ИФТИХОР АЗ ТАЪРИХИ НИЁГОН
Ноҳияи Қубодиён яке аз гӯшаҳои диёри мо буда, таърихи бою қадима дорад. Дар ноҳия 18 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд аст, ки онҳо ба қарнҳои гуногун мутаалиқ буда, аз куҳану таърихи бой доштани ноҳия шаҳодат медиҳанд.
Дар китоби «Таърихи Табарӣ» омадааст: «Дар ҳудуди Хуттал (Хатлон) шоҳи Сосониён - Қубод шаҳре бунёд кард, ки он Қубодобод ном дошт».
Соли 2003 бо кумаку дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни 1000-солагии шоир, мутафаккири барҷастаи илму адаби форсу тоҷик Ҳаким Носири Хусрав дар маркази ноҳия осорхонаи боҳашамати таърихӣ - кишваршиносӣ бунёд гардид.
Воқеан ҳам ҳар як шахс аз тамошои ин осорхона мутаассир гашта, як ҷаҳон ғизои маънавӣ мегирад ва худро дар саҳнаи таърихи куҳанбунёд ва бою рангини ниёгонамон тасаввур менамояд.
Дар яке аз толорҳои осорхона бозёфтҳои ёдгории таърихии Тахти Сангин гирд оварда шуда, ба маърази тамошо гузошта шудааст. Ёдгории Тахти Сангин дар қисмати ҷанубии ноҳия, дар соҳили рости Амударё, ки рӯдҳои Панҷу Вахш бо ҳам омезиш меёбанд, воқеъ гардидааст.
Олими таърихшинос Юсуфшоҳ Яъқубов навиштааст: «Кофтуковҳои бостоншиносӣ (археологӣ) дар харобаҳои Тахти Сангин дар ноҳияи Қубодиён, аз он ҷое, ки соли 1878 «Хазинаи Амударё» ёфт шудааст, нишон додаанд, ки шаҳр масоҳати 100 гектар заминро дар бар мегирифт. Дар ин ҷо маъбади бузургдошти рӯди муқаддаси ориёиҳо - Вахш сохта шуда буд».
Ковишҳои бостоншиносӣ собит намуданд, ки дар ҳудуди Қубодиён 5 шаҳри замони Ҳахоманишиён арзи вуҷуд доштааст, ки онҳо дорои тамаддуни баланд будаанд.
Бозёфтҳои нодиру пурқимати «Хазинаи Амударё» аз тилло, нуқра, мис, биринҷӣ, сангҳои қиматбаҳо, ханҷару шамшерҳои оҳанӣ, ғилофҳои устухони фил, ҳайкалҳои биринҷию тиллоӣ ва шоҳкориҳои заргарӣ иборат буданд.
Мутаассифона, ин бозёфтҳои нодири таърихӣ аз ноогоҳии мардуми таҳҷоӣ аз даст рафтанд ва имрӯз дар яке аз осорхонаҳои калонтарини дунё - осорхонаи Лондон маҳфузанд.
Дар ин радиф шоири ширинкалом, устод Зиё Абдулло дар «Марсияи Тахти Қубод» навиштааст:
Бар марқади таърихи худ ин бор бигирям,
Бисёр бигирям ба алам, зор бигирям.
Бар оҷизии чашми ватандор бигирям,
Бар чингизии чанд ватанхор бигирям.
Хушбахтона, чанд сол қабл сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грем Лотен ба ноҳияи Қубодиён сафари корӣ дошт. Баъди огаҳӣ аз ин қазия барои дастрас намудани расму нусхаҳои бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» ба осорхонаи таърихӣ - кишваршиносӣ ноҳияи Қубодиён кумак намуд.
Инчунин дар бораи дастрас намудани акс ё нусхаи «Хазинаи Амударё» раиси вақти ноҳияи Ќубодиён М.Исмоилзода ба сафири Британияи Кабир Грем Лотен бо мактуб мурољиат намуда буд.
Дар ҳақиқат расму нусхаҳои бозёфтҳои «Хазинаи Амударё» бозгӯи онанд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дорои таъриху тамаддуни бой мебошанд.
Бозёфтҳои нодиру таърихӣ, ки дар толори мардумшиносӣ ва ҳунармандӣ гирд оварда шудаанд, гувоҳи онанд, ки дар Қубодиёни бостонӣ ҳунарҳои қадимаи мардумӣ хеле ривоҷу равнақ ёфта будааст:
Бофандагӣ
Дар бекигарии Қубодиён ҳунари бофандагӣ васеъ густариш ёфта буд. Дар ин ҷо асосан матоъҳои пахтагин ва абрешимӣ истеҳсол мекарданд. Бофандагон дар дастгоҳҳои худсохти каммаҳсул аз риштаҳои пашмию пахтагӣ матоъ мебофтанд. Дар маркази бекигарӣ-шаҳри Қубодиён, дар гузари Ёбуз ҳунармандоне зиндагӣ мекарданд, ки асосан ба бофтани алочаи
Заргарӣ
Заргарӣ дар бекигарии Қубодиён яке аз соҳаҳои асосии ҳунармандӣ ба шумор рафта, хеле тараққӣ карда буд. Устохонаҳои заргарӣ бештар дар шафати бозор нуқтаи асосии савдо ҷойгир буданд. Заргарони маҳаллӣ асосан ашёҳои зебу зиннати занона-ангуштарин, гӯшвора, дастпонаю гарданбандҳои тиллоию нуқрагӣ тайёр мекарданд.
Оҳангарӣ
Ҳунари оҳангарӣ дар саросари бекигарии Қубодиён ривоҷу равнақ ёфта буд. Дар устохонаҳои оҳангарӣ мису қалъагиро ҳам дар истеҳсолу тайёр кардани маҳсулотҳои корӣ истифода мебурданд. Азбаски Қубодиён яке аз марказҳои калони зироаткорӣ ба шумор мерафт, сохтани олотҳою асбобҳои корӣ аз оҳан ба монанди бел, каланд, дос, табар ва омоч ривоҷ ёфта буд.
Кулолгарӣ
Ҳунари кулолгарӣ дар мавзеъҳои аҳолинишини калон ривоҷ ёфта буд. Дар дастгоҳҳои даврзанандаи кулолӣ на танҳо ашёҳои одии кулолӣ, балки зарфҳои зебою нафис ва хуштарҳ низ сохта мешуданд. Кулолон зарфҳои худро рангу бор дода, мепазониданд.
Яке аз толорҳои осорхона «Ганҷинаҳои Ҳаким Носири Хусрав» ном дошта, дар пештоқи он чунин мисраҳои шеърии шоири бузург навишта шудааст:
Пайваста шудам насаб ба Юмгон,
К-аз насли Қубодиён гусастам.
Дар толор асарҳою дастхатҳои шоир, як каф хоки оромгоҳи Носири Хусрав (аз ғори Юмгон), порасанге аз мақбараи Носири Хусрав, акси макони муқаддас (ҷое, ки Носири Хусрав бо 40 нафар муридонаш чилланишинӣ мекарданд), харитаи сафарҳои Ҳаким Носири Хусрав ва расму аксҳои оромгоҳи шоир гирд оварда шудаанд.
Бахшида ба ҷашни 1000 - солагии шоир ва мутаффакири бузург Ҳаким Носири Хусрав (1004-1088) меҳмонон аз ВМКБ бо «Корвони маърифат» ба ноҳияи бостонии Қубодиён ташриф овардаанд. Онҳо дастовезу туҳфаҳои худро, ки аз тору рубоб, рӯймолу тоқиҳои ҳархела, хилъат, табақҳои чӯбин иборат буд, ба осорхона тақдим намуданд.
Аз мушоҳидаю тамошои осорхона аён гардид, ки бозёфтҳои таърихию мардумшиносӣ хеле зиёданд. Чи тавре, ки ходими хурди илмии осорхона Гулнора Равшанова ҳангоми суҳбат иброз дошт, шумораи умумии бозёфтҳо 2 ҳазору 146 ададро ташкил медиҳанд. Аз сабаби нарасидани ҷой танҳо 800 адади онҳо барои тамошо гузошта шудааст. Боқимондаи бозёфтҳо дар таҳхонаи осорхона нигоҳ дошта мешаванд.
Воқеан ҳам, вазифаи ҳар яки мост, ки ин ганҷинаҳои нодиру таърихии миллати куҳанбунёдамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос монем.
Аъзам Бобоев, рӯзноманигор