Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БУЗУРГОН ДАР МАВРИДИ НАВРӮЗ
...Аммо сабаби ниҳодани Наврўз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рўз ва рубъе аз як шабонарўз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рўз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натвонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рўзро дарёфт, Наврўз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-у иқтидо карданд.
УМАРИ ХАЙЁМ “НАВРӮЗНОМА”
Ҷамшеди Вангахон (Анвчахон) чун бар тахт биншаст бо девон ҳарб кард ва дасти эшонро аз мардумон кутох, кард, эшонро зи ободихо барандохт ва андар дарёҳову вайронихо шуданд ва эшонро корҳои гароне фармуд, ки мардумон натавонистанд кардан. Ва осиёи сангин андар гардани девон афканд, ба руйи он нишаст ва ўро андар ҳаво бибурд ва дуо кард то Худой азза ва ҷалл гармову сармо ва беморй ва марг аз мардумон баргирад. Худои азза ва ҷалл аз некусиратии вай дуои ӯ мустаҷоб кард. Онро ҷашни Наврӯз бисохт ва девонро фармуд то конҳо кананд ва ҷавоҳирҳо берун оваранд, ба дарё фуру рафтанд ва гавҳарҳо бароварданд ва ин амал ба мардумон биёмухтанд...
АБӮСАИД АБУЛҲАЙИ ГАРДЕЗӢ “ЗАЙН-УЛ-АХБОР”
Дар аввалин рўзи ҷашни Наврўз духтарону занони пойтахт бо либосҳои абрешими обию сабз ва мардон бо ҷомахои навдӯхта дар саҳни кох чамъ шуда ба пойкубӣ ва ракс мепардохтанд. Дар дохили толори салтанатии кохи Нигористони Кисрои Анушервон, ки шаш ҳазор метр масоҳат дорад, фарши сафеди музайян ба ҷавоҳироти ҳафтранг бар кафи толор густурда шудааст. Ин фарш манзараи баҳору табиатро менамояд. Дарахтони ин фарш аз зумурад, шукуфаи дарахтон аз забарҷад ва ақиқи сафед ва ёқути сурх, муҷассамаи шутуре аз нуқраи хом ва асб аз тиллои ноб...
Дар интиҳои толор пардаи марвориддӯзе бо абрешими обӣ ва зарбафт овезон аст. Дар миёни толор бо мева ва ширинӣ ва ошомиданӣ аз шодбошгуяндагон дар Наврузи хосса ва омма борёфтагон пазироӣ мекарданд ва ромишгарон хозирони толор ва мардумеро, ки дар сахни боғ чамъ шуда буданд, ба шодмонӣ ва сурур меоварданд…
МАРСЕЛИЮС-БОЗОРГОНИ РУМӢ, ЗАМОНИ СОСОНИЁН
Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврўз гувоҳи он аст, ки ҳанўз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ағлаби тамаддунҳои мондагори башарӣ дар ҳавзаи фарҳангӣ ва ҷуғрофиёии Наврӯз пайдо шудаанд ва Наврӯз яке зеботарин ҷилваҳои муштараки тамаддунҳои аслӣ ва таърихсози башарӣ аст. Агар Наврӯз ончунон ки ҳаст, ба соири миллатҳои ҷаҳон муаррифӣ шавад, ҳамагон аз он истиқбол хоҳанд кард.
Маҳмуди Аҳмадинажод,
Собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН



