Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БАХШИДА БА ИДИ КАСБИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди касбии кормандони мақомоти прокуратураро ҷашн гирифта истодаанд.
Дар шароити созмон ёфтани давлати ҳуқуқбунёди миллӣ, таъмини ҷомеаи адолатпарвар, дар сатҳи арзиши баланд эълон доштани ҳуқуқҳои инсонӣ, ҷиҳати таъмини озодии шаҳрванд - нақши назорати прокурорӣ дучанд афзуда, яке аз муҳимтарин кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат баромад менамояд.
Мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои самти фаъолияти кории соҳаи худ бевосита бо дигар мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ низ ҳамкорию ҳамбастагии зичи худро доимо ба роҳ мемонад.
Аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун давлати соҳибистиқлол баромад намуда, назорати дақиқ ва риояи иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромад ва суханронии худ борҳо зикр намудаанд, ки мақомоти Прокуратура яке аз сохтори калидӣ ва муҳими низоми давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надошта, иҷрои ҳатмии қонунҳоро дар тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилоту муассисаҳо ва дар байни шаҳрвандон назорат намуда, дар кишвар фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки вазифаи асосии мақомоти прокуратура ин пеш аз ҳама аз таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқи инсон, озодии шаҳрвандон, манфиатҳои бо қонун ҳифзшавандаи давлат ва ҷамъият иборат мебошад.
Инчунин, дар ин раванд баррасии муроҷиати шаҳрвандон, тафтишу таҳқиқи омилҳои ҷиноӣ, назорати истифодаи замин, иҷрои нақшаи андоз, мубориза бо фасод, ҳифзи муҳити зист, назорати таъмини ҳолати санитарию эпидемиологӣ, муҳофизати меҳнат ва таъмини техникаи бехатарӣ, мубориза бо омилҳои террористӣ – экстремистӣ ин бевосита ба иҷрои санадҳои эътиноии прокурорӣ ва дар амал пешгирӣ намудани қонуншиканӣ дар марҳилаи ҳозира ба ҳисоб меравад. Инчунин таҳкими қонуният ва назорати тартиботи ҳуқуқӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳаррӯзаи мақомоти прокуратура эътироф гардидааст.
Назорати прокурорӣ дар бахши риоя ва иҷрои қонунгузорӣ, ки ба ҳифзу ҳуқуқи озодиҳои инсонӣ ва шаҳрванд нигаронида шудааст, самти аввалиндараҷаи фаъолияти мақомоти прокуратура ба ҳисоб меравад.
Прокуратураи вилояти Хатлон бо назардошти вазъи имрӯзаи назорати иҷрои қонун, самтҳои афзалиятноки корҳои назорати прокурорӣ барои муайян намудани натиҷа ва амалӣ намудани ҳадафҳои нақшавӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Ёдовар мешавем, ки барои арз ва эҳтиром гузоштан ба хизматҳои шоистаи кормандони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни ироаи Паёми имсолаи худ Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки аз аввали соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 40 фоиз зиёд карда шавад. Ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти ҳайати шахсиро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд зиёд менамояд.
Чунон чи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Дар ташаккули давлати нави ҳуқуқбунёд, ки мо бо иродаи мардум роҳи бунёди онро пеш гирифтаем, нақши прокуратура ниҳоят муҳим аст. Чунки фаъолияти он аз назорати иҷрои якхелаи қонунҳо, таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. Дар баробари ин, прокуратура яке аз сохторҳои муҳимтарини низоми давлатдорӣ буда, ба ягон шохаи ҳокимият тааллуқ надорад ва иҷрои ҳатмии қонунҳоро аз ҷониби тамоми шохаҳои ҳокимият, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони мансабдор назорат намуда, дар мамлакат фазои ягонаи ҳуқуқиро фароҳам меорад”.
Боварии комил дорам, ки кормандони прокуратураи вилоят вазифаҳои пурмасъули хешро вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дили софу иродаи қавӣ иҷро менамоянд.
Бо ин ниятҳои нек ҳамаи кормандони прокуратураи вилоятро бори дигар ба муносибати иди касбии мақомот табрик намуда, ба ҳар яки Шумо тансиҳатӣ, хушбахтӣ, хонаободӣ ва дар вазифаи пурмасъули хизматӣ барори кор ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям.
Идатон муборак!
Добавить комментарий
Ахбор
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:59РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:54РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД 18:48ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 18:41МУСОБИҚАИ КУШОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ҶУДО БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР 18:34РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД 18:27ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА 18:21ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД 14:06
Серхонандаҳо
ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО
ҶАЛАСАИ ФАВРӢ ОИД БА БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОБХЕЗӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ. АЗ ЧӢ БОЯД ЭҲТИЁТ КАРД?
ҶАЙҲУН. ОЗМУНИ “КИТОБХОНИ БЕҲТАРИН” БАРГУЗОР ГАРДИД
ЁВОН. ЯК КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ МУМФАРШ ГАРДИД
ҶАЙҲУН. ҶАМЪОВАРИИ ПИЁЗИ БАРВАҚТӢ ОҒОЗ ШУД
БО ЗАМИН ҲАМНАФАС, БО ЗАҲМАТ САРБАЛАНД
Нақши воситаҳои ахбори омма дар пешгирии коррупсия
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД



