Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН: ИНТИХОБОТИ АЪЗОИ ММ МО ҶТ
Дар Қасри фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар ҷаласаи якҷояи ҳамаи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ дар вилояти Хатлон рақами 3 баргузор гардид, ки дар он ҳамагӣ панҷ номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуданд.
Дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Хатлон №3 541 вакил аз Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Комиссияи ҳавзавии интихобот барои баргузории интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешида, шароити мусоидро барои овоздиҳии озоду шаффоф фароҳам овард. Қитъаҳои овоздиҳӣ бо тамоми воситаҳои зарурӣ таъмин шуда, шароити мусоид барои ҳар як вакили интихобкунанда муҳайё гардид.
Тибқи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ҳамаи номзадҳо дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Хатлон №3 ба қайд гирифта шуда, дар иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он панҷ нафар - Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Кӯшониён, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Темурмалик, Ховалинг ва Шамсиддин Шоҳин, Назирӣ Зариф Вализода, раиси ноҳияи Фархор – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Данғара, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Балҷувон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Ёвон – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Ёвон, Хуросон ва Абдураҳмони Ҷомӣ, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён – аз ҷониби Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Панҷ пешбарӣ гардидаанд.
Овоздиҳӣ дар интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври пинҳонӣ сурат гирифт. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои озоду шаффоф ва мутобиқ ба талаботи қонунгузорӣ баргузор гардида, натиҷаи он бозгӯйи раванди демократӣ ва иштироки фаъоли вакилони мардумӣ буд.
Ҳамаи номзадҳо аксари овозҳои вакилони интихобкунандаро ба даст оварда, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Баъд аз эълони натиҷаҳои овоздиҳӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид суханронӣ намуда, аҳамияти ин интихоботро дар таҳкими қонунгузорӣ ва идомаи рушди кишвар таъкид карданд. Зикр гардид, ки вакилони интихобшуда таҷрибаи бойи роҳбарӣ ва масъулияти баланди сиёсӣ дошта, метавонанд дар рушду пешрафти қонунгузории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» 12:11ШАРАФ БА ПЕШВО 12:07“АНЪАНАҲОРО ҲИФЗУ ОЯНДАРО БУНЁД МЕКУНЕМ” 11:59ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ 11:48ВАҲДАТ – ЗАМИНАИ СУБОТИ МИЛЛӢ 13:46
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



