ФЕСТИВАЛИ ТАОМҲОИ ЛАЗИЗ

   Биринҷ баъд аз гандум муҳимтарин зироат ба ҳисоб меравад. Мутахассисони соҳаи тиб хосияти шифобахшии биринҷро таъкид намуда, онро дар таркиби ғизои парҳезӣ тавсия медиҳанд. Таркиби биринҷ аз витаминҳо ва микроэлементҳои калтсий, калий, оҳан, фосфор, синк ва дигар минералҳо бой аст. Истеъмоли хӯрокҳое, ки аз биринҷ омода мегарданд, барои пешгирии бемориҳои саратонӣ мусоидат менамояд. Истеъмоли биринҷ кори рӯдаю меъдаро муътадил гардонида, моддаҳои нодаркорро аз организм берун мекунад.

Дар маркази вилоят-шаҳри Бохтар намоиш-фестивали биринҷ ва шолӣ баргузор гардид. Кишоварзони вилоят ба намоиш беҳтарин навъҳои бинринҷ, ки дар вилоят парвариш мегарданд, гузошта буданд. Дар тарафи дигари майдони Исмоили Сомонии шаҳр ошпазон аз 25 шаҳру навоҳии вилоят ба пухтани оши палав машғул буданд. Ҳар таббох кӯшиш менамуд, ки бо истифода аз маҳсулоти тару тоза, сабзию, биринҷ, сирпиёз, лимӯ, биҳӣ, зираву мавиз, қаланфур ва дигар анво маҳорати пазандагии худро намоиш диҳанд, оши лазиз омода намоянд. Дар чорабинӣ намудҳои гуногуни оши палав, ки бо завқу маҳорати махсус ороиш дода шуда буданд, пешкаши ҳакамон, меҳмонон ва дигар сокинони шаҳр гардонида шуд. 

Фестивал-намоишро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ намуда, ба кишоварзону иштирокчиёни фестивали мазкур ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинӣ баҳои баланд дод. Аз ҷумла зикр гардид, ки вилояти Хатлон вилояти аграрӣ буда, барои кишоварзӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд аст. Шоликорӣ дар вилоят асосан аз солҳои 80-уми асри гузашта рушд намудааст. То имрӯз майдони шолӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 10,5 ҳазор гектар ва ҳаҷми истеҳсол наздик ба 47 ҳазор тонна расонида шудааст. 

Оши палав аз хӯрокҳои маъмули мо-тоҷикон аст. Маъракаҳо, ҷашнҳо бе пухтани оши палав намегузаранд. Кадбонуҳо аз навъҳои беҳтарини биринҷ палавҳои гуногун омода мекунанд. Палав хӯроки писандидаи мардуми мост. Вақте ба хона меҳмон меояд, ҳатман барои иззати меҳмон оши палав мепазанд, ки аз баланд будани мақоми палав ё «шоҳ»-и хӯрокҳо будани он дарак медиҳад. Бояд зикр намуд, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардидааст.

Кумитаи тадорукоти Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ чорабиниро ҷамъбаст намуда, беҳтарин шолипарварон, беҳтарин оши палавпазонро муайян ва ғолибон бо мукофот ва сипосномаҳои раиси вилояти Хатлон сарфароз гардонид. Барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани Фестивали мазкур ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои вилоятӣ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба гирифтани мақоми аввал, ноҳияи Ҳамадонӣ ҷойи дую м ва ноҳияи Дӯстӣ ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Инчунин дар ҷамъбасти озмуни «Оши палав» ноҳияи Ёвон ҷойи аввал, Бохтар ҷойи дуюм, Данғара мақоми сеюмро касб намуданд. Аз рӯи номинатсияи «Шоликори беҳтарин» Ашӯров Парвиз, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бахтиёр» аз ноҳияи Хуросон, Муҳаммадиев Искандар, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Самар» ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Азимов Раҳмон, хоҷагии деҳқонии «Шамшод» ноҳияи Фархор шоликорони беҳтарин дониста шуданд. Худойбердиев Умед, роҳбари хоҷагии деҳқонии «Умед», ноҳияи Дӯстӣ барои кишти навъи шолии беҳтарин, ҳосилнокии баланд бо мукофот ва сипосномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Ҳамчунин барои ороиши зеботарин дастархон ва табақи оши палав ноҳияҳои Темурмалик, ноҳияи Вахш ва ноҳияи Кӯшониён ноҳияҳои Шаҳритуз, Восеъ, ва Ҷайҳун барои иштироки фаъолонаашон дар чорабинӣ, ошпазони беҳтарин Муъминов Алӣ аз ноҳияи Носири Хусрав, Гурезов Қурбон аз ноҳияи Панҷ бо мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Ташкили чунин чорабиниҳо барои рушди соҳа, тарғиби дастовардҳои соҳаву таҷрибаи пешқадам, афзун намудани ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳавасмандии шолипарварон мусоидат хоҳад кард.


Л. МИРЗО
Добавить комментарий