Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Номаи шодбошии раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ба муносибати ҷашни Наврӯз
Ҳамдиёрони арҷманд!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни суннатии ниёгонамон – Наврӯзи оламафрӯз самимона шодбош гуфта, бароятон офияти умр, саодатмандӣ ва рӯзгори баҳоргуна зеборо орзумандам.
Наврӯз дар Тоҷикистони муосир ва таърихӣ, ки як ҷузъи Осиёи Миёна аст, ҳазорсолаҳо ҷашн гирифта мешавад. Бар асоси санадҳои илмӣ, ҳанӯз дар асри неолит (тахминан 9-7 ҳазор сол пеш) чорводорӣ, зироаткорӣ ва ҳатто кулолӣ вуҷуд доштааст. Мавҷуд будани обёрӣ, кишоварзӣ, сохтани асбобҳои рӯзгор, тасвирҳои рӯйи санг ва монанди ин, ки таърихи беш аз ҳафтҳазорсола доштаанд, далел бар он шуда метавонад, ки ниёгони тоҷикон дар замонҳои хеле қадим Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.
Он гуна ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ҷашни Наврӯз барои мо – тоҷикон, ки меросбарони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ мебошем, аз қадим то имрӯз як падидаи бисёр қавии ҳувиятсоз, яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳӣ, унсури ҷудоинопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносӣ ба шумор меравад. Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо барои мардуми мо ҳамчун омили ҳастисозу муттаҳидкунанда хизмат кардааст.
Ҷашни Наврӯз бо фарогирии унсурҳои фарҳангию иҷтимоӣ ва ғояҳои неки инсондӯстонааш дар байни сокинони ноҳияву вилоятҳои мухталифи кишвар ва дар миёни тоҷикони бурунмарзӣ тӯли садсолаҳо дорои тобишу ҷилваҳои рангин гаштааст. Сокинони минтақаҳои Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон, ин ҷашни ниёгонро бо расму одатҳои хос таҷлил менамоянд, ки аз ғановати фарҳангии миллати мо далолат мекунад.
Аз рӯзгорони пешин замони фаро расидани баҳор ва Наврӯз дар минтақаҳои гуногун фарқ доштааст. Ба қавли алломаҳои Машриқзамин Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём, дар як замони дақиқ расидани Наврӯз устувор набудааст. Баҳор дар баъзе ҷойҳо, масалан дар Хатлонзамин, зуд ва дар баъзе маҳалҳои кӯҳистонӣ дертар фаро мерасад. Дар Хатлонзамин мардум аз давраҳои қадим Наврӯзро ба унвони як ҷашни ҳувиятсози миллӣ, пайвандгари инсону табиат ва паёмовари сулҳу амонӣ шинохта, бо баргузории маросимҳои зебои чаҳоршанбесурӣ, гулгардонӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, сайру шодмониҳо, бозию мусобиқаҳои варзишӣ хеле мутантан таҷлил мекарданд. Табиати зебову нотакрори кӯҳистони Кӯлоб дар гузашта макони ҷашнгирии Наврӯзи шоҳону ҳокимони маҳаллӣ ба шумор мерафт. Чун гулҳои наврӯзӣ, бахусус гули сияҳгӯш, даста-даста оварда мешуд, онҳоро наврасону ҷавонон дар тан либоси миллӣ, ба даст гирифта, яке аз дастагулҳоро дар сари чӯб баставу баланд бардошта, хона ба хона бо сурудхонӣ аз Наврӯзи бостон мужда мерасониданд.
Занону духтарон дар рӯзҳои Наврӯз, пеш аз ҳама, пирони барҷомондаро хабар мегирифтанд, ба хонаи наварӯсон рафта, онҳоро дуои нек мекарданд. Дастархони зебои наврӯзиро бо ҳар гуна хӯроквориҳо оро медоданд.
Пас аз он ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар сартосари Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон ватани Наврӯз аст” маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегарданд.
Басо хушоянд аст, ки дар даврони истиқлол дар ҷашнҳои калоне, ки дар маркази ноҳияву шаҳрак ва ҷамоатҳо барпо мегарданд, илова ба урфу таомули суннатӣ, инчунин намоиши маҳсулоти ҳунармандӣ, анвои нону шириниҳо ва таомҳо сурат мегирад. Кадбонуҳои хатлонӣ ба ҷуз оростани дастархонҳои ҳафтшину ҳафтсин, таомҳои миллии анъанавӣ ва навъҳои гуногуни ҳалворо таҳия мекунанд.
Имрӯз мардуми шарафманди вилоят бо ҳисси меҳру муҳаббат ва эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои ниёгон ойинҳои наврӯзиро пос дошта, ин ҷашни аҷдодиро бо шаҳомату нишоту сурур таҷлил менамоянд.
Ифтихорманду сарфарозем, ки ба шарофати истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва бо ибтикори Пешвои муаззами миллатамон Наврӯз – ин ойини бебаҳои аҷдодӣ эҳё шуда, барои рушди минбаъдаи русуми наврӯзӣ заминаи мусоид муҳайё гаштааст.
Наврӯзи имсола дар Тоҷикистон ба ибтидои панҷсолаи рушди саноати мамлакат ва оғози омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ рост омадааст. Бинобар ин, аз ҳамватанон даъват мекунам, ки корҳои ободониву бунёдкориро барои татбиқи ормони миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди соҳаи кишоварзӣ ва истиқболи арзандаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолият вусъат бахшем, иҷрои нияту нақшаҳои созандаамонро таъмин намоем ва шаҳру ноҳияҳои вилоятамонро боз ҳам ободтар созем. Дар ин самт, хусусан, соҳибкорони ватандӯст ва дигар шахсони саховатпешаро ба ҳамкорӣ даъват карда, бояд беш аз пеш дар бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, тақвият ёфтани иқтидори иқтисодии мамлакат ва ҳарчи зиёдтар ҷойи корӣ таъсис додан барои ҳамватанонамон саҳм гузорем.
Итминони комил дорам, ки мардуми ҳимматбаланди вилоят, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатманд ин суннатҳои наврӯзиро, бахусус, дар самти ободонии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва маҳалли зист, дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди ҷомеа, таъмиру бунёди роҳҳо, шабакаҳои обрасонӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, инчунин, барои ҳамдиёронамон таъсис додани ҷойҳои нави корӣ таҳким бахшида, ҷашни муқаддаси миллиамон - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Махсусан, деҳқонони асилу шуҳратманди Хатлонзамин дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ, аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ истифодаи самарабахш намуда, аллакай киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умедро, ки файзу баракати хони наврӯзии мардумамон мебошад, оғоз кардаанд ва бо заҳмати пурмаҳсулашон барои ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ заминаи устувор хоҳанд гузошт.
Бо ҳамин нияти нек, бори дигар, тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз самимона таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, комёбӣ, бахту саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона, пешрафту дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни Наврӯзи фархундапай ҳумоюн бод, дӯстони азиз!
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР