Бойгонӣ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ

Ҳомиёни ватан,
Ҳамдиёрони азиз!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос, пеш аз ҳама кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадоронро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаанд, ба ифтихори ҷашни касбиашон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти ҳифзи молу мулк ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ ба сомон мерасонанд.
Роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштанд ва аз масъулияту шуҷоатмандии кормандони милитсия ва натиҷаҳои судманди фаъолияти ин мақомот аз бисёр ҷиҳат инкишофу пойдории давлати имрӯзаи тоҷикон ҳамчун кишвари демокративу ҳуқуқбунёд ва озоду ягона вобаста аст.
Дар солҳои 90-ум даҳҳо гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва беш аз сад гурӯҳи муташаккили ҷинояткор бо мақсади ҳар лаҳза халалдор намудани вазъи ҷамъиятӣ ҳамарӯза ба амалҳои террористӣ, куштор, ғоратгарӣ ва гаравгонгирии одамон даст мезаданд ва ба дили сокинони кишвар даҳшат меафканданд.
Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таъмин намудани шароиту муҳити орому осуда барои зиндагии мардум ва корҳои ободониву созандагӣ, ки имрӯз дар кишвар густаришу тавсеа пайдо карда истодааст, натиҷаи саъю талоши ватандӯстона ва матонату садоқати кормандони милитсия, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбии давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон мебошад. Давлат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Чи хеле Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаҳоро ба дӯши мақомоти корҳои дохилӣ гузоштаанд».
Маҳз бо дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Имрӯзҳо кормандони милитсия анъанаи далериву мардонагӣ ва сарсупурдагиву садоқатмандии худро ба миллату Ватан идома дода, дар ошкор ва пешгирӣ намудани садҳо ҷиноятҳои вазнини хусусияти фаромиллидошта, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва силоҳ, савдои одамон, ҳамчунин безарар гардонидани даҳҳо аъзоёни фаъоли гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷиноятпеша саҳми босазо гузошта истодаанд.
Саҳми собиқадорони мақомот дар тарбияи ҳайати шахсӣ, роҳнамоӣ ва гузоштани таҷрибаи бою ғании худ дар ҷодаи мубориза бо ҷинояткорӣ хело ҳам калон буда, барои чунин заҳмати онҳо арзи сипос изҳор менамоям.
Вазъияти зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла мухолифату низоъҳои сиёсиву ҳарбӣ, диниву мазҳабӣ ва фарҳангиву тамаддунӣ ба андозае шиддат пайдо кардаанд, моро водор месозад, ки ҳушёриву зиракӣ ва масъулияти худро боз ҳам дучанд сохта, омодабошии доимии ҳайати шахсиро барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин созем.
Дар чунин шароит кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ, сохторҳои ҳарбӣ иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва рисолати касбии худ, яъне ҳифзи амнияту оромии ҷомеа ва давлат, ҳимояи боэътимоди марзу буми Ватан, зиндагии осудаи сокинони мамлакат ва заҳмати ободгаронаи сокинони кишварро таъмин намоянд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои таҳкими асосҳои моддиву техникии мақомоти корҳои дохилӣ тарбияи кадрҳои баландихтисос, ба хизмат ҷалб кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизмати ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Дар ин ҷода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи иҷтимои кормандони милитсия, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба онҳо, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохторҳои он, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизотҳои техникӣ, дастгирии кормандони милитсия, собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтидаи кормандони милитсия дар рӯзҳои иду ҷашнҳо мусоидат намуда, минбаъд низ кӯшишу тадбирандешӣ менамояд.
Итминон дорам, ки кормандони мақомоти милитсия дар вилоят доимо барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун неруи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқона хизмат менамоянд.
Ҳамзамон бовар дорам, ки ҳар як корманди милитсия манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшад ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамояд.
Бори дигар тамоми кормандони милитсияи вилояти Хатлонро бо иди касбиашон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулияташон ба нафъи давлат ва халқи кишвари азиз муваффақият орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак!
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019