Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АВТОБУСҲОИ ҶАМЪИЯТӢ БА БОХТАР РАСИДАНД
Субҳи имрӯз нахусти қатори автобусҳои ҷамъиятии мусофиркаш иборат аз 15 адад ба шаҳри Бохтар расиданд.
Дар назар аст, ки ба фаъолияти ин автобусҳо аз 1 сентябри соли ҷорӣ шуруъ гардад.
Раиси шаҳри Бохтар Файзулло Баротзода ба “Сафо” иттилоъ дод, ки воридсозии автобусҳо дар се марҳила ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ 39 автобус оварда мешавад. Давоми 10 рӯзи аввал хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон ройгон ба роҳ монда мешавад. Инчунин барои маъюбон ва эҳтиёҷмандон имтиёзҳо низ пешбинӣ шудаанд. Хизматрасонӣ дар ин нақлиётҳои ҷамъиятӣ ба тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда шуда, барои фаъолияти муназзам ба муштариён 40 ҳазор кортҳои пластикӣ омода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки воридсозии автобусҳо дар доираи як лоиҳа аз ҷониби бонки аврупоии “Таҷдид ва рушд” амалӣ гардида, арзиши умумии он 9,2 миллион долларро дар бар мегирад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



