Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХАТЛОН. ГУСЕЛИ БОТАНТАНАИ НАВАСКАРОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ
Имрӯз, дар маркази вилоят - шаҳри Бохтар ба муносибати Рӯзи даъватшаванда чорабинии бошукуҳи тантанавӣ баргузор гашт.
Бо садо додани Суруди миллӣ нахуст, комисари ҳарбии вилоят Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006"-ро қироат намуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид даъватшавандагон, падару модари онҳо ва ҷавонмардони ватандӯстро, ки ба ҳифзи марзу буми кишвар омодаанд ба ин муносибат табрик намуд. Ӯ ҳамчунин аз ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастаанд тавсиф карда, онҳоро фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни боэътимоди сарзамини аҷдодӣ номиданд.
Даъватшавандагон ва модарони арҷманди онҳо низ ба сухан баромада, хизмат дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро барои ҳар як ҷавонмард мояи шарафу ифтихор арзёбӣ карданд.
Сипас, аз номи раиси вилоят ба 1000 нафар даъватшаванда, ки дар маросими гусели наваскарон аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бо ҳамин тартиб сарбозони Ватан ба майдон баромада, маҳорати ҳарбӣ ва ҷасорати мардонагии худро намоиш доданд.
Таҳти суруду мусиқии ватанпарварона хонандагони муассисаҳои таълимӣ барномаи театикунонидашудаи фарҳангиро манзури ҷамъомадагон гардониданд.
Двр идомаи чорабинӣ маросими анъанавии "Нонгазон" доир гашт.
Бо ҳамин ҷавонон ва даъватшудагон хушию хурсандӣ карда, рақсу бозӣ карданд.
"Сафо"
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



