Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЗ БАДАХШОН ОМӮЗГОР МЕОРАНД
То оғози соли таҳсили нав ба ноҳияи Ҷайҳун 60 омӯзгор аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон оварда мешавад.
Дар ин бора раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода замни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
То имрӯз аллакай 10 нафар омӯзгорон ба кор ҷалб шуда, боқимонда аввали моҳи сентябр ҷалб хоҳанд шуд.
-Бо мақсади ҷалби омӯзгорон аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон муовини раиси ноҳия ва мудири шуъбаи маориф ба Бадахшон сафари корӣ анҷом дода, ҷиҳати ҷалби омӯзгорони ботаҷриба суҳбату мулоқотҳо анҷом дода буданд, - гуфт А. Одиназода.
Омӯзгороне, ки ба кор ҷалб мешаванд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо замини наздиҳавлигӣ таъмин мешаванд. Дар ин баробар то ҷудо гардидани қитъаи замин омӯзгорони ҷалбшуда бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд.
Аллакай аз 60 омӯзгоре, ки аз Бадахшон ба ноҳияи Ҷайҳун ба кор даъват шудаанд, 4 омӯзгори фанни математика, 2 омӯзгори фанни таърих ва 4 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ омада дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба кори хеш оғоз бахшиданд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



