Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЛЕВАКАНТ. КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии мамлакат, дар шаҳри Левакант бунёди корхонаи истеҳсоли хишт бо маром идома дорад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ба "Сафо" иттилоъ доданд, корҳои сохтмонӣ дар корхонаи мавриди назар бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ ва риояи стандартҳои муосир бо суръат идома дошта, бо тамоми таҷҳизоти муосири хиштбарорӣ таъмин мегардад.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи нави саноатӣ, талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати сохтмонӣ таъмин гардида, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.
Аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ дидан намуда, ба масъулон ҷиҳати сари вақт ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳо додааст.
Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин иншоот дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дошта, ба рушди соҳаи саноат, зиёд гардидани иқтидори истеҳсолӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ замина мегузорад.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН



