Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК ДАР ХАТЛОН
Бахшида Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилоят Каримзода Ҷамшед, роҳбарияти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, собиқадорони соҳа ва фаъолон иштирок намуданд.
Солгарди навбатии таъсисёбии мақомоти милитсяи тоҷик дар замоне таҷлил гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ 30-солагии қабули Конститутсияро таҷлил намуда, ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад ва бо кӯшишҳои пайвастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҳаёти мардуми мамлакатомон дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.
Ин аст, ки ба ифтихори ҷашни касбии кормандони мақомоти милитсияи тоҷик ва ҳомиёни Ватан барои саҳми бисёр арзишмандашон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ чорабинии тантанавӣ ороста шуда, барномаи мукаммали фарҳангӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона ва рақсҳои ҷаззоб пешниҳод аҳли толор гардонида шуд.
Тавре, сокинони шарафманди мамлакат аз ҷумла вилояти Хатлон хуб медонанд, мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шабу рӯз хизмати софдилона кардаанд. Аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



