Бойгонӣ

Мароми мо – хизматрасонии хуб

Дар шароити имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ ва рушди бемайлони иқтисодиёт баробари нақлиёти автомобилӣ истифодаи нақлиёти роҳи оҳан бисёр муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро роҳҳои оҳан нақлиёти маҷмӯавиест, ки бо истифодаи ҳамагуна воситаҳои техникӣ барои кашонидани борҳои гуногун ва мусофирон хеле қулай ва фоидаовар аст. Атрофи ин ва дигар масоили вобаста ба фаъолияти соҳа суҳбате доштем бо муовини сардори Хадамоти боркашонии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон Музаффар Муъминов. 

-Ба ҳайси мутахассиси варзида, ки 40 сол боз дар ин ҷода фаъолият доред, хуб мешуд оид ба таърихи сохтмони роҳҳои оҳан маълумот медодед.
  Сохтмони роҳҳои оҳан таърихи беш аз 200 сола дошта, таҷрибаи бунёди роҳи оҳан аз соли 1824 аз Олмон ибтидо ёфта, соли 1825 дар Британяи Кабир, соли 1830 дар ИМА ва соли 1837 дар Русия оғоз гардидааст. Дар роҳи оҳан нахуст паровозҳои камиқтидору серхарҷро истифода мебурданд. Баъдтар таҷҳизоти техникӣ ва ташкили ҳаракати  қатораҳо дар роҳҳои оҳан тағйир ёфта, сифатан хеле беҳтар гардид. Баъдан, аз соли 1926 дар мамлакати Иттиҳоди Шӯравӣ электрикунонии роҳҳои оҳан оғоз гардид. Роҳҳои оҳан  асосан  камбар (750-1000 мм)  ва паҳнбар (1520 мм) сохта мешаванд. Аз ҷумла, сохтмони роҳи оҳани камбар дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аҳамияти зиёд дошт.
    Охири солҳои 20-ум ва оғози солҳои 30-юми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд хатҳои роҳи оҳани камбар сохта, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд. Сипас, аз соли 1932 сохтмони роҳи оҳани Қўрғонтеппа-Панҷи Поён бо дарозии 105 км ба итмом расид, ки он дар бунёди канали Вахш нақши ҳалкунанда гузошт. Дар арафаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз пойтахти ҷумҳурӣ (аниқтараш аз ноҳияи имрӯзаи Рӯдакӣ) тавассути ағбаи Фахробод то шаҳри Қўрғонтеппа (имрӯза шаҳри Бохтар) роҳи оҳани камбар сохта, дар соли 1941 ба истифода дода шуд, ки дарозии он 123 киллометрро дар бар мегирад. Дар солҳои мудҳиши ҷанг ба воситаи роҳи оҳан аз водии Вахш ба шаҳри Душанбе ҳазорҳо тонна борҳои муҳими кишоварзӣ, саноатӣ ва дорои аҳамияти стратегидошта кашонида шуд. Дар солҳои 1950-ум бошад, бо дарназардошти рушди саноату кишоварзӣ ва мустаҳкам шудани иқтисодиёти хоҷагиҳои коллективӣ роҳҳои оҳани камбар аҳамияти бештар пайдо кард. Ҳамин тариқ, вобаста ба моҳияти иқтисодӣ аз соли 1955 хатти роҳи оҳани камбар аз шаҳри Қўрғонтеппа то шаҳри Кӯлоб давом дода шуд. Ба воситаи ин роҳи оҳан 25 шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишвар ба пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе пайваст мешуд.
Роҳи оҳани  паҳнбар бошад, соли 1974 ба шаҳри Қўрғонтеппа имрўза Бохтар оварда шуд. 24-ноябри соли 1974 дар  арафаи ҷашни 50- солагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон роҳи оҳани васеъбари Тирмиз- Қўрғонтеппа- Ёвон як моҳ пеш аз муҳлат сохта, ба истифода дода шуд.
-Мегуфтед, ки Хадамоти боркашонии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Хатлон соли сипаришудаи 2021-ро аз рӯйи кадом натиҷаҳо ҷамъбаст намуд?
    -Мавриди зикр аст, ки масоҳати умумии роҳҳои оҳан дар ҳудуди вилояти Хатлон 350 километрро ташкил медиҳад. Бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1999 дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  роҳи оҳани васеъбари Қўрғонтеппа- Данғара кушода шуд. Дар соли 2002 ин хатти роҳи оҳан то шаҳри Кӯлоб расонида шуд ва аз соли 2018 ин роҳ бо шоҳроҳи Душанбе- Ваҳдат –Ёвон пайваст карда шуд.
    Кормандони Хадамоти боркашонии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”  дар минтақаи Хатлон соли 2021-ро бо натиҷаҳои хеле хуб ҷамъбаст намуда, хусусан, дар самти боркашонӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуд.
   Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, интиқоли саривақтии маҳсулоти кишоварзӣ тавассути нақлиёти роҳи оҳани минтақаи Хатлон тамоми чораҳои имконпазир андешида шуд.
   Бо дарназардошти талаботи рӯзафзун барои содироти молу маҳсулот, алалхусус маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ тариқи нақлиёти роҳи оҳан ҳамасола сабукиҳо пешниҳод карда мешавад. Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи истгоҳҳои минтақаи Хатлон то истгоҳи Амузанг (Тирмизи Узбекистон) барои содироти ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ 90 фоиз сабукӣ пешниҳод карда шудааст.
    Ҳамзамон дар доираи вохӯриҳои намояндагони КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва  Узбекистон аз ҷониби ҶС “Узбекистон темур йуллари” тавассути қитъаи роҳи оҳани “Хошоди-Амузанг-Келес” барои содироти пиёзи барвақтӣ 60 фоиз сабукӣ (тахфиф) пешниҳод шуда, муҳлати интиқоли он аз 120 соат ба 72 соат кам карда шудааст.
   Тибқи нишондодҳо дар соли 2021 тавассути ҳамаи истгоҳҳои роҳи оҳани Хатлон бо маблағҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва аз ҷониби соҳибкорон 3180 тонна пиёз содирот карда шуд. Ҳамчунин, дар ин давра, тавассути роҳҳои оҳани Хатлон 76 қатора нахи пахта (3,713 тонна нахи пахта), 260 тонна семент ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.
   -Фаъолияти Хадамоти боркашонии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”  дар минтақаи Хатлонро дар самти хизматрасониҳои мусофиркашонӣ чӣ гуна арзёбӣ менамоед?
   -Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза, ки нархҳои сӯзишворӣ- дизелӣ, газ ва бензин хеле боло рафтааст, мусофиркашонӣ тавассути қатораҳо хеле арзон ва қуллай аст.   Тавассути хатсайри Душанбе- Ваҳдат- Ёвон-Бохтар- Кӯлоб дар як ҳафта ду маротиба (чоршанбе- панҷшанбе, шанбе-якшанбе) ҳаракати қатораҳои мусофиркаш ба роҳ монда шудааст. Нархи роҳкирои Душанбе- Кӯлоб 15-сомонӣ мебошад, ки ин дар муқоиса ба дигар нақлиёти мусофиркашонӣ хеле арзон аст.
   Бо ҳамин хатсайр ҳаракати қатораҳои мусофиркашро ба самти Ҷалолиддини Балхӣ- Шаҳритус (стансияи Хошодӣ ) тӯли 6 моҳ ба роҳ мондем. Дар ин самт ҳам ҳаракати қатораҳо ҳафтае 2 маротиба ташкил карда шуда буд, аммо баъдан бо сабаби кам будани мусофирон ин хатсайр баста шуд. Аҳолии минтақаи Бохтар нисбати минтақаи Кӯлоб хеле зиёд аст. Бинбар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтарро зарур аст, ки дар ҳалли ин мушкилот бо КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон ” мусоидат намоянд, зеро истифодаи роҳҳои оҳан ҳам ба манфиати мардум ва ҳам ба фоидаи корхонаи мо мебошад.
Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш гуфта буданд, ки: “Роҳҳои оҳан омили пешрафти иқтисодиёт, рушди фарҳанг, равобити тиҷоратӣ ва аз байн рафтани маҳдудиятҳои маҳаллӣ мебошад”.
  -Кишвари мо аз ҷиҳати захираҳои об ва истеҳсоли “энергияи сабз”, яъне қувваи барқ дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол менамояд. Яъне, мо дорои манбаҳои бузурги қувваи барқ  мебошем ва нархи сӯзишвории дизелӣ бошад дар бозори ҷаҳонӣ хеле боло рафтааст. Ба андешаи шумо дар ояндаи наздик ҳаракати электропоезд (яъне “қатораи барқӣ” )-ро дар роҳҳои оҳан ба роҳ андохтан манфиатовар нест?
  - Оре,  соли гузашта тибқи шартнома дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Узбекистону Тоҷикистон 21-декабри 2021 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид  намуданд: “Бо мақсади ба тағйирёбии иқлим мутобиқ гардонидани иқтисоди миллӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат воридоти нақлиёти барқӣ ба кишвар, яъне  электромобилҳо, электробусҳо, тролейбусҳо ва монанди инҳо аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод карда шаванд ”
   Бо мақсади зудтар амалӣ сохтани ин иқдоми саривақтию муҳим мебояд, ки пеш аз ҳама ба Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нақлиёт” ва Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе тағйиротҳо дароварда шавад. Масалан, ворид кардани маҳфумҳои нав, аз қабили электромобил, электробус, электропоезд (ё “қатораи барқӣ”).
    Итминон дорам, ки ҷиҳати дар оянда татбиқ гардидани иқдомҳои пешгирифтаи Роҳбарияти олии мамлакат дигар мутахассисону донишмандони соҳа фикру андешаҳои худро иброз хоҳанд дошт. Ҳамзамон бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифта дар ин самт бо истифодаи донишу тадбирҳои судманди Вазорату идораҳои дахлдор ва рӯйи кор омадани ташаббусу навовариҳои муосир хатти роҳҳои оҳани кишвар электриконида мешаванд.
  -Ташаккур барои суҳбати самимӣ.

Мусоҳиб Аъзам Бобоев


Похожие новости:
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019