Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Оё мо воқеан хубем?
Дар яке аз гӯшаҳои Дания муҷассамае гузошта шудааст, ки марде дар об истода китоб мехонад. Сатҳи об пайваста тағйир меёбад, гоҳе поён мефарояд ва гоҳе боло меравад, то ҷое ки қариб тамоми қомати ӯро мепӯшонад. Ҳамин тағйирёбӣ ин манзараро зинда ва пурмаъно месозад.
Ба ин муҷассама нигоҳ карда, инсон нохудогоҳ ба зиндагии худ назар мекунад. Зеро мо низ дар чунин ҳолатҳо қарор мегирем. Вақте шароит мусоид аст, худро ором ва устувор эҳсос мекунем. Аммо вақте мушкилот зиёд мешавад, фишори рӯзгор зиёд шуда, вуҷудамонро нооромӣ фаро мегирад.
Бо вуҷуди ин, мо боз ҳам ҳаракат карданро идома медиҳем. Кор мекунем, масъулиятҳои ба зимма гирифтаамонро иҷро менамоем ва кӯшиш мекунем, ки аз берун ҳама чиз муназзам намоён бошад. Дар ин раванд кам пеш меояд, ки инсон ба худ гӯш диҳад ва эҳсосоти худро дарк кунад.
Мушкил дар он аст, ки инсон метавонад ба иҷрои вазифаҳо он қадар машғул шавад, ки эҳсоси зиндагӣ карданро аз даст диҳад. Дар чунин ҳолатҳо инсон оҳиста аз худ дур мешавад ва эҳсос намекунад, ки то куҷо зери фишори ҳолатҳо дармондааст.
Аз ҳамин сабаб, ҳар яке аз мо бояд гоҳ-гоҳ ба худ нигарем ва ҳолати худро дарк намоем. Савол хеле оддист, вале муҳим боқӣ мемонад, ки имрӯз мо дар кадом ҳолат қарор дорем. Аз худ бипурсем:
- Оё мо дар рӯи об ҳастем ё зери фишори зиндагӣ қарор гирифтаем?
Худатонро эҳтиёт кунед, дӯстон!
Аз ҷониби дигар, агар инсон китобро дар зиндагии худ ҳамсафари доимӣ гардонад, метавонад дар ҳар гуна мушкилот роҳу равшанӣ пайдо кунад. Зеро китоб ҳам манбаи дониш ва ҳам такягоҳест, ки инсонро дар лаҳзаҳои душвор устувор нигоҳ медорад ва ба ӯ неруи идома доданро мебахшад.
Таҳияи М. Маҳмадалиев
📷: интернет
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



