Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ИҚДОМИ ШОИСТА
Ҳамасола 1 июн дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад. Ин сана дар кишвари мо низ бошукуҳ таҷлил гардида, ба ин муносибат чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад. Ояндаи дурахшон ва солимии кӯдакон дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қорор дошта, нисбати ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи мухсус зоҳир менамоянд.

Бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои ватандӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода кӯдакони имконияташон маҳдуд, маъюбони бистариро дар ноҳияи Кӯшониён аёдат намуда, кумакҳои яквақтаинаи раиси вилояти Хатлонро супориданд.

Анзурат Абдусаломзода зимни суҳбату мулоқот бо падару модарони кӯдакони маъюб ва имконияташон маҳдуд иброз доштанд, ки кӯдакон, махсусан кӯдакони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, ҳамеша ғамхорӣ нисбати онҳо зоҳир мегардад. Муовини раиси вилоят таъкид намуданд, ки эшон руҳафтода нагарданд, зеро онҳо танҳо нестанд. Барои донишандӯзии фарзандон ва солимгардонии онҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.
“Сафо”
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД



