Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори ғолибони озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар Хатлон
4 декабри соли 2024 дар шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар ин чорабинии ботантана ғолибони озмунҳо, омӯзгорону волидони онҳо, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони соҳаҳои маориф, илм ва фарҳанг ширкат варзиданд.
Чорабинӣ бо боздиди раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз намоиши дастовардҳои ғолибон дар саҳни Кохи фарҳанг оғоз ёфт. Сипас, дар қисми расмӣ, раиси вилоят ҳозиринро бо суханони шодбошӣ истиқбол намуда, муҳимияти озмунҳои мазкурро таъкид кард.
Давлаталӣ Саид изҳор дошт, ки озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудаанд, дар шаш соли охир барои рушд ва таҳкими фарҳанги китобхонӣ, илму маърифат, ва ҳунари асили тоҷик саҳми назаррас гузоштаанд. Боиси қаноатмандист, ки дар вилояти Хатлон сатҳи баргузории ин озмунҳо сол то сол беҳтар шуда, чеҳраҳои нави соҳибмаърифат ва боистеъдод кашф мегарданд.
Тибқи иттилои пешниҳодшуда, соли равон довталабони вилояти Хатлон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба дастовардҳои бесобиқа ноил шуда, 35 нафар ғолибият ба даст оварданд. Аз ин шумора, 2 Шоҳҷоиза, 3 ҷойи якум, 11 ҷойи дуюм ва 19 ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Ҳамзамон, дар озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 21 намояндаи вилоят ғолиб дониста шуданд. Тақвияти иштироки ҷавонону наврасон дар ин озмунҳо нишон медиҳад, ки завқи китобхонӣ ва омӯзиш миёни сокинон, махсусан қишри ҷавонон, афзоиш ёфтааст.
Раиси вилоят пешниҳод намуд, ки соли 2025 дар вилояти Хатлон ҳамчун Соли фарҳанги китобхонӣ эълон карда шавад, то ин ташаббус ба таҳкими завқи китобхонӣ ва рушди маънавии ҷомеа мусоидат намояд. Пешниҳод аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш гарм истиқбол гардид.
Дар охир, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва Сипосномаҳо қадрдонӣ шуда, чорабинӣ бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунарнамоии ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ба анҷом расид.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



