Бойгонӣ

КАЛОМИ ПОКИ МОДАР

Забони модарӣ фархунда доред,

Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

Барои ҳар каломи поки модар, 

        Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.

     Ҳақ ба ҷониби шоир аст. Зане, ки бо тамоми ҳастӣ чун ворис, ҳомӣ ва пуштибони забони миллат, лафзи ширини модарӣ, каломи поки модарро азиз медорад, Барфигул Муродалиева мебошад. Барфигул Муродалиева модари азизу меҳрубон, собиқ муаллимаи забону адабиёти тоҷик, таъсисдиҳандаи аввалин гимназия дар соли 1998 бо номи «Гимназияи бунёди Оли Сомон» дар ноҳияи Қубодиёни бостонист. Ин зани ҳалиму меҳрубон, хоксору поктинат, дорои дили бузурги инсонист.

- Ҳар як соҳибзабон эҳтиром, ҳифз, поку бегазанд нигоҳ доштани забони миллатро бояд қарзи ҷонию имонии худ донад, зеро забон ҳастӣ ва бақои миллат мебошад. Бо ин забон асарҳои ҷовидонаи бузургони миллати мо эҷод шудаанд, ки имрӯз дар дунё муаррифгари миллати тоҷиканд. Пас мо ҳуқуқи маънавӣ надорем, ки ба қадри забони давлату миллати худ нарасем, бегонапарастӣ кунем, забонро хор намоем. Лоиқи бузург барҳақ панд додаст: 


Заҳр бодо шири модар бар касе,

К - ӯ забони модарӣ гум кардааст.


Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ мақому мартабаи забонро дар дунё баланд бардошт. Тавассути ӯ забони тоҷикӣ аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ садо дод. Аз ин нигоҳ, бояд каломи поки модарро муқаддас донем, ба қадри бузургии дили модар ва забони ӯ бирасем,-андеша меронад муаллима, ҳомии забони миллат Барфигул Муродалиева.

Ҳама дастовардҳои муаллима Барфигул Муродалиева, шогирдони муассисаи хусусии таълимии  «Барфигул» - и ноҳияи Қубодиён дар ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ аз эҳтиром ба забон, китоб, илму дониш ва сарҷамъ намудани беҳтарин омӯзгорон дар ин боргоҳи маърифат сарчашма гирифтааст.

- Рисолати омӯзгор фарзандони арзандаи давру замонро ба камол расонидан аст, то фардо парчамбардори давлату миллати худ гарданд. Муаллими асил бояд касби худро содиқона дӯст дорад. Фарзандони халқро ба мисли фарзандони хеш донад, бо роҳи дурусти зиндагӣ, ватандӯстӣ, илму донишандӯзӣ, накукорӣ, ростқавлӣ, эҳтироми падару модар, устод, забону фарҳанги миллат ва дигар арзишҳою муқаддасоти миллӣ ҳидояташон кунад. Пешаи омӯзгориро азизу муқаддас медонем, зеро омӯзгор инсонро ба камол мерасонад, тарбия мекунад ва барои дар шоҳроҳи зиндагӣ мавқеъ ёфтан роҳнамоӣ менамояд,- бо як ҷаҳон эҳтиром ба номи муаллим арзи матлаб намуд собиқадори соҳаи маориф Барфигул Муродалиева.

Ин омӯзгори собиқадор дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, баъди хатми муваффақонаи мактаби миёна, соли 1977 Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанберо бо ихтисоси забону адабиёти тоҷик хатм намудааст. Солҳои 1973 - 1977 ба сифати муаллимаи синфҳои ибтидоӣ ва забону адабиёти тоҷик дар дабистони рақами 1 ифои вазифа намуда, соли 1998 бо саъю талоши зиёд мактаби типи нав - «Гимназияи бунёди Оли Сомон»- ро таъсис дод. То соли 2004 муддати 6 сол ба ҳайси директори ин гимназия ва солҳои 2005 - 2016 ба сифати директори Гимназияи хусусии ба номи Носири Хусрав фаъолият намудааст. Аз соли 2016 то имрӯз муассиси муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» мебошад. 44 сол дар соҳаи маориф фаъолият намудану ба дастовардҳои арзанда дар ин ҷода ноил гардидан кори саҳлу осон набуд.

- Дили маро ба касби муаллимӣ, содиқ будан ба пешаи омӯзгорӣ маҳз муаллима гарм намуд. Мо устодони имрӯз шогирдони дирӯзи муаллима будем. Ба қадри умр, вақти гузарон ва чунин инсонҳои наҷиб, дилсӯзу фидокор бояд расид,- бо арзи эҳтиром андеша баён кард муаллими забон ва адабиёти тоҷики ин боргоҳи маърифат Муҳаммадҷон Содиқов.

Имрӯз дар муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» - и ноҳияи Қубодиён 350 нафар толибилмон аз 17 нафар омӯзгорони варзида сабақ мегиранд. Шогирдон дониши хуб дошта, дар озмунҳои фаннӣ дар вилояту ҷумҳурӣ ва берун аз он пайваста мақоми ифтихориро ишғол мекунанд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ дар ин боргоҳи маърифат дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Шогирдони муассиса Ҷӯрамуродзода Хусрав гирандаи идрорпулии раиси вилоят, ҳамзамон «Хонандаи сол» дар ноҳия, Парвиз Зарифов - гирандаи идрорпулии президентӣ, ғолиби озмуни байналмилалӣ аз фанни риёзӣ дар давлати Корея, соҳиби мақоми аввал- медали тилло гардида, ифтихори устодони худ, ноҳияву вилоят ва ҷумҳурӣ мебошанд. Ҳар сол аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 99 фисади хатмкунандагони муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» - и ноҳияи Қубодиён ба Донишгоҳҳои бонуфузи мамлакат ва берун аз кишвар дохил мешаванд. Ин худ далели заҳмати ҳалоли устодону шогирдони мактаби таҷрибаи пешқадами устод Барфигул Муродалиева мебошад.

- Меҳри омӯзгориро аз овони хурдӣ дар дилам модарам бедор намуд. Имрӯз аз модари азизу дилбандам ифтихор дорам ва идомабахши кори ин инсони шарифу муътабарам, - мегӯяд директори муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» Афзалшоҳ Алимуродов.

Муаллима Барфигул Муродалиева ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суботи комил дар ҷомеа, дастгирӣ ёфтани ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Пешвои миллат аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба соҳаи маорифи кишвар баҳои арзанда медиҳад.

        - Бо роҳбарии муаллима устодони муассисаи хусусии таълимии «Барфигул» тавонистанд бо дониш, ҳунар ва малакаи омӯзгорӣ диққати падару модаронро ба худ ҷалб намоянд. Мо, волидон, имрӯз фарзандонамонро ба он муассисаҳои таълимие меорем, ки онҳо илму дониши дуруст бигиранд. Аз ин нигоҳ, ин муассиса  афзалият ва бартарии зиёд дорад ва фарзанди ман ҳам дастпарвари ҳамин дабистон мебошад, мегӯянд сокинони ноҳия.

Барфигул Муродалиева зани тоҷикро бофазлу дониш, ҳунарманд, солеҳа дидан мехоҳад. Дилаш аз пош хурдани оилаҳои ҷавон ба дард меояд.

-Оила ниҳоди муқаддас аст. Ҳеҷ гоҳ ба пошхӯрии оилаҳо, бахусус, оилаҳои ҷавон роҳ набояд дод, ки фардо ҷавондухтарону ҷавонписарон бо роҳи хато қадам гузоранд,- андешаронӣ мекунад ин зани фозилу рӯзгордида.

- Вақте зану духтари тоҷик нашъаманду майзада шуда, даст ба амалҳои носавоб, ҳатто худсӯзию худкушӣ мезанад, ин дарду доғи ҷомеа аст. Занону духтаронро аз ин роҳҳои хато баргардонидан ва ба ҳаёти солим равона кардан қарзи имонии аҳли ҷомеа мебошад. Бетарафӣ бешарафӣ, ноҷавонмардист. Фарзандонро аз ин роҳи хато баргардонед,- садо баланд мекунад ин зани инсондӯсту ватандор.

Шавҳари зиндаёдаш Эшмурод Алимардонов, ки солҳои зиёд ба сифати сарҳисобчӣ дар идораҳои давлатии ноҳия ва вилоят содиқона ифои вазифа дошт, соли 2003 дар садамаи нақлиётӣ вафот кард. ӯ дар симои фарзандону наберагон давоми умри бобою бибӣ, падари хеш ва шавҳари ҷавонмаргашро мебинад, ки аз зиндагии якҷоя Худованди бузург онҳоро соҳиби 5 писару ду духтар гардонд, ки ҳама соҳиби маълумоти олӣ мебошанд. Фарҳод, Заррина, Фирӯз, Фаридун, Ҷамшед, Афзалшоҳ ва Ганҷина дар вазифаҳои масъул дар ноҳияву вилоят ифои вазифа доранду ба халқу давлати худ содиқанд. 

Муаллима Барфигул Муродалиева имрӯз низ ҳамчун зани фаъол, ташаббускор дар ноҳияи Қубодиён дар пешрафту ободии ин гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳиссагузор буда, аз сиёсати созандаю бунёдкор, ҷабҳаи худшиносии миллӣ ҷонибдории комил менамояд ва фарзандону шогирдонро ба ин роҳ, роҳи расидан ба қуллаи мақсуд - фардои дурахшони давлату миллати тоҷик ҳидоятгар мебошад. Аз нигоҳи шоир:


Ҳар роҳ, ки туро мебарад рост, бирав,

Дар пеш ҳазор кӯҳу дарёст, бирав.

Ҳар қулла, ки фатҳ боядат кард, бикун,

Дур аст, аммо ба чашм пайдост, бирав.


Шералӣ САИД
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019