Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ДАР ХАТЛОН АМАЛИЁТИ “НЕЛЕГАЛ – 2023” РАФТА ИСТОДААСТ
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалиёти “Нелегал – 2023” оғоз гардидаю идома дорад. Ин амалиёт дар ду марҳила, аз қабили “Нелегал – Трафик” ва “Нелегал – Кордон” гузаронида мешавад.
Марҳилаи якуми он аз 19 июн оғоз гардида то 25 июни соли равон идома меёбад ва марҳилаи дуюм бошад рӯзҳои 2 то 8-уми октябри соли ҷорӣ гузаронида мешавад.

Тавре саҳифаи фейсбукии Милитсияи Хатлон иттилоъ додааст: “Мутобиқи Нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъии СААД оид ба муқовимат бо муҳоҷирони ғайриқонунии “Нелегал – 2023”, ки аз 15 апрели соли 2023 тасдиқ шудааст, дар ҳудуди давлатҳои аъзои СААД амалиёти минтақавии “Нелегал – 2023” дар ду марҳила гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур, санҷиши тартиби риояи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, манзилҳои истиқоматӣ, меҳмонхонаҳо, хобгоҳҳо ва иншоотҳои корӣ, ошкор намудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки бе раводид, бе қайди шиноснома дар мақомоти корҳои дохилӣ, бе иҷозат барои кор ва шиносномаҳои беэътибор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош ва фаъолияти меҳнатӣ доранд, иборат мебошад.”

Ин амалиёт дар вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо ҳайати шахсии масъулини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Хадамаоти муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
Сулаймон СУЛТОН
(Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Милитсияи Хатлон)
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



