Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЧОРАБИНИИ ТАБЛИҒОТИИ ЛОИҲАИ JDS
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон чорабинии таблиғотии Лоиҳаи JDS баргузор гардид.
Дар он Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Томината Юки, роҳбари дафтаи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шифо Шарифзода, мушовири калони дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст Орифзода Муҳаммад, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки ин лоиҳа барои хизматчиёни давлатӣ имконияти хуб аст, ки дар Япония касбияти худро сайқал диҳанд.
Дилноза Аҳмадзода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ гуфтанд, ки Созишномаи грантӣ доир ба “Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ” байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2023, № 405 маъқул дониста шуда, 31 августи соли 2023 аз ҷониби Вазорати молия ба имзо расонида шуда, заминаҳои ҳуқуқӣ барои таҳсил фароҳам оварда шудаанд.

- Ҳадафи лоиҳа барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Дошиша, Донишгоҳи Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита ба таҳсил фиристода мешаванд, - гуфт Томината Юки, роҳбари дафтаи Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар чорабинӣ хизматчиёни давлатӣ аз шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



