Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ БУЛҒОРӢ ДАР ВАХШ
40 гектар замини ноҳияи Вахшро қаламфури ширин ва тез ташкил медиҳад. То имрӯз аллакай деҳқонони минтақа, наздик ба 100 тонна ин намуди маҳсулоти кишоварзиро ҷамъоварию ба бозор баровардаанд.

Ба иттилои Қаюм Алимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш хоҷагидорон, ҳамагӣ ду ҳафта мешавад, ки ба ҷамъоварии булғорӣ оғоз кардаанд. Ҳоло, ҳосил дар гармхонаҳои мавсимии ҳудуди ноҳия фаровон буда, ниҳолони қаламфури ширину тез пурбор аст.

Тибқи иттилои ӯ, ҷамъоварии ҳосили булғорӣ то моҳҳои июл ва август идома хоҳад кард. Деҳқонон бо ғӯндоштани ҳосили қаламфури тезу ширин ва таъмини дукону бозорҳои ҷумҳурӣ ба он, талош менамоянд нархро барои сокинон дастрас гардонанд.

Ба идаои Қаюм Алимов, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Вахш, 1 килограмм булғорӣ дар бозорҳои мамлакат 40 сомонӣ арзиш дошт, замоне, ки деҳқонони ин минтақа ба ҷамъоварии ҳосили дастранҷи хеш оғоз карданд. Ҳоло бошад, 1 кг булғорӣ, дар саҳро 10 сомониро ташкил медиҳад.
Низоми ИСО
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?



