МАШВАРАТИ ИТТИЛООТӢ

   Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо иштироки коршиносон, намояндагони масъули Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварии ҷинсӣ» семинар - машварати иттилоотӣ баргузор шуд.

Дар ҷомеаи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ тибқи талаботи Конститутсия ва дигар қонуну санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Созишномаҳои байналмилалӣ дахлнопазир ва арзишҳои олӣ маҳсуб меёбанд. Мавзӯе, ки дар семинари иттилоотӣ оид ба «Пешгирии зӯроварии ҷинсӣ» бо иштироки доираи васеи ҳуқуқшиносону коршиносон, намояндагони масъул ва устодону донишҷӯён матраҳ гардид, бештар иттилоъ додан ба ширкаткунандагон фаҳмонидани моҳияти қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», омода будани ҳар як шаҳрванд, бахусус,занону хоҳарон ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои худ маълумоти зиёд гирифтанд. Воқеан, зӯроварии ҷинсӣ аз масъалаҳои доѓи рӯз маҳсуб меёбад, ки ҳарчи зудтар пешгирӣ намудани чунин зуҳуроти номатлуб дар ҳимояи ҳуқуқи инсон ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар назди иштирокчиёни семинар - машварати вилоятӣ дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварии ҷинсӣ» кормандони Раёсати назорати тафтишоти пешакии Прокуратураи генералӣ Фаррух Рауфов дар мавзӯи «Ба танзимдарории ҳуқуқии ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ» намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони ҳуқуқшиноси Тоҷикистон» Муқаддас Шарифова дар мавзӯи «Фаъолияти Лигаи занони ҳуқуқшинос оид ба пешгирии озори ҷинсӣ», намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдакон» Маҳбуба Муродова бо маърӯзаи таҳлилӣ ва корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - роҳбари гурӯҳ дар мавзӯи зикргардида бо мисолу далелҳои муътамад, талаботи қонунҳои амалкунанда баромад карда, ба суолҳои иштирокчиёни ҳамоиш посухҳои мушаххас доданд. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар баргузории чунин семинар - машварати иттилоотӣ, ки хеле манфиатбахш арзёбӣ гардид, мусоидат намуда, кумаки хешро дареғ надошт.

Пурсишнома байни иштирокчиёни семинари иттилоотӣ дар бораи муносибат ва масъалаҳои пешгирии озори ҷинсӣ гузаронида шуд, ки посух ба суолҳои он дар шинохти ҳуқуқҳои инсон ҳушдорест, ки ҳамагонро ба дунёи андеша водор месозад. 


Ш. Саидов
Добавить комментарий