРКУНИИ НИЗОМИ ОБТАЪМИНКУНӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН” 4,8 МИЛЛИОН ЕВРО ҶУДО МЕШАВАД
ПАНҶ. ИММУНИЗАТСИЯ БЕШ АЗ 70 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ
ҶАЙҲУН. БЕШ АЗ ЯК КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАҚШАИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ИҶРО ШУД
ҶАВОН ВА ВАТАН: МАСЪУЛИЯТ, ДОНИШ ВА САДОҚАТ
ХАТЛОН: НАЗДИК БА 80% ДУХТАРОНИ СИННИ 10 – 14-СОЛА ИММУНИЗАТСИЯ ШУДАНД
БОХТАР. МУМФАРШ ВА ЧАРОҒОНКУНИИ 1,2 КИЛОМЕТР РОҲ
ЭЪЛОН. "ҚАЛАМИ ДОНИШҶӮ"
ХУТТАЛИ ҚАДИМ – ГАНҶИНАЕ ДАР РӮЙХАТИ ЮНЕСКО
ФАРРУХЗОДАҲОИ МИЛЛАТ



