Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Фархор: Мушкилоти беобӣ ҳал мешавад
Зироати техникӣ- пахта аз лиҳози даромаднокӣ омили боэътимоди беҳбудии шароити иқтисодии заминдорон ба ҳисоб рафта, кишту парвариши сабзавоту полезиҳо ва рушди боғдориву дигар бахшҳои кишоварзӣ дар мадди дувум меистад. Кишоварзони ноҳияи Фархор чанд соли охир ба парвариши полезиҳо дар кишвар шуҳратёр шуда, бозорҳои пойтахт ва дигар манотиқи кишварро бо тарбузу харбузаи хуштамъ таъмин менамоянд. Барои содирот меваи тару тоза ва хушкмеваҳои хушсифат лозиманд, ки боғпарварони ноҳияи Фархор ба чунин талаботҳо солҳост мувофиқ амал намуда истодаанд. Аммо ба қавли марди деҳқон об чун манбаи ҳаёти инсон ва ҳам хуни растанӣ ба ҳисоб рафта, бидуни он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ номумкин аст. Солҳои охир дар ноҳияи Фархор, ки бештари заминҳои он тариқи насосҳои обкаш обёрӣ мешаванд, норасоии оби полезӣ мушоҳида мешуд. Инак, бо барқарор кардану таъмири пойгоҳҳои обкашӣ мушкилоти боғдорони ноҳия ҳалли худро ёфта истодааст.
- Бинобар иттилоъ майдони умумии заминҳои обӣ дар ноҳияи Фархор 18304 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 8083 гектари он ба кишту парвариши пахта нигаронида шудааст. Бо татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз тарафи Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ мешавад, мушкилии насосҳои пойгоҳҳои обкашӣ камтар шуда истодааст. Тибқи лоиҳаи мазкур 19 адад насосҳо бояд таъмир карда шаванд. Лоиҳаи мазкур аз соли 2020 дар ноҳияи Фархор амалӣ шуда истодааст, - мегӯяд Карим Ашуров, менеҷери лоиҳа.
- Бинобар иттилоъ майдони умумии заминҳои обӣ дар ноҳияи Фархор 18304 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин 8083 гектари он ба кишту парвариши пахта нигаронида шудааст. Бо татбиқи лоиҳаи Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, ки аз тарафи Бонки Рушди Осиё маблағгузорӣ мешавад, мушкилии насосҳои пойгоҳҳои обкашӣ камтар шуда истодааст. Тибқи лоиҳаи мазкур 19 адад насосҳо бояд таъмир карда шаванд. Лоиҳаи мазкур аз соли 2020 дар ноҳияи Фархор амалӣ шуда истодааст, - мегӯяд Карим Ашуров, менеҷери лоиҳа.

Заминҳои ноҳияи Фархор бахусус заминҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Гулшан беҳтарин заминҳо ба ҳисоб мераванд. Агар бо об таъмин бошанд, метавон талаботи минтақаи Кӯлобро бо дилхоҳ мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ таъмин кард. - мегўяд Нуриддин Насриддинов, боғпарвари иҷоракор аз ноҳияи Фархор.
Ба гуфтаи Нуриддин Азаматов, сармутахассиси шуъбаи кишоварзии ноҳия бинобар норасоии оби полезӣ ва корношоям гардидани насосҳои обкаш солҳои охир хушкшавии ниҳолҳо то 15-20 фоиз зиёд шуда истодааст. Дар ноҳияи Фархор 40 фисади заминҳои обӣ ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ карда мешаванд. Аз майдони умумии заминҳои обии ноҳия майдони 2670 гектараш муддати 30 сол мешавад бо сабаби вайрон шудани новаҳои бетониву қубурҳои обкашӣ ва зуд зуд вайрон шудани насосҳо шартан обӣ номида мешаванд. То солҳои 90-ум майдони 2670 гектар бо об таъмин буда, маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо истеҳсол карда мешуд ва ба кишоварзону ноҳия фоида меовард.
Масоҳати умумии заминҳои обии ноҳия 18 ҳазору 304 гектарро ташкил дода, зиёда аз 2670 гектари он бинобар вайрон шудани новаҳои бетониву қубурҳои обкашӣ ва зуд зуд вайрон шудани насосҳо аз гардиши кишоварзӣ мондааст. Агар ин 2670 гектар замини обӣ, ки дар мавзеҳои Кокул, Сайёд ва Уртабузи ноҳия қарор доранд, мавриди истифода қарор гиранд, ба буҷаи ноҳия ва ҳам ба мардуми ноҳия даромади хуб меорад. Барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани ин масоҳат заминҳои бекорхобида бояд новаҳои бетониву қубурҳои обкаш ва насосҳои обкашро аз нав таъмиру барқарор намуд, ки барои иҷрои ин корҳо маблағи зиёд лозим аст.
Новобаста ба мушкилоти норасоии оби полезӣ соли 2021 боғдорони ноҳияи Фархор 8695 тонна мева ҷамъоварӣ ва ба бозорҳои дохилу хориҷ аз кишвар содирот намудаанд, ки ин нишондод нисбат ба як соли пешин 340 тонна зиёд аст.
Билоли Шамс, аз ноҳияи Фархор
Добавить комментарий
Ахбор
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд 13:04Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад 11:53Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ 13:59Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд 16:083 ДАЛЕЛ БАРОИ МУТОЛИАИ КИТОБ 13:56Намоиш-фурӯши китобҳо бахшида ба "Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон" 13:52СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА 13:47ПАДИДАИ БЕНАЗИР ДАР ХАТЛОН 13:43
Серхонандаҳо
ПЕШАИ ПУРИФТИХОР
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Хатлон. 113- солагии матбуоти тоҷик таҷлил шуд
ХОВАЛИНГ. МАТБАА СОҲИБИ ДАСТГОҲИ ЗАМОНАВӢ ШУД
Дар шаҳри Бохтар 350 ҳазор гул шинонида шудааст
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Пешвои миллат эҳёгари Наврӯз
ДАСТОНИ ПУРҲУНАР
Хирад раҳнамою хирад раҳкушой
СУМАНАК