Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
27 июл 13:38АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ
ҚУБОДИЁН: ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ВА ЗАХИРА НАМУДАНИ САНГУ ШАҒАЛ ВА БИТУМ БАРОИ АСФАЛТПӮШ НАМУДАНИ РОҲИ АҲАМИЯТИ МАҲАЛЛИДОШТА
Имрӯз, 27 июл, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи “Чапарӣ”-и ҷамоати деҳоти Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бо корҳои омодагӣ ва захира намудани сангу шағал ва битум барои асфалтпӯш намудани роҳи аҳамияти маҳаллидошта шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сокинону соҳибкорон ва шахсони сахватпешаи деҳаи Чапарӣ дар назди хеш мақсад гузоштанд, ки роҳи деҳаи худро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намоянд. Айни замон масофаи 1 километр сангфарш карда шуда, зиёда аз 10 тонна битум барои оғози кор омода кардаанд, ки дар рӯзҳои кӯтоҳтарин ба асфалтпӯшкунӣ шурӯъ менамоянд. Ҳамзамон, боз 20 тоннаи дигар битум дастрас карда мешавад.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми пешгирифтаи сокинонро шоистаи таҳсин хонда, чунин амалҳои хайрхоҳонаро намунаи олии ватандорӣ унвон намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сокинону соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар натиҷаи дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомолӣ Раҳмон ва корҳои фаҳмодадиҳӣ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба сангфаршу асфалтпӯшкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта камари ҳиммат бастаанд.

Бояд зикр намуд, ки ба ифтихори истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои ободониву созандагӣ босуръат ҷараён доранд.
Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар миқёси вилоят, дар умум ба масофаи 1727 километр роҳҳо ба маблағи умумии 55,5 миллион сомонӣ таъмиру азнавсозӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба маблағи 13,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ин миқдор бо саҳми соҳибкорон 45,5 километр таъмири асосӣ, 119 километр сангфарш ва 17 адад пул бо маблағи 35 миллиону 642 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
АЗ УМЕД ТО ХАТАР 14:07ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ ТИРГОН 15:07ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАМЗИ САОДАТИ НАСЛҲОИ ИМРӮЗУ ОЯНДА МЕБОШАД 15:05ТОҶИКИСТОН ДАР ОИНАИ ВАҲДАТ 15:02ВАҲДАТ – ПИРӮЗИИ ХИРАД БАР ТАФРИҚА 14:57ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН 14:53ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД 14:45Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” 26.06.2026 12:15
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД



