Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
КӮШОНИЁН. ДУ БИНОИ 10 ОШЁНА СОХТА МЕШАВАД
Дар доираи ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Кӯшониён – шаҳраки Исмоили Сомонӣ бунёди ду бинои 10 ошёнаи истиқоматӣ бо суръат идома дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ба “”Сафо” иттилоъ доданд, маблағи умумии ҳарду иншоот 14 миллион сомониро дар бар гирифта, ҳар кадоми он бо харҷи 7 миллион сомонӣ сохта мешаванд.

Дар ошёнаҳои якуми ҳарду бино марказҳои савдову хизматрасонӣ ҷойгир буда, дар боқимонда ошёнаҳо дар маҷмӯъ 162 ҳуҷраҳои истиқоматӣ, дар ҳар як бино 81 ҳуҷра ба нақша гирифта шудааст.
Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ, биноҳои баландошёна бо хати оби нӯшокӣ ва хати оби партов пайваст шуда, дар назди онҳо таваққуфгоҳ барои воситаҳои нақлиёт ва майдончаҳои бозии кӯдакон пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмониро ширкати сохтмонии “Шамсиддини ҷавон” – и ноҳияи Кӯшониён бо ҷалби 30 нафар мутахассисон бар уҳда дошта, тибқи нақша бинои аввал охири соли 2024 ва бинои дуюм соли 2025 ба истифода дода мешаванд.
Биноҳои баландошёна бо усули баланди меъмориву шаҳрсозӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир қомат афрохта, ба ҳусни ноҳияи Кӯшониён зебогии тозае зам мекунанд.

Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон хабар додааст, ки аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари кориашон ба ноҳияи Кӯшониён 26 апрели соли равон дидан кардааст.
Сулаймон СУЛТОНОВ
(Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



