Сарбаланд

Аллома Иқболи Лоҳурӣ панд додааст:
Зиндагӣ дар садафи хеш гузар сохтан аст,
Дар дили шуъла фурӯ рафтану нагдохтан аст.

Барои сокини ноҳияи Темурмалик, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдуғанӣ Сафаров зиндагӣ бо ҳама шебу фарозҳояш маънӣ ва моҳияти ватандорӣ дорад. Тули собиқаи беш аз 63 солаи худ ин марди шарифу равшанзамир тавонист роҳ ба сўи хонаи дилҳо гирад, садоқату муҳаббати худро ба ҳамватанон ба халқу давлату миллати худ нишон диҳад.
Абдуғанӣ Сафаров соли 1942 дар деҳаи Деҳбули Ҷамоати деҳоти Ҳазлаҳад (имрўза ҷамоати деҳоти Балҷувон) дар оилаи марди меҳнат, роҳбари хоҷагӣ Сафар Маҳмуродов ва Хиромон Камолова (руҳашон шод бод) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш аз соли 1933 то соли 1950, ки баъдтар дар қатори дигар муҳоҷирон онҳо низ ба ободонии ноҳияи Фархор сафарбар мешаванд, раиси хоҷагӣ буд. Пайвандон, падару модар ва дигар муҳоҷирон солҳо дар обёрӣ ва азхудкунии замини бекорхобидаи ноҳияи Фархор ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Мактаби рақами 8 – и дар гузашта ноҳияи Кангуртро соли 1959 бомуваффақият хатм кардааст. Дар шаҳри Ваҳдат бошад (он солҳо Орҷоникидзеобод) омӯзишгоҳи касбӣ - техникии рақами 24 – ро бо ихтисоси муҳандис ба итмом расонида, ба сифати муаллими асосҳои истеҳсолот дар дабистони рақами 8 ифои вазифа намудааст. Солҳои 1962 – 1967 донишҷўи факултаи химия – биологияи Институти педагогии ба номи Т. Г. Шевченкои шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ) буд. Ба сифати муаллими химия – биология фаъолияти омўзгориро дар дабистони рақэқами 8 ҳамчун муаллими ҷавон, навҷўю эҷодкор идома бахшид. Шогирдаш Зайниддин Сафаров дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи аввал ва медали тилло гардид, ки ин барои устод мояи ифтихору сарфарозист. Устод номи шогирдонаш Зайниддин Сафаров, чор даъват вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Нусрат Қурбоналиев, собиқ прокурори генералии ҷумҳурӣ, Шерхон Салимзода ва бародарон Алихон ва Анвар Қурбонов бо некӣ ёд мекунад, зеро онҳо номи мактабу омўзгорро баланд бардошта, дар таҳкими волоияти қонун, ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоштаанд.
Устод Абдуғанӣ Сафаров ҳамаи пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол, рушди соҳаи маориф, зина ба зина баланд бардоштани мақоми муаллим, аз ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонад.
Фаъолияти тулонии ў бештар ба соҳаи маориф рабт дорад. Солҳои гуногун ба сифати мудири шуъбаи маориф, директори муассисаҳои таълимии рақамҳои 12, 39 ва 1 ифои вазифа намуда, рисолати муаллимро дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳо дар тарбияи наслҳои арзанда ва ояндасози миллат арзёбӣ медорад.
- Мо бояд наслҳоеро ба камол расонем, ки фардо инони давлатдориро ба даст гирифтаву бо сари баланд пеш бурда тавонанд. Ватандўст, ватандор, ояндасозони миллат, парчамбардорони давлат бошанд. Ватани худро содиқонаю самимона дўст доранд. Обрў ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Атрофи парчами нангу номуси ватандорӣ ва Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳарвақта дида зичтар муттаҳид бошанд, зеро иттиҳоду ҳамдилӣ моро ба ҳадафҳои неки худ мерасонад,- таъкид дошт Абдуғанӣ Сафаров.
Дар баробари ин Абдуғанӣ Сафаров солҳо дар вазифаҳои масъули инстуруктори шуъбаи ташкили, кумитаи ҳизбӣ, мудири шуъбаи ташкилии комиҷроияи ноҳия, ҷонишини раиси Ҷамоати шаҳраки Совет (имрўза Ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд), мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Темурмалик, мудири шуъбаҳои ҳифзи табиат, маънавиёт ва осоишгоҳи “Шифо”, котиби ҳизби коммунист ифои вазифа намудааст. Аз соли 1998 ба нафақа баромада, аз соли 2013 – ум то инҷониб раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Темурмаликро ба уҳда дорад. Абдуғанӣ Сафаров бо меҳнати фидокорона, муоширати баланди инсонӣ, кору пайкори созанда миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа соҳибэҳтиром гардидааст. Имрўз ҳарчанд синнаш ба 82 расида бошад ҳам, гули сари сабади маҳфилу чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ вилоятӣ ва ҷумҳурявӣ мебошад.
Мукофоти аз ҳама баланде, ки устод Абдуғанӣ Сафаров сазовор гардидааст, ин эътимоду боварии халқ ба ў мебошад.
Собиқадори меҳнат бо нишонҳои «Аълочии маорифи халқи СССР», «Аълочии маориф ва илми ҷумҳурӣ», даҳҳо медалҳои ҷашнӣ, диплому ифтихорномаҳо қадр гардида, вакили Анҷумани дуюми химикони Иттиҳоди шуравӣ, ғолиби даҳҳо озмунҳо буда, се маротиба миёни шуъбаҳои маорифи вилояту ҷумҳурӣ ғолиб омада, бо се нақлиёти сабукрав ва дигар мукофот қадршиносӣ шудааст.
- Бароям мафҳумҳои Ватан, давлат, миллат, Президент ва дигар муқаддасоти миллӣ азизанд. Дар 63 соли фаъолияти корӣ кўшиш намудам, ки ин муқаддасотро азиз дорам ва насли ояндасози миллат, ҷавонони саодатманди ватанро дар руҳияи дўстдории мафҳумҳои зикргардида ба камол расонам, бо роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоям, ки аз ин амалам ифтихормандам,- мегуяд собиқадори меҳнат Абдуғанӣ Сафаров.
Барои ҳар як инсон мояи ифтихору сарфарозист, ки оилаи ободу фарзандони накуном дошта бошад. Устод аз зиндагии якҷоя бо зани покдоману солеҳа зиндаёд Зулайхо Убайдова соҳиби 10 фарзанд гардиданд. Аз ин 8 фарзандон соҳиби маълумоти олӣ буда, имрўз дар вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда ифои вазифа доранд.
- Қиблагоҳ барои мо фарзандон роҳнамое буданд, ки дар зиндагӣ ба қуллаҳои баланд расиданро аз ҳидоятҳои ў, аз файзу баракати ў медонем. Он дастоварде, ки мо фарзандон дорем, ҳама бо номи падар зич марбут мебошад. Ифтихор мекунем, ки чунин падари соҳибэҳтиром дорем,- мегӯяд фарзанди калонии хонадон Бахтиёр Сафарзода Ғанӣ.
Устоди арҷманд Абдуғанӣ Сафаров ба давлату миллат ва ояндаи Тољикистон некбин аст. Аз нигоҳи ин марди ботаҷрибаю дунёдида ояндаи Тоҷикистон дурахшон мебошад. Иттиҳоду сарҷамъӣ атрофи парчами нангу номуси миллат, эҳтиром ба таъриху тамаддунӣ гузаштагон, азму ғайрати дучанд бо роҳбарии фарзандони фарзонаи миллат, бахусус, Пешвои муаззами миллат мардуми Тоҷикистонро ба ин ҳадафи олӣ мерасонад.
Зиндагии сабақомўз, рўзгори босаодат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ барои наслҳои имрўзу фардо ибратбахш мебошад. Метавон ба чунин инсонҳои шариф арҷ гузошт ва аз рўзгори онҳо сабақ гирифт. Пирони кору рўзгор ҳар рафтору гуфторашон панд аст. Аз нигоҳи шоир :
Ҳастанд суҳбаторо, нури чароғи маҳфил,
Покизамағзу оқил, инсофҷўву одил.
Панди ҳаёт бошад, гуфтори муйсафедон,
Дарси ҳаёт бошад, рафтори муйсафедон.

Саидзода Шералӣ, ноҳияи Темурмалик
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий