Ватан ва ободгарон

   Ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Сарвари давлат, ки халқи тоҷикро миёни ҷаҳониён чун миллати тамаддунофар муаррифӣ менамояд, ба эҳёи дубораи расму анъанаҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ, бузургдошти фарзандони фарзонаи миллат ва муаррифии онҳо дар  арсаи олам нигаронида шуда, ҳамзамон ҷиҳати маърифатнокии ҷомеа, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд. Баъди соҳибистиқлолии кишварамон моҳияти бузургдошти нухбагони илму адабу қаҳрамонҳои миллӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ, ки таърихи беш аз 6000 сола доранд, дар меҳвари сиёсати роҳбарияти олии кишвар қарор гирифт. Дар радифи иқдомҳои  муҳиме ҷиҳати эҳёи арзишҳои бузурги ниёгонамон муаррифии фарзандони фарзонаи миллат ва пешкаши оламиён намудани мероси ҷовидонаи шоирону донишмандон ва нухбагони халқи тоҷик, бузургдошти  мутафаккири Шарқ Ҷалолиддини Балхӣ, шинохти шахсият, афкору андешаҳои оламгир ва ганҷинаи маънавии Мавлоно ва “Маснавии маънавӣ”- и ӯ  аз муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии даврони истиқлол арзёбӣ мегардад. Зеро ин бузургмарди олами илму маонӣ як шахсияти беназире эътироф шудаву то кунун ягон чеҳрае зуҳур накардааст, ки башарият битвонад  Мавлоноро ба ӯ қиёс кунад.
   Ин буд, ки бо азми эҳёи арзишҳо ва талошҳои ояндасозии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2007 ҷашни 800- солагии Ҷалолиддини Балхӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, дар маркази вилояти  Хатлон муҷассамаи мутафаккири бузург ва дар атрофи он гулгашти ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бунёд ёфт. Дар ин миён собиқ ноҳияи Колхозобод ба ифтихори шоир номгузорӣ шуд, ки ин иқдомҳои наҷиб мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони Мавлоно дар дигар гӯшаҳои олам гардида буд. 
   Ҳаминак, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30- солагии  Истиқлоли давлатӣ дар пайравӣ аз ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ шаҳраки зебову замонавӣ бунёд гардида, ба ифтихори Балхи бостонӣ номгузорӣ шуд. Намои шаҳраки Балхро Парчаму Нишони давлатӣ, маҷмааи бузурги варзишӣ, муҷассамаи ориф ва мутафаккири барҷастаи тоҷик ва дар шафати он Мактаби байналмилалии президентӣ бо хобгоҳи чорошёнагӣ шукўҳу шаҳомати хоса мебахшад. Дар пасманзари ин иншооти ҷашнӣ инчунин, панҷ бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ, кӯдакистони замонавӣ, мақбара ва  хона- осорхонаи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор дода шуд. 

   Маврид ба ёдоварист, ки санаи ифтитоҳи расмии шаҳраки Балх, ки бо иштироки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ-  21-уми марти соли 2022  рост омад, дар таърихи ноҳияи ҳамноми Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд.
  Дар ин рӯз дар шаҳраки навбунёди Балх гулгашт, муҷассама ва мақбараи яке аз бузургтарин суханварони Машриқзамин - Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Муҷассамаи шоир 17 метр баландӣ дошта, Сарвари давлат қомат афрохтани пайкара, бунёди мақбара ва Хона- осорхонаи орифи машҳури оламро нишони арҷгузорӣ ва эҳтиром ба хизматҳои бузурги ин шахсияти таърихӣ арзёбӣ намуданд. 
   Шаҳраки навбунёди Балх дар шафати шоҳроҳи Душанбе- Бохтар – Панҷи Поён ҷойгир аст, ки дар оянда ба мавзеи тамошобоби сайёҳону меҳмонон табдил хоҳад ёфт. Бахусус, сайргоҳи атрофи Маҷмааи варзишӣ ва гулгашти Ҷалолиддини Балхӣ, ки дар масоҳати 3,75 гектар аз гулу буттаҳои гуногунранг ва дарахтони ороишӣ кабудизор гардида, ба макони дилрабои истироҳату фароғатї табдил ёфтааст. Дар ин ҷо беш аз 260 ҳазор бех гулҳои лолаву садбаргҳои рангоранг ва беш аз 600 дарахти гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шудааст, ки симои шаҳракро боз ҳам зеботар намудааст. Ба вижа, шомгоҳон, ки сокинон барои сайругашти шабона мебароянд, шаҳраки Балх аз рӯшноии чароғакҳо ва сафои фаввораҳо симои ҷаззобу дилнишине пайдо мекунад. 
   Дар рӯзи ифтитоҳи иншооти ҷашнии шаҳраки Балх, Сарвари давлат оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро низ зиёрат карданд, ки байни гулгашту чаманзорони шаҳраки Балх бунёд карда шудааст. Тавре дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнии шаҳрак зикр  гардид, бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз Қунияи Туркия як каф хок оварда шуда, тибқи арконҳои исломӣ ба оромгоҳи ӯ гузоштаанд, ки акнун ихлосмандону ҳаводорони Мавлоно ин ҷо, барои зиёрати ин мутафаккири машҳури олам меоянд. 

   Атрофи мақбараи Ҷалолиддини Балхиро гулгашти зебо ва сайргоҳи аз дарахтони нодир ва гулу буттаҳои ороишӣ сарсабзу зебо ташкил медиҳад. Дар идомаи гулгашт аз сӯи офтоббаро хонаи бо усули шарқиёна қомат афрохтааст, ки саҳни ҳавлии онро гулбоғу дарахтони сарсабз ва ангуртоки дар сутунпояҳои зебо печидашуда ҳусну таровати дигар мебахшад. -Ин Хона - Осорхонаи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки дар рӯзи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, ҳоло ба макони тамошобоби сокинону меҳмонони ноҳия табдил ёфтааст,- иброз дошт роҳбари Осорхонаи таъриху кишваршиносии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Насиба Латифзода. 
   Хона – осорхонаи Ҷалолиддини Балхӣ  бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангиву таърихӣ, гиромидошти фарзандони фарзонаи халқи тоҷик дар масоҳати 1000 метри мураббаъ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохта шудааст. 
   Ба гоҳи ворид шудан ба ҳавлии берунаи Манзили рамзии Мавлоно моро кормандони осорхона истиқбол мегиранд. Роҳнамо суҳбатро аз санъати кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои бостоне оғоз бахшид, ки дар замони ҳаёт ба сар бурдани соҳибхона дар Балхи бостонӣ рушду ривоҷ ёфта буд. 
   Манзили зисти Ҷалолиддини Балхӣ ё ба қавле маъмани андешапардозиҳои Мавлоно, ки мояи эҷоди бузургтарин асари таърихи башарият “Маснавӣ” ва ҳазорон ғазалу абёти пурмаонӣ гардидааст, аз ҳавлиҳои даруну берун иборат буда, сутунпояҳо ва дару тирезаҳои чўбини он бо санъати волои  кандакорӣ гулкорӣ шудааст, ки таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб месозад. Сутунпояи кандакоришуда дар миёнаҷои ҳавлии берун рамзи анҷоми рақси “Само”-ро ифода мекунад.
   Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз "Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ", бунёди онро дар замони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллию таърихии халқи тоҷик, аз худ кардани таърих ва омӯхтани гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик барои ҷавонон муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
   Деворҳои Хона– музей бо усули қадимии аҷдодиамон- гиландова тармим гардида, манзараҳои дохилу муҳити ҳавлӣ таҷассумгари маданияту фарҳанги бостонии ниёгонамон мебошад. Манзили рамзии Ҷалолиддини Балхӣ аз ҳавлиҳои берунаву дарун, дарсхона, китобхона, чиллахона, меҳмонхона  ва ҳуҷраҳои зисти занонаву мардона иборат аст. Манзараи Хона- осорхона ва асбобу абзори рӯзгори Мавлоно сар аз ашёҳои таълимии дарсхонаҳо ва суфаву гилему кўрпачаҳои хона ва ҷелаку дигар абзори дар деворҳо овехташуда намои қадимӣ дошта, пеши  назари бинанда муҳити даврони зиндагии шоирро таҷассум менамояд.
   Мавриди зикр аст, ки Ҷалолиддини Балхӣ бо эҷоди “Маснавии маънавӣ”, ки шаш дафтар ҷамъ 25 ҳазору 632 байт ва зиёда аз сад ҳазор байти  ашъори безаволаш дар “Девони ғазалиёт” ё ба қавле “Девони кабир” ва дигар асарҳои мондагори худ барои на танҳо мардуми тоҷик, балки тамоми  халқиятҳои  ҷаҳон дурдонаҳои арзишманди илмиву адабӣ ва маънавиро мерос мондааст, ки дар масири  худшиносиву шинохти олам нақши қалидӣ хоҳад бозид.
   Дарвоқеъ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳёи расму оин ва ҳунарҳои мардумӣ ва гиромидошти фарзандони фарзонаи миллат, ки бо шоҳкориҳои беназири хеш дар тарбияи маънавию худшиносӣ ва ташаккули афкору ҷаҳонбинии инсоният нақши бузург бозидаанд, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар сатҳи воло анҷом дода шудааст. Ба гуфтаи Насиба Латифзода дар тармиму ороишоти бо усули қадимии миллии Хона- музейи Ҷалолиддини Балхӣ ва муҷаҳҳазгардонии он бо асбобу анҷоми таҷассумгари муҳити зисти шоир ва эҷоди олами маънавиёти ин орифи машҳури олам кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд.
   Шоҳбайтҳои дару девори дарсхонаҳо, китобхонаву макони зист ва ибодатгоҳу даромадгоҳи чиллахонаи шоир аз фаҳму идроки баланд, сатҳи худшиносиву худошиносӣ ва ҷаҳони маънавии ин  орифи бузург дарак медиҳад, ки афкору андешаҳои зиёда аз 800 сол пеш гуфтаи ўро ифода менамояд.

Агар чархи вуҷуди ман аз ин гардун фурӯ монад,
Бичархонад маро он кас, ки гардунро бичархонад.

Юсуфи Собир, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Похожие новости:
Добавить комментарий