Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДЕҲҚОНЕ, КИ ПАЙВАСТА НАВГОНӢ МЕҶӮЯД
Сулаймон Шафоев аз зумраи деҳқонони таҷрибадоре ба ҳисоб меравад, ки дар соҳаи кишоварзӣ пайваста навгониҳо меҷӯяд. Бо вуҷуди ҷавон будан аллакай таҷрибаи хуби соҳаи кишоварзиро аз худ карда, донишҳои андухтаашро дар амал татбиқ менамояд.
Дар гармхонаҳои доимоамалкунандаи ӯ солҳост, ки маҳсулоти тару тозаи помидору бодиринг, қаламфури булғорию тезак, караму гулкарам ва қулфинай кишту парвариш шуда, пешкаши харидорон мегардад.
Сулаймон ба давлатҳои хориҷ аз кишвар сафар карда, таҷрибаи пешқадами он давлатҳоро дар соҳаи кишоварзӣ меомӯзад ва аз донишҳои андухтааш дар хоҷагии деҳқонии хеш истифода мебарад.
Дар натиҷаи сафарҳои зиёд ва суҳбату вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва инчунин, дар натиҷаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ӯ гармхонаи инноватсионӣ бунёд кардааст, ки дар он аз коштани тухмӣ то парвариши кӯчат ба роҳ монда шудааст. Дар гармхонаи инноватсионӣ технологияи муосири кишоварзӣ аз давлати Италия ворид гардида, раванди кор тариқи технология ба роҳ монда шудааст.
– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара дастуру супориш дода буданд, ки ба монанди гармхонаҳои доимоамалкунандаи шаҳри Турсунзода дар вилояти Хатлон низ гармхонаҳои типи нав бунёд карда шаванд. Инчунин, Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зарурат ва аҳамияти рушди иқтисоди миллӣ зимни ироаи Паёми роҳнамо ба Маҷлиси Олии мамлакат «Солҳои 2025 – 2030 - ро Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намуданд. Бунёди гармхонаи инноватсионӣ низ аз чунин ҳидояти ватандўстонаи Сарвари давлат ва омўзиши таҷрибаи пешқадам сарчашма гирифтааст, – иброз намуд зимни суҳбат Сулаймон Шафоев.

Ҳамин тариқ, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шарикони рушд дар доираи лоиҳа “Оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда” орзуи деринтизори Сулаймон Шафоев амалӣ гардида, гармхонаи инноватсионӣ бунёд карда мешавад. Дар гармхонаи бунёдкардаи ин деҳқони чашмикордон кишту парвариши кӯчати помидор, бодиринг, тарбуз, ҳандала, қаланфури ширину тезак, боимҷон, караму гулкарам ва қулфинай ба роҳ монда шуда, дар асоси фармоиши мизоҷон омода карда мешаванд.
– Мо барои тайёр кардани кӯчат аз торф ва вермикулит истифода карда, донаҳои маҳсулотро дар кассетаҳои махсуси пластикӣ мегузорем. Ҳамаи ин корҳо ба воситаи дастгоҳҳои махсус иҷро карда мешаванд. Дар дастгоҳи аввал кассетаҳои махсус гузошта шуда, дастгоҳи дуюм донаҳоро дар чуқурии муайян ҷой карда, мешинонад. Дастгоҳи сеюм донаҳои шинонидашударо об пошида, берун мебарорад. Ҳамин тариқ донаҳои шинонидашуда дар рафҳои махсус ҷой карда шуда, то кӯчат шудан нигоҳубин карда мешавад, – мегӯяд Сулаймон.
Масоҳати умумии ин гармхона 0,27 гектарро дар бар гирифта, бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он панҷ нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Сулаймон Шафоев мегӯяд, ки борҳо аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми мулоқот бо соҳибкорону роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ таъкидҳо шунидааст. Ӯ таъкидҳои раиси вилоятро муҳиму саривақтӣ дониста, дар доираи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ гармхонаи инноватсиониро бунёд кардааст.
Ба андешаи ӯ пештар аксари кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон кӯчатҳои лозимиро берун аз қаламрави вилоят меоварданд. Анкун бо бунёд гаштани гармхонаи типи нав кишту парвариши аксарияти маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, хоҳишмандон метавонанд дилхоҳ кӯчати лозимиро бе хароҷоти иловагӣ аз ин ҷо дастрас намоянд.

Сулаймон Шафоев дар ноҳияи Кӯшониён дар масоҳати 4,68 гектар хоҷагии деҳқонии “Ёрмаҳмад”-ро ташкил намуда, бо 18 саҳмдор, ки ҳамагӣ аҳли оилаашон мебошанд, якдилонаю самарабахш фаъолият намуда истодаанд. Дар хоҷагии деҳқонии ӯ 3 гармхонаи доимоамалкунанда ташкил карда шуда, дар ду адади он қулфинай ва дар як гармхонаи дигар кӯчаттайёркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар боқимонда заминҳои хоҷагӣ ҳамасола пахта кишт карда мешавад.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қурбон Ҳакимзода ва роҳбарияти ноҳияи Кўшониён аз гармхонаи инноватсионии соҳибкор Сулаймон Шафоев дидан намуда, бо меъёрҳои парвариш, усули обёрии қатрагии зироати гуногун аз наздик ошноӣ пайдо карданд. Роҳбарияти вилояти Хатлон ва Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ба ӯ баҳои арзанда дода, васеъ ҷорӣ намудани чунин гармхонаҳои инноватсиониро тақозои замони иқтисоди бозоргонӣ арзёбӣ намуданд.
– Иқлими вилояти Хатлон бо заминҳои файзбору ҳосилхезаш барои кишту парвариши тамоми маҳсулоти кишоварзӣ мусоид мебошад. Дар тамоми фаслҳои сол мо метавонем бозорҳои вилояту ҷумҳуриро бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузор бошем. Танҳо майлу хоҳиш лозим аст, ки инсонро ба қуллаи мақсуд расонад, – гуфт дар фарҷоми суҳбат Сулаймон Шафоев.
Сулаймон СУЛТОНОВ,
н. Кӯшониён
Добавить комментарий
Ахбор
ДӮСТӢ. ТАБИБОН СОҲИБИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ШУДАНД 16:02ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ ДАР ХАТЛОН 15:21ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТИБ 10:16МАЪРАКАИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОҒОЗ ШУД 13:22БОЗДИД АЗ САМАРАНОК ИСТИФОДАБАРИИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ВА ЗАХИРАИ ХӮРОКИ ДУСОЛА 13:08КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ 400 НАФАР ХОНАНДА БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:59КӮШОНИЁН: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ БО ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ 12:52МАДИНА ҚУРБОНЗОДА ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ФАРЗАНД-БОҒИ ПАДАРУ МОДАР" ГАРДИД 14:20
Серхонандаҳо
Аъзамҷон Чиллазода: 91,3 фоизи маблағҳои буҷетӣ дар вилоят ба соҳаҳои иҷтимоиёт равона карда шудааст
ДАР ШАШ МОҲ 18 ИНШООТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БУНЁД ШУДААСТ
Ташрифи ҳайати экспедитсияи “Саёҳат ба қалби Авруосиё – 2025” ба шаҳри Бохтар
Ҳиссаи омӯзгорони унвондор ба 36,3 фоиз расид
Дар Хатлон 21 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғул мебошанд
Кӯшониён. Як ноболиғ аз ғарқшавӣ наҷот дода шудааст
БУНЁДИ 21 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАШ МОҲ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНИИ 1,5 КМ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТАИ ШАҲРАКИ ЁВОН- МЕҲРОБОД- ДАСТГИРАК- НАВОБОД ВА ПУЛИ МОШИНГУЗАР БАЪДИ ТАҶДИДУ АЗНАВСОЗӢ
ҚИССАИ ЯК ЗИНДАГИИ СОДИҚОНА
ЁВОН: БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАКИ СОХТМОНИИ ҶДММ «ҒАЮР ИНДАСТРИАЛ»