Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҚОНУНШИКАНИҲО ОШКОР ГАРДИДАНД
Дар давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон ба Прокуратураи вилояти Хатлон зиёда аз 3600 адад муроҷиатҳо ворид гардидааст, ки 34,8 фоизи онҳо вобаста ба замин мебошанд.
Дар ин бора прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт, ки дар самти назорати иҷрои қонунгузории замин 97 санҷиш гузаронида шуда, дар натиҷа 3794 қонуншиканиҳо ошкор гардиданд. Баҳри бартарафсозии онҳо унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 1458 санадҳои прокурорӣ бароварда шуда, бо натиҷаи баррасии ин санадҳо 1973 нафар ба ҷавобгариҳои моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Инчунин барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабӣ ва характери коррупсионидоштаи ба замин алоқаманд 300 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Зикр шуд, ки дар ин давра бо санадҳои эътиноии прокурорӣ 4346 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ тақсимгашта ба ҳолати аввала баргардонида шудаанд.
Ҳамчунин давоми шаш моҳи сипаригардидаи соли равон аз ҷониби прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба 256 адад қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз оварда шудааст, ки 92 адади он ба раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо тааллуқ доранд.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД


