Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷавонон- ояндасозони миллат
Ҷавонон ҳамчун неруи ояндасоз, дар рушду муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз, ҳифзи дастовардҳои миллӣ нақши муассир доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат таваҷуҳи беандоза зоҳир намуда, барои таълиму тарбия, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманд тадбирҳои зиёдеро амалӣ месозад.
Бо ибораи Президенти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон- «Ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат мебошанд». Аз ин хотир ба ин қишри ҷомеа ҳамчун неруи ояндасоз таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои таҳсилу фаъолияти пурсамари ҷавонон тамоми имкониятҳо фароҳам гардидааст. Дар давоми се соли охир дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ садҳо майдончаҳо, толорҳои варзишӣ ва маҷмааи варзишӣ барои машқу тамрин ва ташкили мусобиқаҳо мавриди истифода қарор гирифт. Барои дастгирию ҳавасмандии ҷавонони лаёқатманд стипендияҳои президентӣ, дар вилоят стипендияи раисони вилоят ва раисони шаҳру навоҳӣ таъсис гардидааст. Ҳамчунин беҳтарин ҷавонони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят мунтазам ҳавасманд ва қадрдонӣ мегарданд.
Ҷавонони вилояти Хатлон дар баробари дигар ҷавонони саодатманди кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар рисолати ватандорӣ ва масъулияти худро дар назди халқу Ватан дарк намуда, дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ширкати фаъолона доранд. Онҳо бо эҳсоси гарми ватандўстӣ бо иқдомҳои созандаву наҷиб дар ободонии Ватан нақши созгор доранд. Тавре зикр намудем, ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли кишвар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланду саховатпешаи хатлонӣ садҳо иншоотҳои гуногун сохта ба истифода дода шуд, ки ба ин васила симои шаҳраку деҳоти вилоят ободу зебо ва даҳҳо нафар сокинон соҳиби ҷойи корӣ гаштанд.
Тибқи омори расмӣ шумораи умумии ҷавонони вилоят 1 026 15 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунана 721 нафар ҷавонон фаъолият доранд.
Варзишгарони вилоят дар давоми чор моҳи сипаригардида аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 120 медали тилло, 107 медали нуқра ва 145 медали биринҷӣ, дар маҷмуъ 372 медал ба даст оварданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР


