Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Қурбон Ҳакимзода: Ҳиссаи вилояти Хатлон дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас аст.
14-уми феврали соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода баргузор гардид, ки дар ҷараёни он намояндагони воситаҳои ахбори оммаи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.
-Новобаста аз буҳрони молиявӣ, паҳн гардидани бемории СОVID- 19 дар аксар давлатҳои ҷаҳон нақша, дурнамо ва барномаҳои дар асоси чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияву тасдиқшуда соли 2021 дар вилояти Хатлон бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст шуда, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят пешравиҳои муайян таъмин гардиданд,- зикр намуд Қурбон Ҳакимзода
Зикр гардид, ки дар ин давра мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва заҳматкашони вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгардида сидқан меҳнат намуда, дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд.
Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки ҳиссаи вилояти Хатлон дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ назаррас аст. Тибқи таҳлили нишондиҳандаҳо 27,3 фоизи ҳаҷми маҷмӯи дохила, 26,3 фоизи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, 52 фоизи ҳачми маҳсулоти умумии кишоварзӣ, аз ҷумла 65,1 фоизи истеҳсоли ғалладонагиҳо, 59,6 фоизи сабзавот, 78,8 фоизи полезӣ, 48,7 фоизи мева, 40,5 фоизи фоизи ангур, 69,4 фоизи пахта, 56,7 фоизи гӯшт, 50,8 фоизи шир, 41,3 фоизи саршумори чорвои калон, 41 фоизи чорвои майда, 24 фоизи ба истифодадиҳии фондҳои асосӣ, 20,6 фоизи гардиши моли чакана, 14,6 фоизи ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ, 32 фоизи ҳаҷми боркашонӣ ва 15,8 фоизи мусофиркашониро ташкил медиҳад.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, вокуниш ба матлабҳои танқидӣ ва назари мансабдорон ба он, рушди саноат, тарбияи кадрҳо аз ҳисоби бонувону ҷавонон, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, бо ваксина фаро гирифтани аҳолӣ, ифтитоҳи иншооти нав, бунёди тутзорҳои нав ва рушди пиллапарварӣ ва дигар паҳлуҳои масъалаҳои ҳалталаб пурсон шуданд.

Раиси вилоят ба суолҳои журналистон посухҳои мушаххас дода, ба рӯзноманигорон барои ҳамкорӣ изҳори сипос намуд. Дар охир як қатор намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ, инъикоси саривақтӣ ва касбии дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят, фаъолияти самарабахши эҷодӣ ва ҳамкории хубу пурмаҳсул бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Сипосномаи раиси вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
«Сафо»
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


