Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба ин рамзи муҳими Истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири тоҷикон, ки таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва давлатдории гузаштагон, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар роҳпаймоии осоиштаи сокинони сарбаланду ватанпарвар, роҳбарият ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ташкилоту муассисаҳо баргузор гардид.
Ин тадбири бошукӯҳи идона аз даромадгоҳи шаҳри Бохтар оғоз гардида, дар фазои мутантан ва зери навою ливо то ба майдони Парчами давлатӣ идома ёфт.
Боиси ифтихор ва сарбаландии кулли тоҷикистониён аст, бо шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ин санаи муҳими таърихӣ – 32-юмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо риояи тамоми суннатҳои давлатдорӣ таҷлил менамоянд.

Рӯзи Парчами миллӣ чун рамзи давлатдории тоҷикон барои ҳар як фарди ҷомеа асолати миллӣ, ғурури сиёсӣ ва ҳуввияту муҳаббати ватандориро таҳким бахшида, кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами миллӣ ин нишони истиқлолият, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон буда, ҳар як ранги он нишонаи соҳибдавлатӣ, ҳафт ситораи дурахшон мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва аз ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Баъд аз чунин роҳпаймоии бошукӯҳи идона дар назди сутунпояи Парчами давлатӣ ва пайкараи Шоҳ исмоили Сомонӣ, ки нишона аз давлатдории қадимаи тоҷикон аст, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти вилот иштирок намуда, тамоми мардуми шарифи вилояти Хатлонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик гуфтанд.
Таъкид гардид, ки 9 сентябри соли 2011 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин дар пойтахти мамлакат -шаҳри зебои Душанбе афрохта шуд.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки дар зери Парчами давлатӣ муттаҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азизамон, пойдории давлату давлатдории навинамон ҳамеша саъю кӯшиш кунем, зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз намоем, - роҳбарияти вилот
Зимни баромад роҳбарияти вилот бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон зери Парчами давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки поягузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлатдории навин мебошанд, беш аз пеш, бо сидқу вафо дар атрофи Пешвои маҳбубу муаззами миллат муттаҳидтар шуда, дар татбиқи сиёсати инсонпарварона ва фардосозашон ҳамеша ҳамдасту ҳиссагузор хоҳанд буд.
Дар идомаи чорабинии бошукӯҳи идона, ки ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста гардида буд, барномаи мукаммали фарҳангӣ, ки инъикоскунандаи моҳияти ин рамзи муҳими давлатдорӣ ва масири таърихи миллати тоҷик буд, бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳо зебо пешниҳоди кулли ҷамъомадагон гардонида шуд.
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



