Бойгонӣ
Апрель 2025 (24)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

ПЕШАИ ПУРИФТИХОР

Бо Тоҷинисо Комилова, мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш, ҳамзамон, омӯзгори собиқадор, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи методикаи таълим ва роҳнамоиҳои муҳим барои муаллимони ҷавон мусоҳиба анҷом додем. Ҳар сухани омӯзгори аз таҷрибаи солиён дар ин ҷода бардоштааш, раҳнамо барои омӯзгорони ҷавон аст.

- Ба симати омӯзгори соҳибтаҷриба нақши тарбиятгарро дар рушду пешрафти ҷомеа чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
– Омӯзгор дар пешрафту ояндаи ҳар як ҷамъият нақши бениҳоят бузург мебозад ва рисолати муқаддаси омӯзгор аст, ки насли наврасро ҳамчун ниҳоли наврӯидаи ҷомеа дуруст тарбия намояд. Яъне, ниҳол дар айни нумуъ ба кадом тарафе моил бошад, ҳамон гуна шакл мегирад ва аз ин рӯ, агар омӯзгор дар тарбияи насли наврас ба иштибоҳ роҳ диҳад, натиҷаи он дар зиндагии оянда шогирдонаш намоён хоҳад шуд. Шахси омӯзгор ҳамеша дар ҷустуҷӯи беҳтарин роҳҳои таълим буда, дар замири толибилмон меҳру муҳаббат ба илму донишандӯзӣ ахлоқи некро бедор мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки:
Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.

– Ба мазмуни ҳамин шоҳбайти ёдрас намудаатон, мегуфтед, ки устодонатон дар тарбияву ташаккули ҷаҳонбинии шумо чӣ нақше доранд?
– Тавре бузургон фармудаанд;
Қадри устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст.
Дарвоқеъ, дар тарбияи инсон аз волидон дида шахси омӯзгор бартарӣ доранд, зеро агар падару модар ба мо ҳаёт бахшида бошанд, омӯзгорон ба мо на танҳо дониш медиҳанд, балки монои чароғи раҳнамои роҳи моро дар зиндагӣ равшанӣ мебахшанд. Шогирдон алфози ширин, меҳру муҳаббат, ростқавлӣ ва инсонгариро аз омӯзгори асил меомӯзанд. Дар ҳаёти ман устодам равоншод Маҳмадраҳим Салимов нақши бағоят муҳим доранд. Он кас на танҳо ба мо дониш, балки муҳаббат ба касби омӯзгориро бахшиданд. Бо меҳрубонӣ, дониши амиқ ва ахлоқи намунавӣ маро ба ин касби пуршараф ҳидоят кардаанд. Маҳз самараи ҳамон заҳматҳои омӯзгор буд, ки мо, шогирдонашон дар минбарҳо бо забони бурро ҳарф мегӯем.

– Барои мақоми худро дар ҷомеа пайдо кардан ва миёни ҷомеа, бахусус, шогирдони худ маҳбубият пайдо кардан, шумо ба омӯзгорони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
– Омӯзгор бояд ҳамеша ҷӯяндаву созанда бошад ва тариқи бозомӯзиву такмили касбият аз навгониҳои соҳа бархӯрдор гардад. Омӯзгори асил бо рафтору гуфтори ибратомӯзи хеш насли ояндаро месозад ва дар ҳар қадами зиндагӣ масъулияти муҳим бар зимма доштаашро эҳсос менамояд. Зеро як лаҳзаву соати бетаваҷҷуҳии омӯзгор дар ифои рисолати ба уҳда доштааш, боиси тағйир ёфтани афкори насли наврас нисбат ба донишандӯзӣ шуда метавонад. Чаро ки наврасону кӯдакон дили бекина дошта, сухани омӯзгори аввалинро ба худ қонун медонанд. Аз ин рӯ, муаллим бояд дар баробари илму донишандӯзӣ ба шогирдонаш хислатҳои ҳамидаи инсониро омӯзад, дар кори таълиму тарбия аз панду андарзҳои бузургони миллат истифода барад. Мисол, панди Унсурулмаолии Кайковус, ки шахси бесаводро ба се табақа – кару гунг ва нобино ҷудо намудааст, хеле ҷолиб аст. Баробари шунидани ин панд ҳамагон ба фикр фурӯ мераванд. Кар ба маънои ҳарчанд ба ӯ омӯзонанд намешунавад, кӯр ба маънои чашмони калони бино дорад, аммо намебинад ва гунг бошад забони бурро дораду фикрашро баён карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, шахси бесаводро ба хори мағелон ташбеҳ додааст.

– Мегуфтед, ки дар рафти дарс шумо аз кадом усулҳо истифода мебаред?
– Омӯзгор, пеш аз ҳама бояд шахси фаъол, ташкилотчӣ ва эҷодкор буда, ба шогирдон на танҳо дониш меомӯзад, балки бо гуфтору рафтори худ диққати хонандаро ба худ ҷалб месозад, то шогирдон дар симои ӯ идеали ҳаётии худро тасаввур намоянд. Банда дар раванди дарс аз усулҳои салоҳиятнокӣ, ки саволу ҷавоб ва машварат дар байни хонандагонро дар бар мегирад, истифода мекунам. Инчунин, кор бо саволномаҳо, саволҳои тестӣ, озод нақл кардани мавзуъ дарсро ҷолиб месозад. Умуман, ҳар омӯзгор бояд усули хоси таълимии худро бояд дошта бошад ва муҳим он аст, ки онро бо шавқу завқ амалӣ намояд.

– Ба андешаи шумо дар шароити имрӯза низоми таълим ба чӣ гуна тағйироте ниёз дорад?
– Дар шароити имрӯза муҳим аст, ки технологияҳои муосир дар раванди таълим бештар истифода шаванд. Омӯзгорон бояд бо барномаҳои компютерӣ ва дигар технологияҳои муосир шинос буда, бештар ба донишу ҷаҳонбинии хонандагон аҳамият диҳанд. Ҳамчунин, ҷорӣ намудани усулҳои равоншиносӣ ба хонандагон кумак мекунад, ки онҳо дарсҳоро бо шавқу завқ азбар намоянд.

– Барои омӯзгорони ҷавон кадом хислатҳо бештар муҳиманд?
– Омӯзгори ҷавон бояд боҳавсала, муҳаббатпарвар ва масъулиятшинос бошад. Касби худро бо дилу ҷон дӯст дорад ва ба хонандагон ҳамчун фарзандони худ муносибат намояд. Омӯхтани методҳои муосири таълим ва ҳамкорӣ бо волидайн низ аз муҳимтарин усулҳои фаъолияти омӯзгори ҷавон бояд бошад.

– Мегуфтед, ки чӣ тавр метавон муҳаббати шогирдонро ба дарс зиёд кард?
– Барои зиёд кардани муҳаббати шогирдон ба дарс, омӯзгор бояд якчанд усулҳои самаранокро истифода барад. Аз ҷумла, шогирдон бояд фаҳманд, ки дониши онҳо дар ҳаёти рӯзмарра чӣ аҳамият дорад. Омӯзгор бояд мисолҳоеро пешниҳод намояд, ки мавзуъҳои омӯхташуда ба воқеияти зиндагӣ алоқаманд бошанд. Ин роҳ шавқи хонандагонро ба дарс зиёд мекунад. Инчунин, имрӯзҳо шогирдон ба техника ва интернет шавқи зиёд доранд. Бо истифодаи слайдҳо, видеоҳои омӯзишӣ, тасвирҳо ва барномаҳои ҷолиби таълимӣ метавон муҳити дарсро ҷаззобтар намуд. Дар ин баробар, қадр ва васф кардани пешравиҳои шогирдон боис мешавад, ки онҳо боз ҳам беҳтар ба илму донишандӯзӣ таваҷҷуҳ намоянд. Дар ин росто, истифодаи мукофотҳои хурд ё ташкили муҳити мусобиқавӣ низ натиҷаи хуб медиҳад.
Инчунин, муносибати нек ва дастгирии шогирдон аз ҷониби омӯзгор боварии эътимоди насли наврасро бо устод ва мактаб дучанд месозад. Омӯзгоронро мебояд, ки ба ҷойи супоришҳои маъмулӣ ба шогирдон вазифаҳои эҷодӣ пешниҳод намоянд, ки наврасон тавассути он маҳорати фикрронии мустақил ва зеҳнии худро рушд диҳанд. Агар хонандагон эҳсос кунанд, ки фикру назарашон муҳим аст, онҳо бо шавқ дарсҳоро пайгирӣ хоҳанд намуд ва аз сӯи дигар, толибилм бояд ба саволҳои худ посухҳои ҷолиб ва пурмазмун дарёбад.

– Шумо дар давраи фаъолияти худ чӣ гуна мушкилотро паси сар кардаед ва ба муаллимони ҷавон чӣ маслиҳат медиҳед?
– Мушкилоти асосӣ дар оғози фаъолияти банда нарасидани таҷриба буд, вале бо меҳнат ва ҳидояти устодон ин мушкилӣ сипарӣ гашт. Ба муаллимони ҷавон маслиҳат медиҳам, ки таҳаммул ва сабр дошта бошанд. Ҳар мушкили пешомада як дарси ҳаёт аст ва омӯзгор бояд аз он баҳра бардорад.

– Мегуфтед, ки пешаи пурифтихори омӯзгорӣ ба ҳаёти шахсии шумо чӣ таъсир расонидааст?
– Омӯзгорӣ тафаккур ва зиндагии маро тағйир дод. Омӯзгор шудан маро масъулиятшинос ва одамдӯст кард. Ҳар рӯз бо шогирдон муошират намудан, омӯзиши мушкилиҳои рӯзмарраи онҳо ва маслиҳату роҳнамоии ба онҳо маро дар зиндагӣ ҳамчун шахси босабру таҳаммулпазир обутоб дод. Тавассути ин касби пуршараф дарк намудам, ки муҳаббат ва фидокорӣ метавонад ҳар гуна душвориро бартараф созад.
Хулоса, омӯзгорӣ касбест, ки масъулият ва меҳнати зиёдро талаб менамояд ва омӯзгорон бояд фидоии касби худ буда, дар тарбияи насли оянда саҳми арзанда гузоранд.

–Ташакур барои чунин як суҳбати пурмуҳтаво, ки барои омӯзгорони ҷавон раҳнамунсоз хоҳад буд.
– Саломат бошед, ба шумо низ ташаккур, ки пайгири чунин мавзуи муҳим мебошед.

Суҳбаторо Маҳмадалӣ Маҳмадалиев
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019