Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Фирдавс Раҳмонов : Ба худтабобаткунӣ машғул нашавед
Даричаи ошноӣ
Фирдавс Раҳмонов - хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино, Орденатураи Донишгоҳи давлатии тиббии шаҳри Москва ба номи И. В. Сеченов, иштирокчии конференсия ва конгрессҳои илмӣ дар кишварҳои Россия ва Қазоқистон, духтури дараҷаи олӣ
- Ҳамасола бо фарорасии фасли гармо бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла бемориҳои пӯст низ хуруҷ менамояд. Албатта, гармшавии аз ҳад зиёди ҳаво барои саломатии инсон як қатор мушкилотро пеш меорад,- мегӯяд Фирдавс Раҳмонов, духтури Маркази бемориҳои пӯсту зуҳуравии вилояти Хатлон.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар баъзе ҳолатҳо бисёр шахсон ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор мешаванд, аммо бемории худро пинҳон менамоянд ва саривақт ба духтур муроҷиат намекунанд. Дар натиҷа табобати беморӣ мушкил мегардад.
Ҳаким Абуали ибни Сино чи хуб гуфтааст:
Агар хоҳӣ, ки бини рӯи дармон,
Макун дард аз табиби хеш пинҳон.
Хуб мешавад, ки дар мавриди мушоҳидаи аввалин нишонаҳои беморӣ шахс ба духтур муроҷиат намояд ва тибқи тавсияи табибон амал намояд.
- Бемориҳои пӯст хеле гуногун мешаванд. Вобаста ба шароити табиӣ ва иқлими кишвари мо намудҳои бемориҳои замбурӯғӣ бештар паҳн гардидааст.
Таснифоти баъзе бемориҳои пӯстро ба таври зайл нишон додан ба мақсад мувофиқ аст: доначак, барас (сафедшавии пӯст), дардхориш, дерматити перморалӣ, микроспория (занбурӯғи зоофилӣ), обиласорӣ, розатсеа (захмҳои пӯсти рӯй), токсидермия (дерматити шадиди бемориҳои рӯйпуши пӯст), хоришак (канаи хориш), шукуфаи фалсӣ (бемории музмини илтихобии пӯст), экзема (бемории аллергикии пӯст), эритразма (бемории бактериявии пӯст), педикулёз (беморие, ки барангезандаи он шабушк мебошад) ва ғайраҳо. Сабабҳои пайдоиши бемориҳои пӯст хеле бисёру гуногун аст, - мегӯяд Фирдавс Раҳмонов.
Тавре ин табиби кордон ва ботаҷриба иброз медорад, роҳҳои асосии пешгирӣ аз касалиҳои пӯст ин риоя кардани қоидаҳои санитарӣ – гигиенӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист, истеъмоли таомҳои парҳезӣ, худдорӣ кардан аз тамос бо ҳайвоноту парандаҳои бемор, напӯшидани либосҳои синтетикӣ, оббозӣ накардан дар ҷӯю канал ва ҳавзҳои обашон ифлос мебошад.
Баъзе шахсоне, ки гирифтори бемориҳои пӯст мешаванд, бо усули худтабобатӣ аз гиёҳҳои шифобахш истифода мебаранд, ки он дар бисёр мавридҳо натиҷаи хуб намедиҳад. Хуб мешавад, ки онҳо дар ин самт аз маслиҳату тавсияҳои духтурони соҳибтаҷриба истифода баранд. Зеро яке аз усулҳои табобати камарзишу фоидаовар, ин истифодаи дурусти гиёҳҳои табобатӣ мебошад.
Чуноне ки духтур Фирдавс Раҳмонов дар идомаи суҳбат илова намуд, аксарияти бемороне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, гирифторони бемории рихининҳои гулобӣ, эритразма (бемории бактериявии пӯст), розатсеа (захми пӯсти рӯй) мебошанд. Агар ин бемориҳо сари вакт табобат карда нашаванд, оқибат ба пӯсидашавии пӯсти рӯй оварда мерасонанд.
- Хушбахтона имрӯз илми тибби муосир дар самти мубориза, пешгирӣ ва табобати бемориҳои пӯст ба дастовардҳо ва комёбиҳои баланд ноил гардидааст. Мояи ифтихору сарбаландист, ки ҳамасола таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ бештар мегардад. Дар Маркази бемориҳои пӯсту зуҳуравии вилоятӣ низ таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ дастрас гардид. Аз ҷумла, ба Маркази мо чанде пештар як дастгоҳи наву муосири тиббии ПУВА ворид карда шуд, ки он кори моро дар самти табобати бемориҳои пӯст осону қулай намуд. Инчунин, мо боз соҳиби як дастгоҳи замонавии тиббӣ гардидем, ки он барои табобати самараноки бемориҳои кафи пойҳо ва нохунҳо хеле манфиатовар аст, - афзуд Фирдавс Раҳмонов.
Ташхиси бемориҳои пӯст аз муоинаи пурра ва таҳқиқи пӯст асос меёбад.
Бояд зикр намуд, ки духтур беморро оид ба кай гирифтор шуданаш ба ин беморӣ, сӯзиши дард, шикоятҳои ӯ аз вазнинии дард пурсида, баъди таҳлил ва ташхис ба табобат шуруъ намояд.
Мавриди зикр аст, ки на ҳамаи бемориҳои пӯст гузарандаанд. Масалан, бемории барас (сафедшавии пӯст), ки бо пайдоиши доғҳо ва мӯйҳои сафедшуда дар қисматҳои гуногуни бадан ба назар мерасад, гузаранда нест. Бисёр одамон, аз ҷумла наздикони бемор аз ӯ дурӣ меҷӯянд. Бемор бошад, аз чунин муносибати онҳо азоби руҳӣ мекашад.
Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, духтури мушфиқ Фирдавс Раҳмонов беморон аз маслиҳату тавсияи табибон дурӣ наҷӯянд ва худсарона ба худтабобаткунӣ машғул нагарданд. Худтабобаткунӣ оқибатҳои ногувор дорад. Солимии худро эҳтиёт намоянд, ҳаёти худу наздикон ва аҳли ҷомеаро ҳифз намоянд.
Аъзам Бобоев
Добавить комментарий
Ахбор
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР 11:06МАҲБУБИ КӮДАКОН 10:482025 – СОЛИ ФАТҲИ ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ ДАР ХАТЛОН 10:39ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026 10:29ЭЪЛОМИЯИ КУРУШИ КАБИР – БОЗГӮИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 10:34Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад 14:36ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД 14:11Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд 15:13
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026
БОХТАР. НАСБИ АРЧАИ СОЛИНАВӢ БО БАЛАНДИИ 24 МЕТР
«ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - ПАЁМИ СОЗАНДА ВА КАФИЛИ ТАЪМИНИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР»
Бохтар. 1,5 километр роҳ мумфарш карда шуд
Ҷ. БАЛХӢ. 8 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
ЁВОН. НАСБИ ГУЗАРГОҲИ ЭЛЕКТРОНӢ ДАР КӮДАКИСТОН
ХАТЛОН. 60 ФОИЗИ НАФАҚАГИРОН АЗ ҚАЙД ГУЗАШТАНД
Дар Хатлон 600 ҳазор дарахт шинонида мешавад
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – РОҲНАМОИ РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР
МАҲБУБИ КӮДАКОН



