Бойгонӣ

“ХАЗИНАИ АМУДАРЁ” - ГАНҶИНАЕСТ БЕБАҲО

  Миллати мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунад. Ёдгориҳои таърихии “Тахти сангин” низ аз ҷумлаи мероси гаронбаҳои ниёгон аст, ки таъриху тамаддуни моро ба ҷаҳониён муаррифӣ  мекунад. Беҳуда нест, ки бо эҳсоси баланди ватанпарастӣ ва шинохти таърихи куҳан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих», навиштаанд:
   “Ба куҷое равам, ба кадом гўшаи Тоҷикистони азиз қадам гузорам, дар ҳар ваҷаб хоку ҳар санги роҳаш ман нақши гузаштаҳоро меҷўям. Хуҷанди бостониву Қалъаи Темурмалик, Истаравшану Курушкадаи овозадор, Саразму Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ Шаҳритусу Айваҷ, Золи Зару Ҳулбук ва садҳо шаҳристону куҳандиз, қалъаву кушкҳои барҳаво, барзину ибодатхонаҳо, корвонсарою растаҳои ҳунармандии сарзамини аҷдодии тоҷикон ба осори куҳану бозёфтҳои ҳайратангезаш бостоншиносони оламро шефтаву ҳайрон кардааст”.
   Тахти Сангин мавзеи таърихиест, ки маъбад, димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Он ба асрҳои IV пеш аз милод, II милодӣ тааллуқ дорад. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносон маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузургаш аз санг сохта шудаанд. Бинобар ин, олимон онро «Тахти Сангин» номидаанд. Азбаски ёдгории мазкур монандӣ ба Тахти Ҷамшед (Персеполис) – пойтахти империяи Ҳахоманишиён дошт, дар номгузорӣ ба он бостоншиносон пайравӣ намуданд.

   Ин ёдгорӣ дар қисми ҷанубии ноҳияи Қубодиён, дар соҳили рости саргаҳи Амударё, ки оби рӯдҳои Вахшу Панҷ, Куҳандизи Афғонистон, Кофарниҳон бо ҳам омезиш меёбанд ва рӯди Амударё ташкил меёбад, ҷойгир аст. Тахти Сангинро аз шарқ Амударё, аз ғарб кӯҳи Тешиктош (Рафеъ), аз шимол ва ҷануб иншооти дуқабатаи муҳофизаткунанда иҳота кардаанд. Маъбад пурра сангин буда, на танҳо сохти меъморӣ, балки ҳама ҷузъиёти он то ба имрӯз пойдор мондааст. 
   Тахти Сангин ягона шаҳристонест, ки ин замон аз марказҳои аҳолинишини кунунӣ дур воқеъ мебошад. Бинобар ин, аксаран истеҳком унвон дода мешавад ва мавқеи ҷойгузинаш ба ин ном мувофиқат мекунад. Онро кўҳи Тешиктош аз дигар минтақаҳои Қубодиён ҷудо мекунад. Аз маркази ноҳия дар масофаи 32 - 35 км воқеъ аст. Роҳҳои як замон обод аз миёнаҳои теппаҳои на чандон баланд корвонҳоро (ва имрўз ҳар нафареро, ки хоҳиши дидани харобаҳоро дорад) ба соҳили рўди Вахш (Ому) мебаранд. Яке аз теппаҳо аз мобайн бурида шуда, гузаргоҳро мемонад, ки имрўз мардуми бумӣ онро зарби шамшери Алӣ маънидод мекунанд. Маълум аст, ки роҳ аст ва дар замони хеле куҳан бунёд шуда, ба гуфтаи таърихшиносон он ба Ҳазрати Алӣ ҳеҷ муносибате надорад.
   Ин мавзеъ яке аз ёдгориҳои пурарзиши таъриху фарҳанги тоисломии тоҷикон маҳсуб меёбад. Шаҳристони Тахти Сангин дар масоҳати зиёда аз 80 гектар ҷой гирифта, атрофи онро деворҳои баланди мудофиавӣ ишғол намудаанд. Он солҳои тӯлонӣ аз ҷониби бостоншиносони шӯравӣ ва хориҷӣ омӯхта шуда бошад ҳам, то ҳол тамоми ҳудуди шаҳр ва мавзеъҳои атрофаш ба таври пурра таҳқиқ наёфтааст.
   Асосан ковишҳои бостоншиносӣ дар ин мавзеъ ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта оғоз ёфта, солҳои 1976-1991 гурӯҳи Экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ бо роҳбарии академик Б. Литвинский ва И. Пичикян ва аз соли 1998 бостоншиносони Институти таърих зери роҳбарии А. Дружинина  дар ин мавзеъ корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гузаронида буданд.
  Таваҷҷуҳи олимонро асосан маъбади оташ, биноҳои истиқоматӣ, косибӣ ва анбор,  толори сафед, чор сутуни калони он, деворҳои баланд, оташкадаҳо, муҷассама ва ашёи дигари шаҳристони Тахти Сангин, ки  дар ҳолати хуб маҳфуз мондаанд, бештар ба худ ҷалб кардааст.
   Шумораи бозёфтҳои ин мавзеъ беш аз 12 ҳазор ашёро ташкил медиҳад, ки ҳамаи он дар Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих нигоҳ дошта мешаванд. Ин ашё асосан аз тилло, нуқра, биринҷ, оҳан, оҷ (устухони фил), шиша, санг, гаҷ, гил мебошанд ва анвои гуногуни аслиҳаи ҷангӣ, ба мисли найза, пайкон, шамшер, ханҷар, сипар, хӯд ва ғайра низ мавҷуданд, ки дар ҳолати хеле хуб маҳфуз мондаанд. 
   Он замонҳо тиллоро барои сохтани зебу зиннат, тоҷ, ришта ва абраи либос истифода мебурданд. Инчунин бисёре аз ҳайкалҳоро оби тилло медавониданд. Маҷмӯаи ашёи аз оҷ (устухони фил) сохташуда бисёр ва гуногунанд – инҳо ашёи рӯзгор даста ва ғилофи яроқҳо, ашёи ороишӣ ва асарҳои санъат мебошанд. Ашёи аз оҷ сохташударо бо кандакории тасвирҳои гуногун оро медоданд. Қисми асосии ҳайкалҳо аз гаҷ ё гил сохта шуда, бо рангҳои гуногун мунаққаш шудаанд. Дар ороиши маъбад аз сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳои ороишӣ  ба таври васеъ истифода бурдаанд.
   Яке аз сабабҳои таваҷҷуҳи таърихнигорон ба ин маҳал дарёфти «Хазинаи Амударё» буд. Дар нимаи дуюми асри ХIХ бозаргонони бухороӣ маснуоти фаровони таърихию бостониро (бештарашон тиллоӣ) ба бозорҳои Ҳиндустон барои фурӯш бурданд. Он замон, ки Ҳиндустон мустамликаи Англия буд, чанде аз афсарони англис маснуоти таърихиро харида, ба осорхонаи Британияи Кабир туҳфа карданд ва ҳоло қисмати аъзами бозёфтҳои Тахти Сангин дар Лондон ба намоиш гузошта шудааст.

   Баъди ин ҳодиса, қиссаву ривоятҳои гуногун паҳн шуда, олимон макони дарёфти маснуотро омӯхтанд. 
 Дақиқ кардан лозим буд, ки бозёфтҳо тасодуфӣ ба ин маҳал омадаанд, ё ватани аслӣ ва офаринандагонашон аз мулки Қубодиён аст. Муқаррар шуд, ки макони бозёфтҳо соҳили рости рӯди Ому аст. Роҳнамои муҳим дар кашфи ёдгории Тахти Сангин маълумоти сайёҳ ва афсари Россияи подшоҳӣ Н. Маев буд. Ӯ дар сафарномаи худ барои пажӯҳишгарони осори бостонии давраҳои баъдина ахбори пурарзише боқӣ гузошт, ки на танҳо муҷиби дарёфти ганҷинаи нодире гардид, балки имкон дод, макони аслии «Хазинаи Амударё» — ро муайян кунанд. 
   Солҳои бистуми асри гузашта бостоншиноси маъруф Б. П. Денике пас аз омӯзиши навиштаҳои афсарону сайёҳони Россияи подшоҳӣ ба вайронаҳои ду шаҳрак мароқ зоҳир намуд.
  Бостоншиноси шӯравӣ М.Дяконов дар бораи Тахти Сангин маълумоти муҳим додааст. Аз рӯйи навиштаҳои ӯ, харобаҳои Қалъаи Утар, ки дар харитаи қарни ХIХ милодӣ зикр шудааст, ҳамин ёдгории Тахти Сангин буд. Бостоншиносон минбаъд низ аз дарёфти калиди «Хазинаи Амударё» даст барнамегирифтанд. Орзуи пайдо намудани шаҳраки замони Ҳахоманишиён бостоншиноси машҳури шӯравӣ А. М. Манделштамро соли 1956 ба Қубодиён овард. Ӯ як чоҳи таҳқиқӣ (шурф) канд, вале ҳамагӣ 20 сантиметр хато кард ва аз нодиртарин кашфиёт бенасиб монд.
   Осорхонаи Британия (аз моҳи июни соли 2007 дар ҳуҷраи 52) Ганҷинаи Амударёро намоиш медиҳад. Ин маҷмӯа аз 170 осори қадимаи тиллоӣ ва нуқрагии давраи Ҳахоманишиён (558-330 то милод) иборат мебошад, ки соли 1877 дар маҳалли бостонии Тахти Сангин дар соҳили дарёи Аму дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза ёфт шудааст. Дар коллексия 1300 танга, зарфҳо, пайкарчаҳо, дастпонаҳо, медалҳо, лавҳаҳои ёдгорӣ, ганҷҳои бошукӯҳ мавҷуданд, ки иддае аз онҳо бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакат оварда шудаанд.
   Ҳамчунин бо ибтикори Сарвари давлат, ки эҳёгари таъриху тамаддун ва ҳифзкунандаи мероси гузаштагонамон мебошанд, шаҳраки қадимаи Тахти Сангин ҳамчун мероси ғайримоддии башарият аз ҷониби Муассисаи илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО пазируфта шуд, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии мо ба шумор меравад. 

“САФО”


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019