Бойгонӣ

Мароми созанда

  Бузургони илму адаб занро шоҳкори табиат ва тоҷи офариниш донистаанд. Бешак, сарчашма ва сароғози ҳар кори бузург зан - модар мебошад. Меҳру муҳаббати занони тоҷик аз қаъри асрҳо сарчашма гирифта, бо тору пуди ҷашни бузурги миллиамон – Наврӯз омезиш ёфта, ба гулҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон мубаддал ёфтаанд. Зеро зан ва гул ҷаҳонро зебоӣ ва тароват мебахшад. Занон гулҳои осмониро дар ҳаёти замин мекоранд, ҷомаи дилпазиру зебои ишқро дар замири худ мебофанд ва эҳсосоти латифро дар пардаи покиву покдоманӣ мепарваранд. Баҳор ва зан бо ҳам тавъам буда, беҳтарин армон, азизтарин ҳастӣ, муқаддастарин муъҷиза ва арзандатарин сарватанд, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидаанд. 
   Яке аз ин гуна бонувони шабеҳи баҳор Шаҳноза Маҳмадсаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ мебошад, ки бо хислати ҳамидаи хеш дар қалби мардум ҷо гирифтааст. 

Даричаи ошноӣ
   Шаҳноза Маҳмадсаидзода гарчанде дар фасли дай ба дунё омада бошад ҳам, мисли гулҳои баҳорӣ ҳамеша зебою хандону кушодачеҳра аст. Ин бонуи чашмикордон моҳи январи соли 1986 дар ноҳияи Данғара, дар оилаи корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. 
Волидайни ӯ бо тақозои фаъолияти кории хеш ба ноҳияи Дӯстӣ меоянду ин ноҳияро макони зисту зиндагонии хеш интихоб мекунанд. Шаҳноза барои таҳсил ба синфи 1-и муассисаи таълимии №1-и ҳамин ноҳия қабул мешавад ва соли 2003 ин боргоҳи илму маърифатро бо баҳои хубу аъло ва рафтори намунавӣ хатм мекунад. 
   Чун модараш омӯзгор буд, аз хурдӣ меҳри омӯзгорӣ дар дилаш маъво гирифта буд. Ҳамин меҳри омӯзгори буд, ки баъди хатми мактаби миёна тибқи Квотаи президентї ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2009 бо муваффақият хатм кард. 
   -Фаъолияти корииамро ҳамчун омӯзгори забони англисӣ дар гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Дӯстӣ оғоз намудам,-мегӯяд Шаҳноза. -Интихоб намудани касби пуршарафи омӯзгорӣ дар замири ман маҳз аз оила ва бахусус аз модари бисёр ҳам ғамхору дилсӯзам сарчашма мегирад. Аз омӯзгор будани модарам ифтихор дорам ва хушнуду сарфарозам, ки давомдиҳандаи кору пайкори модарам ҳастам,- бо хушнудӣ иброз дошт Шаҳноза.

Баланд аст аз фалак номи муаллим...
   Вақте хурд будам аз забони модарам ин порчаи шеърии пурмазмунро зиёд мешунидам:
Баланд аст аз фалак номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо, ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар ҳар ду олам
Ҳалол аз пораи нони муаллим.
   -Модарам бе ниҳоят касби хешро дӯст дошта, аз касби интихобкардааш ифтихор мекард. Ва то поёни умри хеш бо нони ҳалоли омӯзгорӣ мо фарзандонро ба камол расонид. Кош модари меҳрубонам дар қайди ҳаёт мешуданд, то самараи нахлҳои парвардаашонро дида, ифтихор аз муваффақиятҳои фарзанд мекарданд,- бо чашмони пурашк иброз кард Шаҳноза. 

Фаъолият дар вазифаҳои гуногун
   Қобилияти баланди роҳбариашро пайхас намуда, Шаҳнозаро мудири кӯдакистони №5-и шаҳри Норак таъйин мекунанд. Ҳамин тавр дар вазифаҳои гуногун, ба монанди сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон, сармурабии кӯдакистони №77-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, мудири бахши маорифи шаҳри Левакант ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш кору фаъолият бинамудааст. Аз моҳи феврали соли 2021 то инҷониб ба ҳайси мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти пурсамар намуда истодааст.  

 Пешравиҳо назаррасанд
   Чун дар ду шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон ба ҳайси мудири шуъбаи маориф фаъолият карда буд, дар ноҳияи Дӯстӣ низ қобилияти баланди роҳбарӣ нишон дода, давоми як соли фаъолият хеле аз камбудиҳои соҳаи маорифи ноҳияро бартараф кард. Дар ин давра дар назди ҳашт муассисаи таълимӣ 26 синфхонаи иловагӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани 650 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ муассисаи таълимии №8 азнавсозӣ шуда, дар назди муассисаи таълимии №38  бинои иловагӣ бунёд шуд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.  
   Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия низ соли гузашта ба комёбиҳои назаррасе ноил гардиданд. Аз ҷумла, онҳо дар олимпиадаҳои сатҳи вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 12 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 26 ҷойи сеюм гардиданд, ки ин нишондод нисбати соли 2020-ум 16 ҷой зиёд мебошад. Инчунин панҷ нафар хонандагони ноҳия  аз олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои сазовореро ба даст оварданд, ки ин рақам нисбати соли 2020-ум чор адад зиёд мебошад. 
   Ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ дар олимпиадаи байналмилалии “FISO”, ки тариқи фосилавӣ, яъне онлайнӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат карда, сазовори ҳашт ҷойи якум, се ҷойи дуюм ва 18 ҷойи сеюм гардиданд. 
   Дар ин баробар, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм- фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон- Ватани азизи ман” фаъолона иштирок кардаанд.
-Дар ноҳияи Дӯстӣ 53 муассиаи таълимӣ ду муассисаи томактабӣ ва як гимназияи давлатӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 27 ҳазору 837 хонанда таҳсил дошта, ба онҳо 1605 нафар омӯзгорони пуртаҷриба таълиму тарбия медиҳанд,- изҳор дошт дар фарҷоми суҳбат Шаҳноза Маҳмадсаидзода.

Охирсухан
   Давоми ду соати суҳбатамон бо Шаҳноза Маҳмадсаидзода дарёфтем, ки марому мақсади ӯ хизмат ба халқу Ватан аст. Ниҳоди поки ин бонуи қавиирода шабеҳи насими рӯҳбахши баҳорист. Дар ҳар ҷодае фаъолият кардааст, муваффақ шудааст ва мекӯшад то ба комёбиҳои нав ба нав ноил гардад.

Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Дӯстӣ


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019