Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ ҶАШНИ САДА
Оид ба пайдоиш ва густариши таърихи ҷашни пуршукӯҳи Сада маълумоти фаровоне мавҷуд бошад ҳам, вале бо таассуф бояд хотирнишон кард, ки то кунун ҷиҳатҳои маросимии он, таъсири минбаъдаи рамзҳои ҷашни мазкур ба анъанаҳои халқҳои ориёӣ, аз ҷумла аврупоён, ба таври бояду шояд таҳлил ва таҳқиқ нашудааст.
Расму оинҳои қадима бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, аз қабили Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Меҳргон ва ғайра таҷассум ёфтаанд.
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини зардуштӣ 5000 сол пеш мавҷуд буд. Дар оини зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он- гулхан афрӯхтан, дар гирди он базм оростан ҳанӯз ҳам дар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷаммуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошад ва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд.
Дар сарчашмаҳои муътамад, аз ҷумла дар фарҳанги «Ғиёс-ул-луғот» - омадааст: «Дар форсӣ номи ҷашне аз ҷашнҳои муғон, ки ба рӯзи даҳуми моҳи баҳман бошад» , бинобар маълумоти Абдулҳай Гардезӣ (аз «Зайн-ул-ахбор»), ки сабаби Сада ном ниҳодаи ҷашнро «миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне 50-рӯзу 50-шаб».
Ҳамчунин муаррихон ва алломаҳои гузашта, аз ҷумла Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-боқия», Гардезӣ дар «Зайн-ул-ахбор», Ибни Миска- вайх дар «Таҷриб –ул-умум» - оиди таърих ва бунёди ҷашни Сада маълумот овардаанд. Ҳакими Тусӣ дар достони «Ҳушанг» боби махсусеро бо унвони «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада», эҷод кардааст. Таърихнигори замони Сомониён Муҳаммади Наршахӣ хабар медиҳад, ки дар Бухоро бо номи «Шаби Сурӣ»- оташи калоне фурўзон карда мешуд ва он ҷашни Садаро хотирнишон мекард. Ба ақидаи муаррих Е.Э. Бертелс ороиши арчаи солинавӣ, танҳо дар асри XVII дар Аврупо маълум гашт, инъикоси ҳамон дарахти ҷашнии Сада мебошад.
Ин ҷашн дар замони Ҳахоманишиҳо ва Сосониёну Сомониён хеле густариш ёфта, ба дигар кишварҳо бо роҳи муомилоти савдои Роҳи абрешим паҳн мегардад.
Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳманмоҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Мардумон дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленица” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти бадастомада иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Давлаталӣ АЛИМОВ,
доктори илмҳои таърих, дотсент
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД