Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
Муҳтарам кормандон ва хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ!
Солгарди навбатии таъсисёбии мақомоти милитсяи тоҷик дар замоне таҷлил мегардад, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муддати 32 сол арзи ҳастӣ дошта, дар қатори кишварҳои мутараққии ҷаҳон ба сӯи рушду тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад ва бо кӯшишҳои пайвастаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳаёти мардуми мамлакатомон дар фазои орому осоишта ва суботи комили сиёсӣ идома дорад.
Бо камоли ифтихор ҳамаи кормандон, хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳомиёни ватанро барои саҳми бисёр арзишмандашон дар роҳи эъмори ҷомеаи демократву ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар кишвар ба ифтихори ҷашни касбиашон - Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.
Мақомоти милитсия тибқи таъиноти худ ҳамеша вазифаҳои мураккабу муҳими давлатиро дар самти таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва таҳкими қонуният ба сомон мерасонанд.
Роҳи пуршарафи пешгирифтаи милитсияи тоҷик дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шабу рӯз хизмати софдилона кардаанд. Аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.
Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Мақомоти корҳои дохилии мамлакат дар даврони истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди мушкилоти зиёди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ба як сохтори муқтадири ҳифзи ҳуқуқи кишвар табдил ёфта, имрӯз қодиранд, ки якҷо бо дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бар зидди ҳама гуна амалҳои ҷинояткорона, яъне унсурҳое, ки ба амнияту суботи дохилии давлату ҷомеа ва умуман зиндагии осудаи мардуми Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд, мубориза баранд”.
Маҳз бо дастгириву ғамхории пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба як ниҳоди боэътимоди пурқувват, кафили амнияти дохилии кишвар мубаддал гардид. Дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия, ҳар як фарди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.
Мақомоти корҳои дохилӣ кафили пойдории давлат буда, яке аз бузургтарин сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад, ки ба зиммаи он доираи васеи вазифаҳо, аз таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба ҷинояткорӣ сар карда, то риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мубориза бар зидди сӯхтор вогузор карда шудааст. Давлат маҳз тавассути мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, махсусан милитсия бар зидди чунин зуҳуроти нангин мубориза бурда, барои тамоми мардум ҳаёти осоишта, ҳифзу ҳуқуқу манфиатҳо ва тартиботи комили қонуниро кафолат медиҳад.
Ҳамчунин, пешрафти тамоми соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва нуфузи байналмилалии он аз сулҳу суботи ҷомеа вобастагии калон дорад, ки он низ ба сатҳу сифати фаъолияти кормандони милитсия ва иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматӣ робитаи бевосита дорад. Зеро маҳз ин мақомот дар набарди пеши мубориза бо ҷинояткорӣ қарор доранд ва ҳамарӯза ҷони худро дар хатар гузошта, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва волоияти қонунро таъмин менамоянд.
Бо ҳамин мақсад фаромӯш набояд кард, ки мардум ба фаъолияти Ҳукумат, аз ҷумла аз рӯи масъулиятшиносии ҳар як корманди мақомоти қудратӣ дар роҳи таъмини адолати иҷтимоӣ ва муборизаи оштинопазир бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ баҳо медиҳад.
Дар ин ҷода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо баҳри беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии кормандони ин ниҳод, ҷудо намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ ба онҳо, сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири инфрасохторҳои он, таъмини нозирони минтақавӣ бо бино ва таҷҳизотҳои техникӣ, дастгирии кормандон, собиқадорон ва оилаҳои дар вақти адои хизмат фавтида дар рӯзҳои иду ҷашнҳо мусоидат намуда, минбаъд низ кӯшишу тадбирандешӣ менамояд.
Итминон дорам, ки кормандони мақомоти милитсия дар вилоят доимо барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун неруи маънавию ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона, бо дасту дили пок ва содиқона хизмат менамоянд.
Ҳамзамон бовар дорам, ки ҳар корманди милитсияи вилоят манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, минбаъд низ риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои худ тақвият мебахшанд ва дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои мардуми кишварамон саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоянд.
Бори дигар тамоми кормандони милитсияи вилояти Хатлонро бо иди касбиашон табрик гуфта, дар адои вазифаи пуршарафу пурмасъулияташон ба нафъи давлат ва халқи кишвари азиз муваффақият орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак, дӯстони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад