Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
06 мар 12:43АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
Таҷлили Рӯзи Модар дар Хатлон
Ба муносибати Рӯзи Модарон дар Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ҳамоиши бошукӯҳ баргузор гардид. Дар ин чорабинии идона муовинони раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода, Анзурат Абдусаломзода, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва занону модарони фаъоли вилоят иштирок намуданд.

Ҳамоиш бо суханронии Музаффар Мирзозода, муовини якуми раиси вилояти Хатлон, оғоз гардид. Ӯ бо самимият тамоми иштирокчиён, махсусан модарону бонувони шарафманди вилояти Хатлонро аз номи раиси вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Модарон табрик намуда, нақши беназири занро дар ҷомеа таъкид кард.

-Зан сарчашмаи зиндагӣ, меҳрубонӣ ва садоқат аст. Бо неруи бепоёни худ ӯ чароғи хонадони ҳар як инсон ва тарбиятгари наслҳои солим мебошад. Арҷгузорӣ ба модар ва қадршиносии заҳматҳои ӯ нишонаи маърифати баланд ва фарҳанги волои ҷомеаи мост, -изҳор дошт Музаффар Мирзозода.
Дар идомаи ҳамоиш, бо қадрдонии талошҳои пайвастаи модарон дар рушду пешрафти кишвар, ба як қатор бонувони фаъол сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон тақдим гардид. Дар қисмати дуюми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаши иштирокдорон гардид.
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ



