Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Номваре аз “Шерози сонӣ”
Лоиқ Собиров мутолиаи асараҳои бузургони адабиёти тоҷику форсро барои ҳар нафар гулшани адаб шуморида, панду андарз, ҳикояву достон ва шеъру ғазалҳои пурмазмуни онро ба чароғи шаб ташбеҳ медиҳад.
Ин аст, ки ӯ бо хондан ва аз бар намудани 30 асари бадеӣ, насри ривоятиву таълифии адабиёти классикӣ, зиёда аз 100 ғазал, 130 рубоӣ, 100 байт қитъа, 150 байт достону маснавӣ ва беш аз 100 байт аз дигар навъҳои шеърӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҳамчун унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав фаъолона ширкат варзида, як ҷаҳон маънӣ бардоштааст.
-Дар соли якум ва дуюми баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар факултаи филологияи тоҷик ҷонишини декан оид ба таълим будам ва устодону донишҷӯёнро ҳамеша даъват ба он мекардам, ки дар ин сабқати зеҳнӣ бо омодагии хос иштирок карда, номи факулта ва донишгоҳро дар арсаи ҷумҳурӣ баланд бардоранд, - иброз медорад Лоиқ Собиров - Вақте ки соли гузашта дар озмуни мазкур як зумра донишҷӯёну устодони мо иштирок намуда, ғолибият ба даст оварданд, ки хеле хурсандибахш буд ва аз ҳамон лаҳза барои омодагӣ ва ширкат дар ин озмуни бонуфуз оташаке дар дилам шуъла зад, - мегӯяд устоди донишгоҳ.
Лоиқ Собиров барои иштирок дар озмуни мазкур номинатсияи адабиёти классикиро интихоб кард. Зеро ӯ аз замони мактабхонию донишҷӯӣ ва оғози фаъолияти омӯзгориаш то ба имрӯз ба мутолиаи асарҳои назмию насрии адибони гузашта шавқу рағбати бештар дошта, гулчини онҳоро аз худ намудааст.
Лоиқ мегӯяд, ки заминаи хуб барои иштирок дар озмунро дошт. Ӯ асарҳои зиёди бадеӣ, аз ҷумла “Самаки айёр”, “Синбоди Ҳаким”, “Ҷомеъ-ул-ҳикоёт”, “Ёдгори зарирон”, “Дарахти асурӣ” ва даҳҳо намунаҳои осори гузаштагонро хонда буд ва бо эълон гардидани озмуни имсола ӯ аввал китобҳои қаблан мутолианамудаашро такрор карда, илова ба онҳо боз дигар адабиёти бадеӣ, шеъру ғазал, достону ҳикоя, қитъа, маснавӣ, тарҷеъбанду таркиббанд ва дигар навъҳои шеъриро аз худ карда, тибқи низомнома омодагӣ дид.
-Осори таълифӣ ба монанди “Гулистон”-и Саъдї Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Хористон”-и Маҷди Ҳамгард, ки дар пайравӣ ба “Гулистон”-и Саъдӣ навишта шудааст ва он аз 16 боб иборат аст, “Сафарнома”-и Носири Хусрав, “Сиёсатнома”, “Наводир-ул-вақоеъ“-и Аҳмади Дониш, “Баду-ул вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ва дигар асарҳои насри таълифиро аз худ намуда, барои пешниҳод ба ҳайати ҳакамони озмун ҳамаи онҳоро бо тартиб ба рӯйхат гирифтам, - таъкид мекунад иштирокчии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”.
Ин омӯзгори факултаи филолияти тоҷик мегӯяд, ки дар даври донишгоҳии озмун устодон бо онҳо аз рӯи номинатсияи интихобнамудаашон ба таври кофӣ саволу ҷавоб намуда, бо гирифтани ҷойи аввал миёни унвонҷӯён, аспирантон, ходимони илмӣ ва намояндагони касбу кори гуногун барои иштирок дар марҳилаи баъдӣ роҳхат доданд. Ин боис шуд, ки Лоиқ Собиров омодагии боз ҳам бештар дида, дар даври шаҳрӣ ҳам ҷойи якумро ишғол намояд. Серталабии ҳайати ҳакамон ӯро водор кард, ки аз болои худ кор карда, ба марҳилаи сеюми Озмун низ иштирок намояд.
Лоиқ Собиров кӯшиш мекард, ки аз даври якум ба дуюм ва аз вилоятӣ ба ҷумҳуриявӣ, ки миёни ҳар кадом фурсати муносиб барои такмили донишу аз бар намудани асарҳои мутолианашуда буд, боз ҳам омодагиашро ба озмун бештар намуда, комёбиро ба даст орад. Ӯ то марҳилаи ниҳоии озмун, ки қариб як сол вақт буд, илова бар талаботи Низомнома китобҳои дигарро низ хонд.
-Албатта дар даври ҷумҳуриявии Озмун мисли дигар иштирокчиён маро ҳаяҷону изтироб фаро гирифта буд. Зеро рақобат онҷо бо намояндагони ҳамаи минтақаҳои кишвар сурат мегирифт. Дар ҳайати ҳакамон низ олимону устодони барҷаста ва нафароне шомил буданд, ки асарҳои зиёд зери муаллифӣ ва ё таҳрири онҳо нашр шудаанд. Дар назди чунин устодони сухан воқеан ҳам баромад кардан осон набуд, - таъкид мекунад Л.Собиров.
- Масалан “Самаки айёр”-ро, ки дар нашри пешина аз ҳафт ҷилд иборат аст ва имрӯз онро дар ду ҷилд чоп кардаанд, ман қисми аввалашро хонда будам, ки он зиёда аз нуҳсад саҳифаро дар бар гирифта, садҳо қаҳрамон дорад. Ҳайати ҳакамон онро аз ҳар паҳлу мепурсиданд ва ман посух мегуфтам. Вақте ғазалҳоро қироат мекардем, бинобар он, ки ман ҳамчун унвонҷӯ иштирок мекардам аз таркиби онҳо аз санъати бадеӣ, луғат ва ғайра мепурсиданд, ки баъзан саросема мешудам ва баъзан донистаҳоямро омехта мекардам, ки дар чунин озмунҳои бонуфуз фикр мекунам ҳолати табиӣ аст.
Лоиқ Собиров бар он бовар аст, ки ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба иштирокчиёну ғолибони озмуни мазкур мукофоти моддӣ медиҳад, балки он тамоми қишрҳои ҷомеаро ба китобхонӣ тарғиб намуда, барои баланд бардоштани маънавиёти мардум саҳми муносиб мегузорад. Устоди донишгоҳ дар ин маврид аз осори пурэъҷози гузаштагонамон мисол оварда, зикр менамояд, ки навиштаҳои бузургони адабиёт саршор аз панду андарз ва нуру сафо буда, ба инсон роҳи ростро нишон медиҳад.
Ҳамчунин ӯ иброз медорад, ки аз ҳар маоши моҳонаи худ барои ғановати маънавии аҳли оилааш китоб мехарад. Бахусус он асарҳоеро, ки тарбиявианд барои фарзандонаш дастрас мекунад, то онҳо низ аз панду андарз ва ҳикоёту зиндагии бузургони илму фанн баҳравар гарданд.
Лоиқ Собиров мегӯяд, ки бо иштироки худ дар Озмун завқи китобхонии кӯдаконашро зиёд намуд. Ба гуфтаи вай вақте онҳо қадршиносии падари худро аз телевизион диданду аз эҳтироми ҷомеа нисбат ба китобхонон огоҳ шуданд, муҳаббаташон ба илму дониш боз ҳам бештар шуд. Аслан ишқи китобхонӣ дар худи ин оила ҳаст. Зеро пайвандони Лоиқ Собиров аз азал китобхон буданду ӯро низ дар ҳамин масир тарбия намудаанд.
-Падарам ҳарчанд дар мактаб хуб мехондааст, аммо ба ӯ муяссар намегардад, ки донишҷӯ шавад. Ӯ китобхону шеърдӯст аст. Ба ҳамин хотир бисёр мехост, ки ман ба факултаи забон ва адабиёти тоҷик дохил шаваму орзуи ӯро амалӣ намоям. Ва ҳамин тавр ҳам шуду имрӯз ӯ аз ин меболад, - қайд намуд Л.Собиров.
Ин ғолиби озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз зодгоҳи шоирону нависандагони маъруф- деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ аст. Ба гуфтаи вай дар замони Шӯравӣ ин деҳаро “Шерози сонӣ” мегуфтанд. Зеро дар ин русто Ғоиб Сафарзода ба камоли шоирӣ расидааст, нависандаи халқӣ Абдулҳамиди Самад парвариш ёфтааст, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Шоҳҳайдар Ёдгорӣ, Нозилҷон Ёдгорӣ, Сипеҳри Ҳасанзода, Садриддин Ҳасанзода ва якчанд адибон аз обу хоки ин диёр ба авҷи камолот расидаанд.
Лоиқ ном доштани қаҳрамони матлабамон ҳам бе ҳикмат нест. Зеро падар худ аз овози ҷавонӣ маърифатпарвар буду номи шоири зиндаёдро бо ҳавас ба фарзанди худ гузоштааст.
Ҳоло Лоиқ Собиров ният дорад, ки мавзӯӣ рисолаи илмиашро, ки доир ба “Хусусият, ғояи бадеии маснавии “Туҳфатул аҳрор”-и Абдураҳмони Ҷомӣ ” аст, ба анҷом расонида, дар тарбияи шогирдон саҳм бигирад.
Амонҷон Маҳкамов
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР
Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ”
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД
Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда
Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад