Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ

       
   Миллати куҳанбунёди тоҷик дорои таъриху фарҳанги ғанӣ мебошад. Воқеан, тоҷикон бо дастовардҳо ва ганҷинаи бузурги фарҳангӣ ҳамчун миллати соҳибтамаддун байни халқҳои олам шуҳрати баландро соҳибанд.
   Мероси бою нодири меъморӣ, таърихию фарҳангие, ки ниёгони мо аз гузаштаҳои дур ба мо боқӣ мондаанд, далели гуфтаҳои болоянд. Хушбахтона, бо гузашти айём ин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аз нобудшавӣ раҳо ёфта, дар шакли пурраю нопурра бошад ҳам, то ба замони мо расиданд.
   Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ  ҳифзи  ёдгориҳои таърихӣ ва арзишҳои фарҳангӣ вазифаю рисолати ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишварамон ҷиҳати тармиму таҷдид ва ободгардонии ёдгориҳои таърихию меъморӣ 14 санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки аз 2020 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд, наздики 1000 тои онро мазору мақбараҳо ташкил медиҳанд.
     Мақбараи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ- макони муқаддас ва зиёратгоҳи аҳли дин ба ҳисоб рафта, он дар мавзеи зебою хушбоду ҳавои Балҷувон, ки аз ду тарафаш дарёи Сурхоб мегузарад, воқеъ гардидааст . Ҳавлӣ- боғ ва ҳудуди ин зиёратгоҳ наздики як гектарро ташкил медиҳад. Дар қисми болои зиёратгоҳ бинои мақбараи зебою хуштарҳи Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ ҷой гирифтааст. Тибқи сарчашмаҳои илмӣ-таърихӣ Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ  аз наберагони пайғамбари ислом Муҳаммад (с) мебошад. Дар санги мазори ин бузургвор ҳаккокӣ шудааст:
Неъматулло ҳам в-аз Оли Расул,                             
Марҳами орифони Раббонӣ.                             
Нуздаҳум ҷидди ман Расули Худост,                             
Ошкор аст, нест пинҳонӣ.
   Зойирон баъди зиёрати қабри ин бузургвор ба болои катҳои зери сояҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан нишаста истироњат мекунанд. Аз тамошои манзараи зебои наздикӯҳӣ, боду ҳавои хуш, бӯи атромези гулҳои гуногун,  буттаҳои  ороишӣ, майсазорони даруни боғ, шилдирроси чашмаҳои гирду атрофи кӯҳӣ ва садои гӯшнавози оби дарёи Сурхоб ҳаловат мебаранд.  
   Дар гирду атрофи ин мақбара бисёр маконҳои зебою хушбоду ҳаво, табиати афсункунанда, чашмаҳои обҳои зулол, гиёҳу растаниҳои фаровони шифобахш, марғзорону анбуҳи дарахтон мавҷуданд, ки зиёраткунандагон аз тамошои онҳо як ҷаҳон таассурот мебардоранд.
   Агар дар оянда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани ин мавзеи муқаддас ва гирду атрофи он ташвиқу тарғиби дигар мавзеҳои таърихию табиӣ, тайёр намудану фурӯши армуғонҳо иқдом намояд, шояд ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ боз ҳам зиёдтар гардад.
  
 Дар боби шинохти Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ
   Бинобар маълумотҳои таърихӣ Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Саидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳур аст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Саид Нуриддин Неъматуллоҳ бинни Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои илму адаби асрҳои XIV-XV мебошад. Аксари муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ санаи таваллуди ӯро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд.
  Мардумони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Балҷувон нисбат ба Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ эҳтиром ва эътиқоди зиёд доранд. Ҳангоми зикри бузургон нахуст номи ӯро ба забон меоранд ва ба номаш раҳмат мефиристанд.
  Ӯ дар айёми ҷавонӣ барои омӯхтани илму дониш ва расидан ба хизмати пирону гирифтани дуои бузургон аз зодгоҳи худ ба сафар мебарояд. Як сабаби тарк намудани зодгоҳаш агар барои омӯхтани илму ҳунар бошад, шояд сабаби дигараш давраи нооромию тираю  тори ҳукмронии истилогаронаи давраи Темуриён бошад. Зеро бисёре аз аҳли илму адаб аз сиёсати забткорона, хунхоронаи ин чеҳраи сиёҳи таърих-Темурланг ватани худашонро тарк карда, ба дигар кишварҳои дуру наздик кӯч мебастанд.
   Зимни сафарҳо ба суҳбат ва шогирдии олимону шайхони зиёде шарафёб мегардад. Бо ҷаҳду талошҳои пайваста, сидқу ихлос ва муҳаббати беандоза ба Худованди меҳрубон дар роҳи омӯзиши илму хидмати устодон ба дараҷаи олими бузург ва соҳибкитоб мерасад.
    Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ мисли бисёр шайхону орифон ва дӯстони Худо бештар ба тоату ибодат, зикр ва ба ҷо овардани расму русумҳои динӣ машғул шуда, кори охиратро аз корҳои дунявӣ муқаддам медонад.Чӣ гунае, ки дар ҳаққашон гуфтаанд:
Бузургоне, ки сирри фақр диданд,   
Ба мулки фақр дарвешӣ хариданд. 
Агарчӣ мулки дунё подшоҳист,   
Вале чун бингарӣ аслаш гадоист.
   Ӯ баъди сафарҳои бисёрсола ва дидани мазею маконҳои зиёд бо чанде аз дӯстону шогирдон ба сарзамини Балҷувони имрӯза мерасанд. Ин сарзамини кӯҳсор ва дорои табиати зебову афсункор бо мардуми меҳнатдӯсту шарифаш ба ӯ хеле маъқул мешавад. Ҳамин тавр ин диёри ганҷрезро, ки боду ҳавои тоза ва обҳои мусаффо дорад, ҷойи зисти доимии худ интихоб менамоянд ва соли 1414 дар ин макон вафот мекунад.
        Каромоти Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ  
Падари Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, ки низ аз аҳли илм ва шайхони бузург буд, баъди   пурсуҷуйҳои  зиёде  дар куҷо зиндагӣ кардани фарзандашро хабар меёбад.Ӯ ҳамчун падар медонист, ки писараш аз хурдӣ бо молу чизи дунё дибастагие надорад ва ҳамеша аз пайи омӯзиши илму дониш аст. Ба воситаи яке аз муридони вафодораш барои писараш пулу пайса ва туҳфаҳои зиёд равон мекунад. Шогирди вафодори падараш аз Кирмони Эрон тариқи Афғонистону Бадахшони имрӯзаи мо ба Балҷувон омада мерасад. Салому пайғомҳои падари бузургвору модари ташнаи дидори фарзанд ва пулу туҳфаҳои зиёдеро ба Шоҳ Неъматуллоҳ мерасонад.
    Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ баъди пазироӣ ва меҳмондории якчандрӯза меҳмонро гусел менамояд. Пеш аз сафар баромадан, ӯ аз муриди падараш хоҳиш мекунад, ки даҳони борхалтаро кушояд ва ин туҳфаҳоро ба падар расонад. Меҳмон (муриди равонкардаи падараш) даҳони борхалтаро мекушояд ва Шоҳ Неъматулло аз замин ду бел хок гирифта, ба халта меандозаду он азизро дуои сафар мудиҳад. Ин амал муриди падари Шоҳ Неъматуллоҳро ба ҳайрат меорад.Тамоми роҳ дар ин бора фикр мекунад ва аз ин муаммо чизеро сарфаҳм намеравад. Ба худ меандешад, ки оё писар ягон сарвату савғое надошт, ки ба падараш фиристад, ки ин хоки сиёҳро равон кард? Боз ба андеша рафт, ки шояд хоки ин сарзамин ягон хосияти давогӣ ва табобатӣ дошта бошад? Гумонҳои зиёду ҳархела ӯро азоб медоданд. Боз фикри дигар ӯро нигарон кард, ки мабодо байни падару писар ягон кинаву адовате бошаду писар ба ин амалаш падарашро таҳқир намояд.
   Ниҳоят мурид бо сад хаёлу андеша дар сар ба назди пири  худ мерасад. Баъди аҳволпурсӣ ва расонидани  салом халтаи туҳфаи равонкардаи писарро ба падар медиҳаду дар ҳолати ногувор ҳарфе ба лаб оварда наметавонад. Падари Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ даҳони халтаро мекушояд ва онро сарозер карда,чизҳои дарунбудаашро болои намад мерезад. Рӯйи намад аз зари сурху марворидҳои лоҷувардӣ ва гавҳарҳои қиматбаҳо пур мешавад. Каромати Шоҳ Неъматуллоҳи Валиро муриди падар бо чашмони худ дида, ба бузургии ӯ қоил мешавад. Падари бузургвораш ҳақиқати корро бо дурандешию заковат ва фаросат дармеёбаду аз он дилпур мешавад, ки писараш аз муридӣ ба мартабаи баланд расидааст ва назди Кирдугор ончунон азиз аст, ки хокро гирад, зар шавад.

Намунае чанд аз ашъори Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ “Саду як ғазал”

Гар биёзорад маро мӯре, наёзорам варо,   
Худ куҷо озори мардум, эй азизон, ман куҷо.                                      
Назди мо зорӣ беҳ аз озор, бе зорӣ мабош,                                                         
То нагирад бар сари бозор озоре маро.                                                            
Дар тариқат ҳар чӣ фармоӣ, ба ҷон фармон барам,                                         
Моҷаро бигзор бо мо, моҷаро охир чаро?                                                     
Куфр бошад дар тариқат, ошиқон, озори дил.                                         
Гар мусулмонӣ, чаро озор медорӣ раво?
*            *            *
Чист олам? Шабнаме аз баҳри мо!
Кист одам? Орифе дар шаҳри мо!
Ҳар куҷо бикрест дар дори вуҷуд,                                                                     
Аз сари меҳр омада дар маҳри мо.                                                         
Даҳр ҷуз нақши хаёле беш нест,                                                               
Бигзар аз даҳру талаб кун даҳри мо.                                                             
Ақл заҳр аст,эй писар, позаҳр ишқ,                                                                   
Зарҳ бигзору биҷӯ позаҳри мо.

*            *            *
Дардест диламро, ки ба дармон натавон дод,                                           
Ишқест дар ин ҷон, ки ба сад ҷон натавон дод.                                              
Ҷоми майи мо оби ҳаёт аст дар ин давр,                                                   
Ин оби ҳаёт аст, ба ҳайвон натавон дод.                                                
Мастона дар ин кӯи харобод фитодем,                                                             
Ин гӯша ба сад равзаи Ризвон натавон дод.                                              
Ганҷест дар ин махзани асрори дили мо,                                                    
Душвор ба даст омада осон натавон дод. 

Таҳияи Аъзам Бобоев


Похожие новости:
Добавить комментарий