Бойгонӣ

ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ПИРЯХҲО

Пиряхҳо захираи хеле муҳими оби ширин мебошанд. Онҳо дар давраи гармии сол барои обёрӣ ниҳоят заруранд. Барои олами набототу ҳайвонот ва мувозинати табиат низ хизмат мекунанд. Тағйирёбии иқлим ба таъмини оби пирях ба дарёҳо, обёрии заминҳо, гидроэнергетика ва дар маҷмуъ ба арсаҳои мухталифи ҳаёт таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Тоҷикистон аз рӯи шумораи пиряхҳо пешсаф аст ва калонтарини онҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар кишвари мо ҷойгиранд. Кӯҳҳои баланди ватанамон макони пиряхҳои азим мебошанд. Масоҳати умумии пиряхҳо камаш9 ҳазор километри мураббаъ ё тақрибан 6- 8 фоизи қаламрави кишварро ташкил медиҳанд. Дар кӯҳҳо дар баландии 3000 -3500 метр барфи мавсимии солона ва яхҳои бисёрсола оғоз меёбад. Барф ҳар сол обро захира мекунад, дар ҳоле, ки пиряхҳо обро даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо нигоҳ медоранд ва тағйирёбии боришотро дар давраи хушкӣ ҷуброн мекунанд.
Дар даҳсолаҳои охир дар зери таъсири тағйирёбии иқлим баъзе пиряхҳои калон километрҳо коҳиш ёфта, ақибнишинӣ карданд. Олимон мегӯянд, ки раванди обшавии пиряхҳо тақрибан бебозгашт аст ва даврони саноатӣ ин равандро танҳо метезонад.
Давраи охирини пиряхшавӣ, ки онро давраи яхбандии хурд низ меноманд аз асрҳои 13-14 - уми мелодӣ оғоз ёфта, то имрўз идома дорад. Дар ин давра панҷларзиши пиряхҳо ба амал омад, ки дар онҳо пиряхҳо фаъол шуда, дар водиҳо хеле ба поён ҳаракат мекарданд. Ҳади максималии фаъолшавии онҳо дар миёнаҳои асри19 мушоҳида шудааст. Пас аз ин марҳилаи таназзули пиряхҳо оғоз ёфт, ки дар тӯли 160 соли охир ақибнишинӣ мекарданд.
Гармшавии ҷаҳонӣ ба қуллаҳои Помир расидааст. Яхҳои чандинасра аллакай дар зери фишори ҳарорати гарми замин, ки ҳоло дар сайёраи мо мушоҳида мешавад, ба таври равшан ақибнишинӣ мекунанд.
Аз њуҷҷатҳои таърихӣ маълум аст, ки пиряхи Федченко қариб ба 172 километр мерасид ва он ба дарёи Сурхоб наздик омада буд. Бари пирях дар қисми фронталӣ ба 4 километр, дар мобайни ҷараёни он ба 5 километр ва дар болооби водии барфӣ ба 6 километр расид. Имрӯз дарозии ин пирях, ки ҳоло Ванҷях ном дорад аз 77 километр зиёд нест ва он калонтарин пиряхи Тоҷикистон ва яке аз бузургтарин пиряхи кӯҳӣ дар миёнаҳои арзи кураи замин аст.
Пиряхи Ванҷях дар кӯҳсори Помири Шимолу Ғарбӣ воқеъ аст. Пиряхи дендритикии (дарахтмонанд) Ванҷях, ки водии мураккаби яхбастаи барфӣ аст, шохобҳои зиёди пиряхҳои хурду калон дорад.
Соли 1979 ғафсии забони пиряхи Ванҷях 40- 45 метр буд. Дар соли 1998 ҳамагӣ 20- 25 метр боқӣ монд. Ҳангоми экспедитсияҳои солҳои 80-ум мушоҳидаҳои визуалӣ ва моҳона дар пиряхҳо нишон доданд, ки дар мавсими кӯтоҳи тобистон қабати болоии пирях об шуд.
Дар айни замон вазъият дигар аст. Обшавии фаъоли пирях мушоҳида намешавад ва мушоҳидаҳои визуалӣ ҳолати қариб бефаъолияти пиряхҳоро нишон медиҳанд. Гуфтан мумкин аст, ки пирях ва қабати барфи он дар тобистон қисман об мешавад ва ин дар як сол њамагӣ 30- 40 рӯзро ташкил медиҳад. Дар давоми 320 рӯзи боқимондаи сол пирях дар марҳилаи ҷамъшавии боришот дар шакли барф қарор дорад. Зимистони арктикӣ, ки дар пирях дар даҳрӯзаи аввали моҳи сентябр оғоз ёфта, дар даҳрӯзаи сеюми июли соли оянда ба охир мерасад, то имрӯз давом дорад.
Тадқиқоти ҳавоӣ дар соли 2022 тасдиқ карданд, ки раванди барқарорсозии пиряхҳо идома дорад. Ба ин боришот дар шакли барф мусоидат мекунад, ки мо мутаассифона дар бораи миқдори он амалан маълумот надорем. Ҳоло дарозии пирях қариб 77 километр, бари миёнааш 2 километр ва бари максималии он 5 километр мебошад. Масоҳати пирях 156 километри мураббаъ ва бо тамоми шохобҳояш 823,5 километри мукааб мебошад.
Ғафсии максималии ях як километр аст. Ҳаҷми пирях бо шохобҳояш144 километри мукааб мебошад. Вай дар баландии 6200 метр аз сатҳи баҳр оғоз ёфта, нуги забонии он дар баландии 2909 метр воқеъ аст. Дарёи Селдара аз пиряхи Ванҷях ҷорӣ шуда, бо дарёҳои Баландкиик, Каинди ва Сауксай якҷоя шуда, дарёи Муксуро, ки ҳавзаи дарёи Вахш мебошад, ташкил медињад.
Пиряхшиносони тоҷик даҳсолаҳо боз ин пиряхи азимро меомӯзанд. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ обшавии барфу ях дар моҳҳои июл ва августи солҳои 80-ум ба ҳадде шадид буд, ки оби он дар натиҷа ба маҷрои шадиди рӯдхона табдил ёфт.

Дар марҳалаи ҳозира ба гуфтаи олимон хабари ноумедкунанда ин аст, ки пиряхҳо ҳамасола коҳиш меёбанд ва ин падида аз зарурат зудтар ба амал меояд. Минтақаи пиряхшавии Ванҷях низ обшавии шадидро аз сар гузаронидааст. Пиряхҳои сершумори хурд шохобҳои ба ҳайати пирях дохилшуда аз ҷараёни асосӣ ҷудо шуда, мустақил шуданд. Аммо вазъият дар минтақаи баландкӯҳ ба сӯи беҳтар тағйир ёфт. Аз солҳои 2007- 2008, ки давраи сарди зимистони сол дар Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шуда буд, боиси як қатор падидаҳои ғайриодӣ гардид.
Дар ҳавзаи пиряхҳои Ванҷях набзи пурзӯри пиряхҳо ба қайд гирифта шуд. Зиёда аз сӣ пирях ба як ҷӯйбори яхҳои пурқувват муттаҳид шуда буд, ки ҳаракати онҳо ҳафт километр пеш мерафт. Пиряхи Бивачный, ки яке аз калонтарин шохобҳои соҳили чап мебошад, ба тарафи чапи пиряхи Ванҷях часпида, бо ҳамин барои зиёд шудани массаи пиряхҳои гиреҳи Ванҷях замина ба вуљуд овард.
Гармо пас аз Ванҷях дуюмин пиряхи калонтарин дар Помир мебошад. Вай дар байни нишебиҳои баланди пуштаҳои Пётри якум ва Дарвоз воқеъ буда, бо пуштаи Академияи миллии илмҳо ҳам бархурд дорад. Дар болои он қуллаҳои баландтарини Тоҷикистон воқеъ гардидаанд. Дарёи Гармо, ки аз пирях љорӣ мешавад, аз тарафи рост ба дарёи Қирғизоб ва аз тарафи чап ба дарёи Бохуд љорӣ мешавад.
Мушоҳидаҳои пирях соли 1940 cap шуда буданд. Онҳо нишон доданд, ки пирях дар ҳолати таназзул аст. Солњои 1985-1990 аз забонаш яхбандии масоҳати 3,5 киллометри мураббаъ ва дарозиаш 3600 метр ҷудо шуд. Ҳоло ин яхи “мурда” зуд об мешавад. Дар сатҳи забони пиряхи Гармо кўлҳои бисёре пайдо шуданд. То соли 2021 пиряхи Гармо дар як сол тақрибан 9 метр ақибнишинӣ мекард. Сатњи он ба ҳисоби миёна дар минтақаи зебои қисми пирях соле 2- 4 метр паст мешуд.
Ба туфайли мушоҳидаҳои заминӣ ва ҳавоӣ дар солҳои охир массаи шохобҳои ях ва худи пиряхи Гармо тадриҷан барқарор мешавад. Ва пешгӯии муқаддамотӣ, ки раванди шадиди обшавии пирях дар ояндаи наздик суръат мегирад, метавонад иштибоҳ бошад.
Пиряхи азими дендрити (дарахмонанди) Зарафшон дар болооби водии ҳавзаи дарёи Зарафшон дар байни нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Туркистон ва нишебии шимолии қаторкӯҳи Зарафшон ҷойгир аст.
Пирях аз қабати болоии асосӣ ва қариб бист шохоб иборат аст. Мувофиқи тадқиқоти чандинсолаи Агентии обуҳавошиносӣ дарозии пирях 26,5 километр ва масоҳати он 38,2 километри мураббаъ мебошад. Ҳаҷми умумии пирях аз рӯи маълумоти бойгонӣ 14,4 киллометри мукааб мебошад. Дар натиҷаи пажӯҳишҳои чандинсолаи мутахассисон аз соли 1979 то соли 2023 забонаи ин пирях беш аз 2000 метр ақибнишинӣ кардааст. Суръати ақибнишинии қисми забони он пеш аз ҳама ба яхи “мурда” вобаста аст, ки пораҳои ях аз забони пирях ҷудо шуда, ба яхи “мурда” табдил меёбанд, ин ба ақибнишинии забони пирях таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Бояд гуфт, ки масоҳати пиряхи Зарафшон тақрибан то 1,35 киллометри мураббаъ ҳаҷми яхҳои обшуда тақрибан то 1,7 киллометри мукааб кам шудааст.
Тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон нишон медиҳад, ки болоравии пешбинишудаи ҳарорат боиси коҳиши шумори рӯзҳои сардӣ хоҳад шуд. То соли2050 шумораи рӯзҳоишабнам, тибқи моделҳои гуногуни иқлим 15-50 рӯз дар як сол коҳиш меёбад. Миқдори рӯзҳое, ки бориш даршакли борони шадид зиёд мешавад. Таҳлилҳомуайян карданд, ки суръати гармшавии солона дар қисмати шимолии кишвар баландтарин аст. Ин дар ҳолест, ки боришот дар ҷанубу шарқ кам мешавад. Дар ин ҷо бориш аз соли 1950 инҷониб дар як сол тақрибан як фоиз кам мешавад.
Интизор меравад, ки то солҳои2060- 2080 ҳаҷми обе, ки аз обшавии пиряхҳо ба вуҷуд меояд, кам мешавад. Зеро имкон дорад то он вақт баъзе пиряхҳо комилан аз байн раванд, ки ин ба тавозуни об на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми Осиёи Марказӣ таъсир мерасонад.

Амонҷон Маҳкамов, “Сафо”
Мирзо Асозода, экожурналист
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019