Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дӯзандаи сермаҳсул
Бо наздик омадани баҳори нозанин тараддуди бонуи ҳунарманд Улбошой Хоҷаназарова аз ҳарвақта дида бештар ба назар мерасад. Зеро ӯ имрӯзҳо ба сохту сози коргоҳи дӯзандагии худ машғул буда, ният дорад, ки онро дар арафаи ҷашни Наврӯз мавриди истифода қарор диҳад. Бар замми ин занону духтарон барои дӯхти либосҳои миллӣ, бахусус чакан ба ин ҳунарманди чирадаст аз ҳоло дархост намудаанд.
Улбошой Хоҷаназарова, дӯзандагиро айёми мактабахонӣ аз модараш Мавҷихон Алматова омӯхтааст. Ӯ аз синфи ҳафтум инҷониб бо сӯзану ришта сарукор дорад, куртаҳои миллии занона, ҷомаю тоқӣ, курпаю болишт, қуроқу кашида ва чакану попурӣ медӯзад.
Баъд аз хатми мактаби миёна завқам ба идомаи таҳсил дар донишгоҳ зиёд буд, - мегӯяд ин бонуи ҳунарманд. - Аммо он замон аксарияти падарону модарон ба духтаронашон иҷозат намедоданд, ки дур аз деҳа, дар шаҳр хонанд. Вале ин маънои онро надошт, ки духтарон бесавод мемонанд. Баръакс волидайн ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки фарзандони худро дар рўҳияи меҳнатдӯстӣ таълиму тарбия дода, соҳибҳунар намоянд. Модари ман низ аз ҷумлаи занони чирадаст буд ва ба ҳунаромӯзӣ маҳз ӯ маро ҷалб намуд, - нақл мекунад ӯ.
Қариб бист сол мешавад, ки Улбошой Хоҷаназарова фаъолияти соҳибкорӣ дорад. Ӯ дар ин муддат ҳунари худро ба духтарону келинҳояш низ омӯзонида, онро дар беҳбудии рӯзгори оила самаранок истифода бурда истодааст. Ҳоло Улбошой либосҳои занона медӯзаду келинҳояш кӯдакона. Онҳо дар якҷоягӣ ба навхонадорон курпаю болишт, чодару рӯйпӯш, сару либосҳои арусї ва анвои дигари қуроқию гулдӯзӣ омода менамоянд.
- Дар хона тибқи фармоиш кор мекунем. Мизоҷонамон асосан занону духтарони Ҷамоати деҳоти “Норин”-и ноҳияи Ёвон мебошанд. Маҳсули дастамон дар маркази ноҳия ва берун аз он ҳам дар намоиш-фурӯшҳои ҳунармандон ҳамеша харидори худро пайдо мекунанд. Зеро аз таҳти дил заҳмат кашида, кӯшиш менамоем, ки зебоиофар бошем. Шабу рӯз ба матоъҳои рангоранг сӯзан зада, чизе меофарем, ки писанди дигарон бошад, - иброз менамоянд ӯ.
Улбошой Хоҷаназарова дар ин баробар бо бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия ҳамкории зич дошта, бо ташкил намудани курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ба занону духтарони деҳот дӯзандагиро меомӯзонад. Ӯ то ин вақт беш аз 150 нафар бонувони ноҳияи Ёвонро ба касбомӯзӣ ҷалб намуда, ҳамаи онҳоро соҳибҳунар намудааст. Ҳоло бошад, ҳамаи онҳо дар коргоҳу хонаҳояшон мустақилона фаъолият доранд.
-Дар ҳар деҳа хоҳишмандонро ба ҳам оварда, бо иштироки 10-15 нафар бонувон давраҳои омӯзишии ройгон ташкил мекунем. Шавқу рағбати занон, бахусус ҷавондухтаронро дида, рағабати худам низ ба такмили таҷрибаам меафзояд. Аксарияти онҳо мехоњанд ин ҳунарро омӯзанд. Баъд аз хатми давраи омӯзишӣ ба шогирдон аз ҷониби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия шаҳодатнома дода мешавад, - илова намуд ҳунарманд.
Ин ҳунарманди сермаҳсул мегӯяд, ки касбу кораш дар беҳбудии рӯзгор ёрирасон буда, зиндагии хубу осоиштаро фароҳам овардааст. Ба гуфтаи вай дӯхти як либоси занона вобаста ба тарҳу ороишаш аз 40 то 150 сомонӣ аст. Аз ин лиҳоз Улбошой Хоҷаназарова мехоҳад фаъолияти худро боз ҳам рушд бахшида, бо бунёди сехи дӯзандагӣ дар ноҳияи Ёвон 15 нафар занону бонувони ҳунармандро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, саҳми худро дар ободонии як гӯшаи диёр гузорад.
-Ман пеш аз ҳама миннатдории худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерсонам, ки нисбат ба занону духтарон ғамхорӣ зоҳир намуда, пайваста моро дастгирӣ менамоянд. Хушбахтона моҳи августи соли гузашта бо мақсади рушди фаъолияти ҳунармандиам 10 ҳазор сомонӣ гранти Куматаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварда, мошинаҳои дарздӯзӣ харидорӣ намудам. Илова бар ин аз бонқ қарзи боимтиёз гирифта, сохтмони коргоҳи дӯзандагиро вусъат бахшида истодаам. Рӯзҳои наздик якчанд адад мошинаҳои гуногуни дӯзандагӣ харида, боз ҳам кӯшиш мекунам, ки бо натиҷаҳои хуби меҳнатӣ фаъолиятамро идома диҳам, - зикр менамояд У. Хоҷаназарова
Таърихи муваффақияти ин дӯзандаи моҳир бори дигар собит сохт, ки касбу ҳунар инсонро ба қуллаи мурод расонида, ӯро миёни ҷамъият сарбаланду соҳибэҳтиром менамояд.
МУҲАББАТ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД



