Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДӮСТӢ. ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ВА МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН
Субҳи имрӯз, 23 декабр Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ қабули сайёри шаҳрвандон баргузор намуда, бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот анҷом дод.
Дар ибтидо раиси вилоят бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, қайд кард, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва ҳамеша, дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.
Сокинон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ, гирифтани гранти раиси вилояти Хатлон, расонидани кӯмак барои табобати фарзанд, расондани кӯмаки молиявӣ ва ғизоӣ ба оилаҳое, ки фарзандони маъюб доранд, нарасидани оби полезӣ, насби симчӯбҳо барои интиқоли барқ дархосту пешниҳодоти худро ироа намуданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Пас аз қабули сайёри шаҳрвандон раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва мо кӯшиш мекунем, ки сари вақт онҳоро ба анҷом расонем.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ аз саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳия дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, тандурустӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.
Дар вохӯрӣ раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худовезӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон ва хатару таҳдидҳо, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки дар ин самт кор ҷоннок карда шавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз раиси вилоят аз хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ ба номи Эргаш Султонов дидан карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшиданд ва аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 огоҳ гардиданд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ 13:48БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
ҶОМЕАИ ҚОНУНМЕҲВАР – КАФИЛИ ФАРДОИ ДУРАХШОН



