Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ашъоре гулистони ҳамешабаҳор
Бонуе аз “Баҳористон” ё аз хабарнигорӣ то ҷодаҳои роҳбарӣ
Ҳанӯз кайҳо шеъру таронаҳояшро аз рӯзномаю маҷаллаҳо хонда, ба ашъораш дилбастагӣ пайдо карда будам. Ҳини сафар ба сӯи Душанбе раҳораҳ атрофи мавзуъҳои ҷолиби ҳаёту фаъолияти шоираи хушзавқу ширинсухан Робияи Холмирзо андешида, тасмим доштам танҳо оид ба ашъори дилчаспу рангинаш суҳбат намоем. Ҳатто барои муаррифию ошноӣ бо чор маҷмуаи ашъораш суолҳоро пешакӣ матраҳ карда будем. Аммо зимни суҳбати дилнишин бо бонуи қаламкаш матлаби мо тариқи мусоҳиба омода гардид.
- Ҳарчанд шуморо дар вилояти Хатлон қариб ҳамагӣ мешиносанд ва боз ҳам мегуфтед Робияи Холмирзо кист?
- Ман зодаи деҳаи “Баҳористон”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мебошам. Дар оилаи бомаърифат ба воя расидаам. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и зодгоҳ ва баъдан факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудам. Аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва айни ҳол ба симати сармуҳаррири нашрияи бачаҳо ва наврасон – “Анбоз” фаъолият дорам. Дар ҷодаи эҷод 33 сол аст, ки машқи қалам дорам.
- Рӯи мизи кории шумо китобҳо зиёданд. Оё бо ин ҳама серкорӣ барои мутолиаи асарҳои бадеӣ вақт меёбед?
-Мутолиаи китоб аз шуғлҳои дӯстдоштаам мебошад. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ падарам, ки хаткашон буд, бароям рӯзномаю маҷаллаҳои нав меовард. Модарам, ки шахси бисёр бомаърифат буд, ҳар шаб бароям қиссаю афсонаҳои шавқовару хотирмон нақл мекард ва ҳар сари вақт ба ман китоб ҳадя мекарданд. Ҳоло ҳам дар дилам меҳру муҳаббати китоб ошён дорад.
- Шумо чӣ гуна ба дунёи эҷод ворид шудед?
-Ҳанӯз дар синфи 6-7 таҳсил карданам дар рӯзномаю маҷалла барои кӯдакон –“Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” дар мавзуъҳои гуногун мақола менавистам. Соли 1982 маро бо роҳхати рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” ҳамчун узви фаъоли маҳфили “Мухбирони ҷавон”(Юный корреспондент ё Юнкор) барои истироҳат ба лагери умумииттифоқии “Артек” фиристоданд. Тули 30 рӯз омӯзгорону мураббиёни ботаҷриба бо мо машғулиятҳои шавқовару хотирмон гузарониданд. Дар он ҷо ман дӯстони зиёде пайдо карда, ҳам забони русиро хеле хуб аз худ намудам. Баъди бозгашт аз “Артек” бештар мақола ва баъдан шеъру тарона эҷод менамудам.
- Чӣ тавре огоҳ гардидем, баъди хатми бомуваффақияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 15 сол дар нашрияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон- “Адабиёт ва санъат” фаъолият доштед. Мегуфтед, ки ин ҳафтанома дар тақвияту такомули фаъолияти эҷодии шумо чӣ нақш гузоштааст?
- Аз фаъолияти эҷодиам дар минбари эҷодкорони кишварамон ҳафтавори “Адабиёт ва санъат” доим ифтихор дошта онро мактаби бузурги рӯзноманигорӣ ва адабӣ меҳисобам. Зеро дар ин давра ман беҳтарин шеъру таронаҳо қиссаҳо ва ғазалҳои худро эҷод карда, пешкаши хонандагони арҷманд кардам. Ин нашрия бароям беҳтарин минбари таҷрибаи пешқадам маҳсуб меёбад. Дар ҳамкорӣ бо адибони шинохтаи мамлакат устодон Аскар Ҳаким, Саидалӣ Маъмур, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Низом Қосим, Абдулҳамид Самад ва ба қавле бо “классикони зинда”-и адабиёти тоҷик Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор бисёр ҷавҳару дурдонаҳои бузурги адабиётро аз худ намудам. Аз ҳама муҳимаш онҳо бароям намунаи ибратанд.
-Аз мутолиаи ашъоратон дарёфтам, ки баробари шеъру ғазалҳои дилчаспу дилошӯб, таронаҳои зебо низ эҷод менамоед, ки бо ин таронаҳоятон ба дили хонанда роҳ ёфтаву ба онҳо пайроҳаи орзуҳои ширинро мекушоед.
-Дуруст гуфтед. Тарона ҳам моли адабиёт аст ва аслан тарона шеър аст. Мутаассифона, баъзеҳо таронаро моли адабиёт намешуморанд, ки ин нодуруст аст. Албатта, чанд сухани саршори муҳаббат рӯйи қоғаз рехта наметавонад, тарона бошад. Аз ин рӯ, нахустин дафтарамро, ки “Атри алам” унвон дошт, чанд сол қабл рӯйи чоп овардам ва он пурра бо таронаҳои зебою дилчасп мураттаб гардида буд. Албатта, таронаҳоям лабрез аз муҳаббатҳои инсонианд ва нуҳуфтатарин розҳои дилҳои инсониро ифшо менамоянд. Зеро инсон зеботарин ва бузургтарин офаридаи Худованд аст. Чуноне ки драматурги Юнони қадим Софокл гуфтааст: “Дар дунё чизи бузург бисёр аст. Вале бузургтар аз инсон чизе нест”.
Инсонҳо ҳама дарде доранд ва ҳамин дард аст, ки онҳоро ба хондани шеъру тарона водор месозад. Таронаҳои ман ҳамрозҳоест бофта аз нахҳои дарди инсонҳо, ки дар онҳо ба инсонҳо муроҷиат менамоям: “Одамон ҳушёр бошед, ман шуморо дӯст медорам!”
-Маҷмуаи ашъоратонро бо номи “Алами сабзи ёдҳо”мутолиа намудем. Оё ин шеъри шумо
Мехоҳам
Шодобтарин вожаҳоро,
Биёвезӣ
Бо риштаи мавзунӣ,
То ғазалро
Шабеҳи гесувонам гуфта бошӣ...
ки “Ошиқи ман” ном дорад шеъри сафед аст?
-Бо ин сабки адабӣ яке аз шоираҳои ширинсухани эронӣ Нимо Юшиҷ бештар шеър сурудааст. Барои ҳамин ин гуна шеърро шеъри “нимоӣ” низ мегӯянд. Барои ифодаи фикр мисраъҳои шеърӣ яке кӯтоҳу дигаре мумкин дарозтар ояд. Бисёр шеърҳоямро бо ҳамин сабк эҷод менамоям.
-Бо ашъори кадом занони суханвар бештар ҳусни таваҷҷуҳ доред?
-Ашъори шоираҳои ширинкалом Гулрухсор, Зулфия, Фарзона, Меҳринисоро бештар мехонаму ба ашъори ғазалсароёни бузург Симини Беҳбаҳонӣ, Фурӯғи Фаррухзод ҳусни таваҷҷуҳ дорам.
- Оид ба фаъолияти худ дар нашрияи “Анбоз”- каме қисса мекардед.
-Чанд сол қабл Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ нашрияеро бо номи “Анбоз” барои кӯдакон ва наврасон таъсис дод. Бо тавсияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маро сармуҳаррири он таъйин намуданд. Ин ҳамон рӯзномаи собиқ “Пионери Тоҷикистон” аст, ки ман ҳамкории зич доштам.
Барои пурмазмуну шавқовар баровардани рӯзнома ва шоду хурсанд намудани дӯстони навраси худ бисёр афсонаву ҳикояҳо, чистону тезгӯякҳо, шеърҳои кӯдакона ва красвордҳои аҷоибро рӯйи чоп меорем.
Ба гуфтаи шоираи шаҳир Жола Бадеъ:
Шод будан ҳунар аст,
Шод кардан ҳунаре волотар.
-Ба хонандагону ҳаводорони маҷаллаи “Сафо” чӣ таманиёте доред?
Ҳазорон сипос ба сармуҳаррир ва аҳли эҷодии маҷаллаи “Сафо”, ки аз аҳли адабу фарҳанг ёд мекунанду рӯзгору фаъолияти эҷодии онҳоро рӯнамоӣ. Дар ин ҷодаи пуршараф ба шумо рӯзгори хушу бо саодат ва қуллаҳои баланди эҷодӣ таманно дорам.
Ба ҷои охирсухан
Адабиётшинос, муҳаққиқ ва муҳаррири яке аз маҷмуаҳои шеърии шоира Мубашшир Акбарзод навиштааст: “Алами сабзи ёдҳо” маҷмуаи сеюми шоираи хушзавқ Робиаи Холмирзо аст, ки таронаҳо ва шеърҳои навашро дар бар гирифтааст. Робиа ҳам дар эҷоди тарона ва ҳам дар шеър равиши худашро дорад. Таронаҳои ӯ шеъри кӯтоҳанду шеърҳояш қиссаи дароз, вале ҳама дар сухани андак гуфта шудаанд.
Умед аст, ки чакидаҳои хомаи ин бонуи суханвар писанди хотири ҳаводорони воқеии каломи бадеъ хоҳад шуд.
Забони модарӣ
Шод зӣ ,эй лафзи ширини дарӣ,
Эй забони шаҳдбори модарӣ.
Эй забони рӯдҳову чашмаҳо ,
Эй забони ҷаннату ҳуру парӣ.
Кардаӣ исломро дар шеър ҷой,
Эй баёни ҳикмати пайғамбарӣ.
Аз Имоми Аъзами ту ёдгор,
Синаҳоро нури имон оварӣ.
Миллати озодаи тоҷикро,
Ту чу ҷонӣ, балки аз ҷон бартарӣ.
Аъзам Бобоев, Бохтар –Душанбе –Бохтар
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД