Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Мария Старостина: «Шефтаву мафтуни Тоҷикистонам»
Тоҷикистон, ин сарзамини хуршедию биҳиштосо, макони мардумони меҳрпарвару сарбаланд, меҳмондӯсту сахӣ ҷаҳониёнро тасхиру шефтаи манзараҳои назаррабою дилфиребаш, обҳои мусаффою зулолаш намудааст.
Мария Старостина аз зумраи нафаронест, ки дасти сарнавишт ўро бо ҳамсараш ба Тоҷикистон овард. Инак 8 сол мешавад, ки бо аҳли хонаводааш дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Бохтар сукунат дорад. Соҳиби се фарзанд буда, ба тарбияи онҳо машғул аст. Лаҳзаҳои фориғ аз кору бор хомафарсоӣ мекунад ва инчунин, ба ҳунарҳои дастӣ низ рағбат дорад. Бонуи рушанзамир бо тахайюли бою рангини хеш афсонаву ҳикоя ва шеър эҷод менамояд.
- Модарам шоира аст ва салиқаи эҷодиро аз ў «мерос» гирифтаам. Модарам шахси зиндадилест, ки ба синни нафақа расида бошад ҳам, хеле пуркор аст. Ба қавли ў барои инсони комил ҳар рӯз ҳаёти наве оғоз мегардад, аз ин рӯ, дар пиронсолӣ ҳам метавон барои худ зиндагии рангину хушбахтонае фароҳам овард. «Зиндагӣ акнун оғоз меёбад» мегўяд модарам даврони баъди нафақаро дар назар дошта. Ҳолиё модарам гурўҳи овозхононро ташкил дода, машғули сурудхонӣ мебошанд ва соатҳои фориғ аз шуғлҳои писандидааш ба фаъолияти валантёрӣ машғул аст. Хулоса, шоду масрур, хушу хуррамона зисту зиндагӣ доранд...
Яъне, ин ҳамаи эҳсоси хушбин будану аз ҳар лаҳзаи зиндагонӣ лаззат бурдану нафъ гирифтанро аз модарам омўхтаам,- мегўяд Мария. - Аз овони 10-12 солагӣ ба эҷоди шеъру ҳикояҳо машғул буда, дар озмунҳои эҷодию фарҳангӣ ширкат меварзам. Соли 2017 дар Озмуни умумироссиягии «Қаҳрамонони Ғалабаи Бузург» иштирок намуда, бо медали хотиравии Вазорати маориф ва илм, Вазорати фарҳанги Федератсияи Россия сарфароз гардидам.
Мария Старостина ҳамсар ва фарзандонашро беҳтарин неъмати зиндагӣ шуморида, барои табъи хушу рўзгори пурнишот ва саодати онҳо тамоми неруи худро бахшидааст.
Дар Тоҷикистон аз охири соли 2013 инҷониб иқомат дошта, ин сарзамини биҳиштосо ва мардумони меҳмоннавози онро хело ҳам дӯст доштааст.
- Аз Россия пайвандонам ба меҳмонӣ омаданд. Бо онҳо ҷойҳои шуҳратёри Тоҷикистонро тамошо кардем. Махсусан шаҳри Душанбе, ки хеле ободу зебо ва шаҳри сарсабзу гулҳост, писанди хешу таборони мо гардид. Ба Чилучорчашмаи афсонавӣ рафта будем, манзараҳои нотакрору моҳиҳо, оби зулолу харсангҳои калони он гўё ҳамаи он бо мўқалами мусаввир болои кӯҳпораҳо тасвир карда шудааст.
Дар Тоҷикистон чунин манзараҳои беназиру дилфиреб зиёданд, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Ин муъҷизаи табиат манбаи илҳоми Мария гардида, меҳру муҳаббаташро ба Тоҷикистон зиёд намудааст ва ин диёри дилраборо дӯст дошта, аз он дил канда наметавонад...
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР



