Бойгонӣ

Шоире бо ашъори пуртуғён

   Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо тарҳи хеле зебо ва бо истифодаи санъати баланди меъморӣ бунёд гардидааст, таваҷҷуҳи ҳар  бинандаро ба худ ҷалб месозад. Дар ошёнаи якуми он чанд ҳуҷра ва як толор барои фаъолияти маҳфили “Ҳамешабаҳор” ҷудо гардидааст. Роҳбари  маҳфил шоири ширинсухан, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, устод Хайрандешро машғули омодагӣ ба чорабинии дарпешистода дарёфтем. 
        -Устод, аз расму ҳуҷҷатҳо ва рӯзномаҳои болои мизатон бармеояд, ки ба маҳфили навбатӣ омодагӣ дида истодаед?
   Оре, маҳфили навбатии “Ҳамешабаҳор” ба хотири бузургдошти ситораҳои ҳунари ҳаҷв ва шоҳсутунҳои санъати ҳаҷви тоҷик Убайдулло Раҷабов, Қиёмиддин Чақалов ва Аловуддин Абдулозода бахшида мешавад. Сад дареғ, ки тайи ду соли охир бисёре аз адибону рӯзноманигорон, ҳофизон ва дигар чеҳраҳои намоёни фарҳангӣ аз ҷумла, ҳаҷвнигорони дар боло номбурда моро тарк гуфтанд.
- Дар бораи таърихи таъсисёбии маҳфили “Ҳамешабаҳор” маълумот медодед?
   - Соли 1981 донишҷӯи курси дуюми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будаму шӯру шари шеъргӯӣ дар дил туғён дошт. Он замон дар як ҳавлии хурде иҷора менишастам. Ба сарам андешаи таъсиси маҳфили адабӣ омаду ҳамин тавр, бо ширкати се-чор нафар ҳамкурсонам маҳфил ташкил кардем. Аввалин иштирокчиёну аъзоёни маҳфил шоирон Абдулқодири Раҳим, Салими Хатлонӣ ва Камоли Қурбониён буданд. Маҳфил рӯзҳои шанбе бо шеърхонӣ, таҳлили шеър ва баҳсҳои адабӣ то нисфи шаб идома меёфт. Соҳибхона- апаи Гулсара, ки ниҳоят инсони хуб буд, бароямон хӯрокҳои болаззат тайёр менамуд. Бо мурури замон, баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳам баргаштам, баъдан солиёни зиёд ин маҳфил дар шаҳрҳои Кӯлобу Бохтари имрӯза бо номи “Маҳфили Хайрандеш” фаъолият дошт. Албатта, дар ин муддат бо ҷалби адибон аз шаҳру навоҳии гуногуни вилояти Хатлон маҳфилҳои адабӣ бо шукўҳу шаҳомати хоса доир мегашт ва он сабаби ташкили чандин маҳфилҳои адабӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят гардид. Ҳаминак, бо амри тақдир чандин сол мешавад, ки дар пойтахти кишварамон кору зиндагӣ  дошта, фаъолияти маҳфили адабиро ҳам идома дода истодаем. Акнун маҳфил бо номи пешинааш амал намуда, сол аз сол сафи аъзоёнаш афзуда истодааст.
 - Яъне, аз он давра то ба имрӯз 41 сол боз маҳфили “Ҳамешабаҳор” фаъолият дорад. Пас, тӯли ин муддати фаъолият ба чӣ гуна комёбиҳо ноил гардидаед?
-    Соли гузашта дар Боғи фарҳангӣ ва истироҳатии ба номи устод Рўдакии шаҳри Душанбе ҷашни 40 - солагии маҳфилро ботантана ва дар сатҳи хеле баланд баргузор намудем. Дар он чорабинӣ даҳҳо адибон ва шумораи беҳади ихлосмандони шеър ва якчанд гурӯҳҳои ҳунарӣ ширкат доштанд. То имрӯз аз он шумори иштирокчиёни маҳфил 60 нафарашон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ду нафари дигар - Салими Хатлонӣ ва Озар Салим соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон шуданд.
   Тӯли ду соли ҷараёни маҳфили “Ҳамешабаҳор” тариқи шабакаи аввали радиои Тоҷикистон мустақиман ба эфир мебаромад, ки ин барнома дар Афғонистону Эрон ва Покистон ҳаводорони зиёд дошт.
   Тули 41 соли фаъолият маҳфил мухлисону ҳаводорони зиёд пайдо намуд. Дар байни мардум сазорвори маҳбубият гардид ва ба манотиқи гуногуни кишвар- Рашту Бохтар ва Суғду Кўлоб “доман паҳн” кард. Њатто кӯдакону наврасон низ ба ин маҳфил таваҷҷуҳи зиёд доранд.
-Маҷмўаи ашъоратон бо номи “Ҳамешабаҳор”(китоби дувум)  гувоҳӣ аз он медиҳад, ки дар зиёд мавзўъҳои ҳаётӣ шеъре эҷод намудаед. Лутфан мегуфтед, ки аз кай ба шеър гуфтан шурӯъ кардед?
   - Аз овони хурдӣ шеър менависам  ва ҳангоми донишҷӯӣ дафтари шеърҳоямонро ҳамроҳи ҳамдарсам Рустами Ваҳҳоб (ҳоло сармуҳаррири маҷаллаи “Садои шарқ”) ба назди раиси вақти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Аскар Ҳаким бурдем. Дафтари шеърҳоро аз назар гузаронида, аз Рустами Ваҳҳоб пурсид:
   -Аз чандсолагӣ шеър менависед?
-Ҳангоми таҳсил дар синфи 8-ум ба шеъргӯи сар кардам,- гуфт ӯ.
 -Шумо кай оғоз кардед,- ба ман рӯй оварда гуфт Аскар Ҳаким.
    Ман худамро каме гум карда, саросемавор гуфтам:
-Аз модар шоир ба дунё омадам.
   Устод Аскар Ҳаким табассуми ба худ хос намуда гуфт:
    -Офарин бачаҳо, шумо дар оянда шоирони хуб мешавед.
   Устод Ашӯр Сафар, ки инро кадом вақте шунида будааст, ҳар гаҳе, ки вомехӯрдем, бо ҳазл мегуфт:
  - Чӣ ҳол дорӣ, шоири модарзод?
   -Шумо омӯзгорӣ ҳам кардед ва ҳатто ба мисоли  маорифпарварон устод Садриддин Айнӣ ва Мунзим, ки дар замони худ мактабҳои типпи нав ташкил карда буданд, шумо ҳам яке ташаббускорони таъсиси муассисаҳои типпи нав дар замони соҳибистиқлолӣ будед.
  - Қаблан, омӯзгор будам ва як муддат дар ноҳияҳои Нуробод ва Рашт ба ҳайси омӯзгор фаъолият дошта, ҳамзамон баъди дарсҳо маҳфилҳои адабӣ мегузаронидам.
   Соли 1999 дар шаҳри Бохтар (собиқ Қўрғонтеппа) гимназияи хусусии “Хайрандеш”-ро таъсис додам. Барои соҳаи маориф солҳои душвор буд. Ҳам ба насли наврас тарбия медодам ва ҳам роҳбарии гимназияро ба уҳда доштам. Омӯзгорони фаъолу беҳтаринро тариқи озмун ба гимназия ҷамъ овардам. Сатҳу сифати таълим ва донишу ҷаҳонбинии хонандагонро тавассути ба роҳ мондани усулҳои нави таълиму тарбия хеле баланд бардоштем.
 - Мегуфтед, ки илҳоми шумо дар эҷоди ин мисраъҳо аз шеъри “Бозгашт ” аз куҷо маншаъ мегирад?
  Нолаи най маст кард ин ҷони ман,
  Дар сафар з-аввал маро ҳамроҳ буд.
  Аз фироқи Мавлавӣ андар дилам,
  Сӯз буду доғ буду оҳ буд...

-Соли гузашта ба кишвари Туркия сафар намуда, 10  рӯз дар шаҳри Истамбул будем. Азбаски зиёрати Мавлоно орзуи деринаам буд, аз ҳамроҳонам хоҳиш кардам, ки ба зиёрати Мавлоно биравем. Ҳеҷ кас розӣ нашуд. Зеро, ки он ҷо аз Истамбул 600  километр дур аст. Автобус дар давоми 9  соат меравад. Меҳру шавқи Мавлоно тарсро аз дилам бурд. Чипта гирифтаму ба автобус нишастам. Қариб тамоми шаб роҳ рафтем, соати 6-и субҳ ба Қуния расидем. Соати 8 дарвозаҳо кушода шуданд. Зиёрат кардаму намоз хондам. Мақбараи Мавлоно мисли мақбараи Мир Саид Алӣ Ҳамадонӣ зебову бузург аст. Вақте ки ба ҳавлии мақбара медароӣ, ҳама ҷо садои най аст. Зиёраткунандагон ниҳоят зиёданд.
   -Боз ба кадом аз кишварҳои дигар  сафар кардаед?
 - Хушбахтона, бо кумаки дӯстону шахсони сарватманду саховатпеша, ки ба ашъори банда дилбастагӣ доранд, муяссарам гардид, ки ба  мамолики Русия, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Узбекистон, Туркия ва Чин сафарҳо анҷом диҳам. Бубинед, бузургони адабиёти мо- Саъдии Шерозӣ, Носири Хусрав, Њољї  Ҳусайни Кангуртӣ ва бисёри дигарон ба кишварҳои гуногун сафар мекарданд. Худи калимаи “сафар”- саёҳат, фоида ва розӣ аст. Дар сафар дӯстони нав пайдо мекунӣ, бо ҳаёти мардумони гуногун, бо расму оини онҳо шинос мешавӣ. Сафар кардан як манбаи илҳом барои эҷодкор аст.
Дар доираи яке аз ин сафарҳо дар озмуни байналмилалии “Қандпаҳлу”, ки рӯзҳои 11 то 23- юми марти соли 2015 дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид, мо чор нафар шоирон аз Тоҷикистон даъват шуда будем. Баъди сайру саёҳатҳои якчандрӯза мо дар барномаи “Қандпаҳлу” иштирок кардем, ки он панҷ рӯз идома ёфт. Давоми њар рӯз ба мо  8 мавзӯъ медоданд ва мо 4 нафарӣ аз Тоҷикистон, Эрону Афғонистон ва Покистон ширкат меварзидем. Ба ҳама мавзӯъ дода мешуду дар рӯ ба рӯямон доварон нишаста буданд. Ба ҳар шоир 3 дақиқа вақт дода шуд ва нафари омода тугмачаро пахш мекард. Дар 5 рӯзи озмун, агар дар ҳар мавзӯе чаҳор мисраӣ шеър гуфта бошем, 40 мисраъ мешавад. Аммо дар бисёр мавридҳо ман то 12 мисраъ шеър эҷод мекардам. Ҳамин тавр, то даври ниҳоӣ мо 3 нафар, ману Ҳамид Мубошир аз Афғонистон ва як нафар аз шаҳри Ҳамадони Эрон (номашро фаромуш кардам) мондем .    Рақобатҳо ончунон қавӣ буд, ки доварон натавонистанд, ғолибро муайян кунанд ва баъди се маротиба ба хонаи машваратӣ рафтан охиран ба хулосае омаданд, ки ҳар се нафари мо сазовори ҷойи аввал мебошем.
   -Илова ба эҷоди шеър ва роҳбарии маҳфил сардабири нашрияи “Пайрав” ҳам мебошед. Чӣ гуна ба шумо муяссар мегардад, ки дар  ин ҳама самтҳои фаъолият муваффақ бошед?
   - Агар шавқу рағбат ва масъулият бошад, инсон ба кору иҷрои масъулияти зиёд қодир аст. Беҳуда нагуфтаанд:
   Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
   Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

   Дар шаҳри Кӯлоб нашрияи адабии “Субҳ”, дар шаҳри Бохтар  “Гулбарг”(ҳамноми маҳфили устод Пирумқул Сатторӣ ), дар шаҳри Душанбе ҳафтаномаҳои “Фаровон”, “Шарқи озод”, “Дунёи китоб”-ро таъсис додам. Ҳамаи нашрияҳои таъсисдодаам хонандаи худро ёфтааст. Аммо азбаски нашрияҳои мазкур хусусӣ буданд, умри дароз надиданд. Шаш сол пеш вазири вақти маориф Нуриддин Саид пешниҳод кард, ки сармуҳарририи нашрияи “Пайрав”-ро ба уҳда гирам. Ҳаминак, имрӯз “Пайрав” яке аз нашрияҳои бонуфузи кӯдакона мебошад, ки дар тӯли панҷ сол ба қавли дӯстонам кори панҷоҳсоларо ба анҷом расонид.
- Шумо эҷодкори бисёр пурмаҳсул ва муаллифи зиёда аз 10 китобҳои мукаммал, ки якчандтояш бисёрҷилдаанд ва муаллифи садҳо мақолаҳои публитсистӣ мебошед.  Мегуфтед, ки дар оянда чӣ нақшаҳои эҷодӣ доред?
- Ният дорам, ки кулли эҷодиётамро зери унвони “Ҳамешабаҳор ”дар ҳафт ҷилд рӯйи чоп биёрам. То имрӯз аллакай ду ҷилди он бо ҳуруфи кириллӣ ва форсӣ нашр шуд.
    -Устод барои суҳбати бисёр самимї ва пурмуҳтаво ба шумо як ҷаҳон ташаккур мегӯем.
- Аз шумо ҳам миннатдорем, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳаёту фаъолияти адибон матлабҳои омӯзандаеро барои хонандагону эҷодкорони ҷавон таҳия менамоед.
  
Мусоҳиб Аъзам Бобоев, ш. Душанбе

Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019