Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Дар масири “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”
Мусоҳиба бо Сурайё Ализода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав
- Нахуст оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав маълумот медодед.
- КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав фаъолияти худро дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва барномаҳои ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва роҳбарияти олии ҲХДТ, ки аз ҳидоятҳои Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегирад, ба роҳ монда давоми як соли охир ба дастовардҳои муҳиме ноил гардидааст. Бо дарназардошти сиёсати пешгирифтаи давлат ва ҳам ҳадафҳои роҳбарияти олии ҳизб, ки таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар амал татбиқ шуда истодааст, мо ҳизбиён ҷалби таваҷҷуҳи мардумро ба корҳои ободониву созандагӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти худ дониста, дар ин росто афзоиши сафи аъзоёни ҳизбро аз ҳисоби ҷонибдорону дигар сокинони худогоҳи ҷомеа муҳим мешуморем.
Айни замон дар ноҳияи Носири Хусрав 46 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ба қайд гирифта шуда, шумораи аъзоёни ҲХДТ ба 2900 нафар мерасад, ки аз ин теъдод 1655 нафарро бонувон ташкил медиҳанд ва аз ҳисоби умумӣ 1767 нафари аъзоёни ҳизбро ҷавонон ташкил медиҳанд. Давоми як соли охир 360 нафар сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ба сафи ҲХДТ пайвастаанд.
- Лутфан мегуфтед, ки дар доираи иҷрои нақша –чорабиниҳои омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатӣ ва ҳамзамон ҳадафҳои вобаста ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” фаъолони ҳизб дар ноҳияи Носири Хусрав чӣ ташаббусҳо нишон додаанд?
- Дарвоқеъ, давоми се соли амалӣ гардидани ташаббусҳои бузурги ободониву созандагӣ симои кӯчаву маҳаллаҳои ноҳияи Носири Хусрав ҳусни бештар пайдо кардаанд. Дар ин давра бо ташаббусу дастгирии фаъолону аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва якчанд синфхонаҳои иловагӣ сохта, муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту ашёи таълимӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шудааст. Инчунин, бо дарназардошти талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ба муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби фаъолони ҳизб як боғчаи бачагона аз таъмир бароварда, барои тарбиятгирандагони он маҳсулоти ғизоӣ таъмин намудем.
Дар ин давра, бо ташаббуси аъзоёни ҲХДТ дар ҳудуди 10 деҳаҳои ноҳия 36 километр роҳҳо ва кӯчаҳои дохилии деҳаҳо сангфарш ва 12 километр мумфарш карда шуда, дар ҳамдастӣ бо сокинон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фирӯза 3 пули вайрона таъмир карда шуда, 2 пули одамгузар сохта ба истифода дода шуд. Дар Ҷамоати деҳоти Наврӯз бошад 2 пули калони мошингузар аз нав таъмир карда шуд. Ҳамчунин, бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ва дастгирии аъзои ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, соҳибкор Бердиев Мумин дар деҳаи Олтинсой Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия чоҳи амудӣ кофта шуда, ба сокинон оби тозаи ошомиданӣ бароварда шуд.
Илова ба корҳои ободонӣ давоми як соли охир фаъолони ҳизб бо ҷалби сокинон, бахусус, ҷавонони ноҳия тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона дар тозаву озода намудани кӯчаву маҳаллаҳо саҳми худро мегузоранд.
- Тибқи натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят соли сеюм мешавад, ки шумо дар самти ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба нашрияҳои ҳизбӣ мақоми пешоҳангиро сазовор мегардед. Хуб мешуд аз таҷрибаи омӯзандаи худ дар ин самт каме иттилоъ медодед?
- Барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мутолиаи матбуоти даврӣ пеш аз ҳама, ташкили вохўриҳои воқифгардонӣ ва дигар чорабиниҳои ташвиқотӣ – тарғиботӣ нақши муҳим бозиданд. Дар ин ҷода, саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ниҳоят зиёд аст, ки пайваста миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, моҳияти обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳоро ба аҳолӣ фаҳмонида метавонанд. Итминони комил дорам, ки баъди се чаҳор соли дуруст ба роҳ мондани чораҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт, минбаъд сокинон мустақиман ба нашрияҳои дӯстдоштаи худ обуна хоҳанд шуд. Аз сӯи дигар, мо ҳизбиёнро мебояд, ки тариқи бештар ба роҳ мондани чорабиниҳои маърифатӣ ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи насли ҷавон ба мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва адабиёти бадеӣ саҳми бештар гузорем.
- Ба андешаи шумо барои беҳбудии ҳаёти сокинон ва таъмини зиндагии шоиста кадом аз мушкилу масъалаҳои мавҷударо бояд дар мадди аввал ҳаллу фасл намуд?
- Коркарди заҳбуру заҳкашҳо ва барқарор намудани истгоҳи насосҳои обкаш аз масъалаҳои умдаи ноҳия ба ҳисоб меравад. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем, бинобар мавқеи ҷуғрофӣ пасобҳои канали “Бешкент” дар ҳавзи табиие ҷамъ мешаванд, ки солҳои пешин оби ин ҳавзро тавассути насосҳои обкаши калон барои обёрии заминҳои кишоварзии ноҳия истифода мебурданд. Аммо бинобар ба иқтидори лозима кор накардани насосҳои обкаш солҳои охир оби ҳавз зиёд шуда, боиси баланд шудани обҳои зеризаминии ҳудуди деҳоти атроф гардидааст. Вазъияти ба амаломада натанҳо ба ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад, балки бар асари баланд шудани обҳои зеризаминӣ манзилҳои сокинон низ нам гирифта истодааст . Барои бартараф намудани мушкилоти мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба Вазорату идораҳои дахлдор борҳо муроҷиат намудааст. Ҳамчунин, вобаста ба ин масъала аъзои ҳизб ва собиқадори меҳнат Абдумуродов зимни як вохурӣ бо иштироки роҳбарияти Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъаларо ба миён гузошта буд. Хулоса, барои барқарор намудани истгоҳи обкашии мазкур маблағи зиёд лозим меояд ва дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағгузории иловагӣ эҳтиёҷ дорад.
Мусоҳиб Юсуфи Собир, ноҳияи Носири Хусрав
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



